Абулҳасани Симҷурӣ – сипаҳсолоре, ки таваҷҷуҳ ба илму адаб доштааст

Абулҳасани СимҷурӣМуҳаммад ибни Иброҳим ибни Абиумрон соли таввалудаш номаълум аст. Сипаҳсолори Хуросон дар аҳди Сомониён. Абулҳасани Симҷурӣ маҷмуан наздик ба сӣ сол дар мақоми сипаҳсолории ҳукумати  Хуросон буд. То замони интихоби ӯ ба вазифаи шаҳнагии Нишопур соли 954 дар девони Бухоро фаъолият дошт. Пас аз қатли Бакр-сипаҳсолори Хуросон, мақоми сипаҳсолорӣ насиби Абулҳасани Симҷурӣ гардид.

Аммо сиёсати ӯ чандон бомуваффақият набуд ва дар андак муддат аз вазифа сабукдӯш шуд. Дар охирҳои давраи Абдумалик ибни Нуҳ бо ҳимояти вазир Абуалии Балъамӣ соли 961 Абулҳасани Симҷурӣ дубора ба мақоми сипаҳсолорӣ расид ва фармон гирифт, ки бо Абумансур Абдураззоқи Тусӣ набард кунад. Пас аз саркӯбӣ ва қатли Абумансур Абулҳасани Симҷурӣ вориди Нишопур шуд ва наздик ба бисту як сол сипаҳсолор ва волии Хуросон буд. Зоҳиран, дар ин навбат вай тавонист бо тағйири сиёсат оромишро дар Хуросон барқарор ва мавқеияти хешро ҳифз кунад.

Абулҳасани Симҷурӣ дар ин муддат тавонист бо талоши хеш ва бо ҳамкории вазирон Абуҷаъфари Утбӣ ва Ибни Амид миёни Оли Буя ва Сомониён соли 972 сулҳ эҷод намояд. Ин сулҳ бар нафъи амири сомонӣ буд. Бар мабнои ин қарордод Оли Буя пазируфт, ки солона маблағи 150 000 динор ба Мансур ибни Нуҳ бипардозад.

Тадриҷаи байни амир Нуҳ ва Абулҳасани Симҷурӣ дар мавзӯи интихоби вазири нав ихтилоф ба миён омад. Амир Нуҳ бар хилофи назари Абулҳасани Симҷурӣ Абулҳусайни Утбиро ба вазорат гумошт. Миёни Утбӣ ва Абулҳасани Симҷурӣ низ зиддият ба вуҷуд омад. Вазир фармони азли Абулҳасани Симҷуриро содир намуд. Пас аз азли ӯ Абулаббоси Тош ба мақоми сипаҳсолорӣ гумошта шуд.

Пас аз чанде дар як моҷаро вазир Абулҳусайни Утбӣ ба қатл расид ва вазорат ба ӯҳдаи Абулҳусайни Музнӣ вогузор шуд. Вазири нав Бодғис ва Ганҷи Рустоқро ба Абулҳасани Симҷурӣ тақдим намуд, вале аз умури давлатӣ барканор кард.

Баъди ба вазирӣ расидани Абдуллоҳи Узайр бори сеюм Абулҳасани Симҷурӣ сипаҳсолори Хуросон таъйин гардид ва то охири умр сипаҳсолори Хуросон буд.

Абулҳасани Симҷурӣ сиёсатмадори дурандеш, кордон, ҳушёр ва дар музокироти сиёсӣ тавоно буд. Равобити ӯ бо умаро ва волиёни Сомониён мусолиматҷӯёна сурат мегирифт. Вай аз таҷриба ва дониши дабирон ва омилҳои девон  ба хубӣ истифода мекард.

Гурӯҳи таърихнигорон аз таваҷҷуҳи Абулҳасани Симҷурӣ ба олимон ва донишварон, аҳли адаб ва шеър ва ташкили маҷлисҳои илмию адабии ӯ дар дарбор сухан гуфтаанд. Як идда шоирони аҳди Сомонӣ дар васфи Абулҳасани Симҷурӣ мадҳияҳо сурудаанд.

Абулҳасани Симҷурӣ таваҷҷуҳи хосе бар таъсиси биноҳои иҷтимоӣ (корвонсаройҳо, масҷидҳо ва ғайра) доштааст. Абулҳасани Симҷурӣ ба истиқрори қудрати худ ва истимрори нуфузи хонадони хеш дар Хуросон нақши босазое дошт.

Баъд аз марги ӯ амири сомонӣ фарзанди Абулҳасани Симҷурӣ – Абуалии Симҷуриро вазир таъйин кард.

Ў соли 989 дар Нишопур аз дунё гузашт.

Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2011. – Ҷ.1. – С. 88-89.

Таҳияи Муин Рубаев,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