Қабули стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо ташаббуси Пешвои миллат

Зехни сунъӣ (AI) яке аз падидахои муҳимми асри 21 ба шумор меравад, ки дар тамоми соҳахҳои ичтимоию иқтисодӣ аз ҷумла маориф, тандурустӣ, саноат ва идоракунии давлатӣ, таъсири мусбат мерасонад Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии муносибатҳо, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои рушди устувори кишвархҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷумхурии Тоҷикистон бо кабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 сентябри соли 2022, №483) ният дорад, ки ба яке аз кишварҳои пешсаф дар ин самт мубаддал гардад.

Стратегияи мазкур бо максади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ саноатикунонии босуръати кишвар таҳия шудааст. Он ба рушди технологияҳои ракамӣ, барномасозӣ, истифодаи логарифмҳо дар қабули қарорҳо ва идоракунии давлатӣ афзалият медиҳад. Ҳадафи асосии Стратегия расонидани даромади зеҳни сунъӣ ба 5% маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то соли 2040 мебошад. Инчунин, Стратегия ба таъмини соҳаҳо бо технологияҳои пешрафтаи иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии ахолӣ ва рушди неруи зеҳнӣ нигаронида шудааст.

Аз нигохи хукукӣ. Стратегия зарурати ташаккули заминаӣ қонунгузориро барои танзими муносибатҳои марбут ба зеҳни сунъӣ таъкид мекунад. Ин замина бояд ҳифзи ҳуқуқӣ шаҳрвандон, амнияти иттилоотӣ ва шаффофияти истифодаи технологияҳоро таъмин намояд. Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон як қадами муҳим дар роҳи саноатикунонӣ ва рақамикунонии кишвар аст.

Дар Ҷумхурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии зеҳни сунъӣ ҳанӯз дар марҳалаи ташаккул қарор дорад. Айни замон, ягон қонуни мушаххас дар бораи зеҳни сунъӣ вуҷуд надорад, ки муносибатҳои марбут ба онро танзим кунад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, ба монанди Қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва Консепсияи ташаккули ҳуқумати электронӣ барои солҳои 2012-2020 танҳо ба таври умумӣ ба рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои электронӣ дахл доранд

Баъзе мушкилоти асосии ҳуқуқӣ, ки дар рохи амалисозии Стратегия монеа эчод мекунанд, инхоянд:

Номукаммалии қонунгузорӣ: Набудани қонуни махсус дар бораи зеҳни сунъӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда

Норасоии кадрҳо: Камбуди мутахассисони ҳуқуқшинос, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ тахассус дошта бошанд.

Масъалаҳои ахлокӣ ва амниятӣ: Хавфи истифодаи нодурусти зеҳни сунъӣ, аз ҷумла вайронкунии махфияти маълумот ва ҳуқуқи шахс.

Мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ: Заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ҳанӯз ба стандартҳои байналмилалии зеҳни сунъӣ мутобиқ карда нашудааст.

Баъзе кишварҳои пешрафта, ба монанди ИМА, Чин ва Иттиҳоди Аврупо, аллакай қонунҳо ва стратегияҳои мушаххаси зеҳни сунъиро қабул кардаанд. Масалан, Иттиҳоди Аврупо дар соли 2021 «Регламенти зеҳни сунъӣ»-ро пешниход кард, ки истифодаи зеҳни сунъиро аз руи сатҳи хавфнокӣ ба категорияҳо ҷудо мекунад. Чин бошад ба рушди зеҳни сунъӣ бо дастгирии давлатӣ ва сармоягузории бузург диққат медиҳад, вале танзими ахлоқии онро низ мустаҳкам кардааст. Тоҷикистон метавонад аз ин таҷрибаҳо истифода бурда, заминаи ҳуқуқии худро бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ такмил дихад. Масалан, таҳияи қоидаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар хидматрасониҳои давлатӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ метавонад аз таҷрибаи ИА бардошта шавад.

Стратегия якчанд вазифаи муҳимми ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад, ки барои таъмини амалисозии он заруранд:

Ташаккули заминаи ҳуқуқӣ: Таҳияи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зеҳни сунъӣ» барои муайян кардани асосҳои танзими давлатӣ.

Ҳифзи ҳуқуқӣ шахс: Таъмини амнияти итгилоотӣ ва махфияти маълумот ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ

Мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ: Ҳамроҳшавӣ ба конвенсияҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ.

Тиҷоратикунонии зеҳни сунъӣ: Таҳияи қоидаҳои баҳогузории арзиши объектҳои зеҳни сунъӣ барои идоракунӣ ва тиҷорат.

Ин вазифахо барои эътимоднокӣ, шаффофият ва баробарҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошанд.

