Қабули довталабон ба зинаҳои таҳсили аспирантура ва доктор PhD дар Китобхонаи миллӣ

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабонро барои дохил шудан ба зинаҳои таҳсили баъдидипломии аспирантура ва доктор фалсафа PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) аз рӯйи ихтисосҳои“китобшиносӣ”, “китобхонашиносӣ” ва “библиографияшиносӣ” мутобиқ ба шохисҳои 05.25.03 ва 6D011001, даъват менамояд.
Машғулиятҳои таълимӣ пурра дар Китобхонаи миллӣ мегузаранд ва ба довталабондонишмандон, олимони соҳа ва кормандони илмии Китобхона дарс мегӯянд.
Хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар ба Маркази таҳсилот ва инноватсияҳоикитобдории Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи5-уми бинои Китобхона ё ба телефонҳои 2210618, 987620064 ва ё почтаи электронииmuhsin2704@mail.ru муроҷиат намоянд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31.08.2026муқаррар гардидааст.
Суроға: ш. Душанбе, н. Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Теҳрон-5.
Маркази таҳсилот ва инноватсияҳоикитобдорӣ
НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ АСПИРАНТУРА:
НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОКТОР PhD:
Ариза ба номи директори Китобхонаи миллӣ (бо ризоияти сардори маркази таҳсилот);
Нусхаи шиноснома;
Нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замиаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
Сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будани (TOEFL ва ғайра);
Мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
Рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯйи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
Маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;
Расми андозаи 3х4, 6 дона.