Абӯтайиби Тоҳир – мақомсарои варзида аз Бухоро

Абӯтайиби Тоҳир (Абӯтайиб ибни Абдуллоҳ ибни Тоҳир тав.861, Марв, ваф. 913, Бухоро) – мусиқидони тоҷик-форс, суханвар ва донишманд. Аз донандагони мактаби мусиқии классикии замони Сомониён буда, асосҳои назарии шеъру мусиқиро назди Абулаббоси Сарахсӣ (ваф.899), Аҳмади Сарахсӣ (ваф.901), Абулаббоси Бахтиёр (ваф.920) ва дигарон омӯхтааст.

Дар мактаби классикии Бухоро аз асосҳои назарии мусиқии тоисломии эрониён ва шарҳу тафсири осори мусиқии Батлимус, Уқлидус, Никомахус, Аристоксен дарс гуфта, дар тарҷумаю тафсири осори мусиқии онон нақши муҳим дошт.

Абутайиби Тоҳир пиромуни назария ва таърихи мусиқӣ таълифоти назарии «Китобу-л-одобу-л-ғиноъ» («Китоб дар одоби суруд»), «Китоб фи ал нағам» («Китоб дар бораи нағмаҳо») ва ғайра нигошта, назди аҳли таҳқиқ пазируфта шуда, дар ин рисолаҳояш мусиқиро чун илм ва ҳунари бадеӣ тавсифи илмӣ додааст.

Осори Уқлидусу Фишоғурасро тарҷума ва тафсири саҳеҳ (Ибни Надим, Ибни Абуусайбия) намуда, дар навиштаҳояш волоияти осори мусиқии замони Борбад (Сосониён) зимни далелҳои мӯътамад натиҷагирӣ шудааст (Ибни Надим, Ибни Абуусайбия).

Дар рисолаи «Китоб фи ал-нағам» илова ба шарҳу баррасӣ, инчунин оид ба маҷмӯи силсилавии «Хусравонӣ» (Борбад), шаклу жанрҳои шеърию мусиқии «ҷома» (чикомак), «суруд» (срут), «патвожа», «паҳлавиёт», «равошинҳо», «тарона», (транак) тафсироти ҷолибе додааст. Аз навиштаҳои Абутайиби Тоҳир мусиқидонони баъдӣ (Форобӣ 870-952, Ибни Зайла ваф. 1048) дар ҷараёни таҳлилу баррасии мусиқӣ истифодаи зиёд намудаанд.

Матлаби бештарро метавон аз ин манбаъҳо пайдо кард:

Ибни Надим, Ал-феҳрист, Теҳрон, 1348:

Ибни Абуусайбия, Уйюну-л-анбаъ….. Теҳрон, 1346:

Раджабов А. К. истории тадж. Муз.культуры в 9-10 вв.  (дар китоби: Абуали Ибн Сино и его эпоха, Душ.,1980):

Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душ., 2000.

МАНБАЪ: “Донишномаи Шашмақом”. Душанбе, соли 2009.

Китоби мазкур аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар (Борбад) зери назари донишманди маъруфти тоҷик Кароматулло Олимов нашр шудааст.

Хоҳишмандон метавонад бо ин китоб дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

Таҳияи  Руҳафзои Ҳасанзод,
корманди шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.