Барои амалисозии Стратегия таҳияи санадҳои зерини меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст:

ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зеҳни сунъӣ»; Ин қонун бояд мафумҳо, принсипҳо ва механизмҳои танзими зеҳни сунъиро муайян кунад Масалан, он метавонад истифодаи зеҳни сунъиро дар соҳаҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин масъулият барои вайронкуниҳоро танзим намояд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавчуда: Масалан, ба Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани ҳуқуқӣ моликият ба натиҷаҳои зеҳни сунъӣ ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои истифодаи нодурусти технологияҳо.

Қоидаҳои ахлокӣ: Таҳияи кодекси ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ барои пешгирии хавфҳои марбут ба вайронкунии ҳуқуқӣ инсон.

Стратегия зарурати таъсиси Шурой зехни сунъй ва муайян кардани мақоми ягонаи ваколатдорро таъкид мекунад. Ин мақом метавонад Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ки бояд бо салоҳиятҳои мушаххас таъмин гардад. Вазифаҳои асосии мақоми ваколатдор инҳоянд: ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар самти зеҳни сунъӣ, назорати риояи қонунгузорӣ дар истифодаи технологияҳо; таҳияи пешниҳодҳо барои такмили заминаӣ ҳуқуқӣ.

Тахлили SWOT-и Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели он аст, ки он дорои ҷанбаҳои қавӣ, заиф, имкониятҳо ва таҳдидҳо мебошад

Тарафҳои қавӣ:

1. Мавҷудияти ташаббусҳои давлатӣ барои рушди зеҳни сунъӣ. Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 31 01 2025, №83) нишон дод, ки ба рушди технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аҳамияти махсус медиҳад. Ин ташаббусҳо тавассути таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон эълони солҳои 2020-2040 ҳамчун бистсолаи омузиши фанҳои дақиқ ва баргузории озмунҳои илмӣ, ба монанди «Илм фуруғи маърифат», дастгирӣ меёбанд. Ин иқдомҳо барои ташаккули муҳити мусоид ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳаи зеҳни сунъӣ мусоидат мекунанд

2. Аҳолии ҷавон, ки барои омӯзиши технологияҳои нав омода аст. Тибқи омори давлатӣ, тақрибан ду се ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон то 30-сола мебошанд, ки ин омили муҳим барои омода кардани кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи зеҳни сунъӣ аст. Насли ҷавон ба технологияҳои рақамӣ майли зиёд дошта, барои азхудкунии барномасозӣ, омӯзиши мошинӣ ва дигар унсурҳои зеҳни сунъӣ омодагии хуб нишон медиҳад. Ин захираи инсонӣ метавонад барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақобатпазирии Тоҷикистон дар минтақа мусоидат кунад.

3. Заминаи ибтидоии инфрасохтори ракамӣ. Дар Точикистон аллакай пойгоҳи ибтидоии инфрасохтори рақамӣ мавчуд аст, ки барои ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ замина фароҳам меорад. Масалан, барномаҳои «Шаҳри бехатар» дар Душанбе, низоми биллингӣ дар Хуҷанд ва Душанбе, инчунин таъсиси озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар соли 2019 бо дастгирии Бонки Исломии Рушд нишонаи ин пешрафтҳост. Ин замина имкон медиҳад, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ марҳала ба марҳала дар соҳаҳои гуногун татбик гарданд.

Тарафҳои заиф:

1. Номукаммалии қонунгузорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ. Яке аз мушкилоти асосии амалисозии Стратегия норасоии заминаи ҳуқуқии мукаммал барои танзими муносибатҳои марбут ба зеҳни сунъӣ мебошад. Ҳанӯз ягон қонуни махсус дар бораи зеҳни сунъӣ қабул нагардидааст ва санадҳои мавчуда, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», танҳо ба таври умумӣ ба рақамикунонӣ дахл доранд. Ин норасоӣ метавонад ба мушкилот дар ҳифзи ҳуқуқӣ шахс, амнияти иттилоотӣ ва танзими ахлоқии технологияҳо оварда расонад.

2. Норасоии мутахассисони ҳуқуқшинос дар ин самт. Дар Тоҷикистон шумораи ҳуқуқшиносоне, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ тахассус доранд, хеле маҳдуд аст. Ин мушкилот боиси он мегардад, ки таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати риояи онҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ шавад. Норасоии кадрҳои ҳуқуқӣ инчунин ба татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт монеа эҷод мекунад.

3. Сатҳи пасти тиҷоратикунонии на натиҷаҳои зеҳни сунъӣ. Гарчанде дар Тоҷикистон барномаҳои зеҳни сунъӣ, ба монанди таъминоти барномавии «Скоринг» дар низоми бонкӣ, истифода мешаванд, сатҳи тиҷоратикунонии натиҷаҳои онҳо паст боқӣ мемонад. Набудани механизмҳои баҳогузории арзиши объектҳои зеҳни сунъӣ ва заминаӣ ҳуқуқии тиҷоратикунонӣ боиси он мегардад, ки ин технологияҳо дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ пурра истифода нашаванд. Ин омил афзоиши иқтисодии кишварро аз ҳисоби зеҳни сунъӣ маҳдуд мекунад

Имкониятҳо:

1. Ҳамкори бо созмонҳои байналмилалӣ барои такмили қонунгузорӣ. Тоҷикистон метавонад аз ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ, Бонки Исломии Рушд ва Иттиҳоди Аврупо, барои такмили заминаӣ ҳуқуқии зеҳни сунъӣ истифода барад Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки стандартҳои байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ ворид гарданд ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқӣ моликияти зеҳнӣ ва амнияти иттилоотӣ мустаҳкам шаванд.

2. Ҷалби сармояи ҳориҷӣ барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши талаботи ҷаҳонӣ ба технологияҳои зеҳни сунъӣ, Тоҷикистон метавонад сармояи хориҷиро барои таъсиси паркҳои технологӣ, марказҳои инноватсионӣ ва озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ ҷалб намояд. Масалан, дастгирии грантии Бонки Исломии Рушд барои таъсиси озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар соли 2019 намунаи муваффақи ин ҳамкорӣ аст. Чунин сармоягузориҳо метавонанд барои рушди инфрасохтор ва омода кардани кадрҳо мусоидат кунанд.

3. Истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта. Кишвархои пешрафта, ба монанди ИМА, Чин ва Иттиҳоди Аврупо, дар танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ таҷрибаи бой доранд Масалан, «Регламента зеҳни сунъй»-и Иттиҳоди Аврупо метавонад ҳамчун намуна барои таҳияи қонунҳои миллӣ истифода шавад. Инчунин, таҷрибаи Чин дар ҷалби сармоя ва дастгирии давлатӣ барои рушди зеҳни сунъӣ метавонад барои Тоҷикистон муфид бошад. Истифодаи ин таҷрибаҳо ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки хавфҳои марбут ба амалисозии технологияҳоро кам карда, самаранокии Стратегияро баланд бардорад.

Тахдидҳо:

1. Хавфи фирори «аклҳо» ва норасоии кадрҳои баландихтисос. Фирори «аклҳо» яке аз таҳдидҳои диддӣ барои рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон аст Мутахассисони соҳибихтисос, аз ҷумла барномасозон ва муҳандисони омузиши мошинӣ, бо сабаби музди пасти меҳнат ва набудани шароити мусоиди корӣ кишварро тарк мекунанд. Ин раванд метавонад боиси норасоии кадрҳои баландихтисос гардад, ки барои амалисозии Стратегия муҳиманд.

2. Рақобати минтақавӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ. Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказй, ба монанди Қазокистон ва Узбекистон, низ ба рушди зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Рақобати минтақавӣ метавонад ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва мутахассисон монеа эчод кунад, Тоҷикистон бояд бартариҳои рақобатии худро, ба монанди аҳолии ҷавон ва ташаббусҳои давлатӣ, истифода барад, то дар ин рақобат пешсаф бошад.

3. Хавфҳои марбут ба амнияти иттилоотӣ ва махфияти маълумот Истифодаи зеҳни сунъӣ бо хавфҳои марбут ба вайронкунии махфияти маълумот ва амнияти иттилоотӣ алоқаманд аст Масалан, истифодаи нодурусти технологияҳо дар хидматрасониҳои давлатй ё бахши хусусӣ метавонад ба вайронкунии ҳуқуқӣ шахс оварда расонад. Дар шароити набудани қонунгузории мукаммал, ин хавфҳо метавонанд ба эътимоди ҷомеа ба технологияҳои зеҳни сунъӣ таъсири манфӣ расонанд.

Барои муваффақияти Стратегия тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

Таҳияи қонуни махсус: То соли 2026 қабули Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи зеҳни сунъӣ» барои муайян кардани чаҳорчубаи ҳуқуқии истифодаи технологияҳо.

Ҳамкории байналмилалӣ: Ҳамроҳшавӣ ба созмонҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ барои мутобиқ кардани стандартҳои миллӣ

Омузиши кадрҳо: Роҳандозии барномаҳои омузишӣ барои ҳуқуқшиносон дар соҳаи зеҳни сунъӣ.

Таъмини амнияти иттилоотӣ: Таҳияи қоидаҳои махсус барои ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ.

Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дурнамои мусбатеро барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, амалисозии он бидуни заминаӣ мустаҳками хукукӣ ғайриимкон аст. Таҳияи қонунҳои махсус мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ барои муваффақияти Стратегия муҳим мебошанд. Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи ҷахонӣ ва захираҳои дохилӣ метавонад дар ояндаи наздик ба яке аз кишварҳои пешсаф дар соҳаи зеҳни сунъӣ мубаддал гардад.

МАНБАЪ: Сангинзода Дониёр Шомаҳмад: “Пешвои миллат-Асосгузори ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон”. Душанбе, 2025

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,

сармутахассиси Медиатекаи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Теги: