“Адаб” ғаввоси моҳири уқёнуси илму адабу маърифат
Шумораи чоруми маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва таълимию маърифатии “Адаб” дар соли 2025 дастарси хонандагон гашта, инак ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ расид.
Маҷалла чун ҳамеша аз бахшҳои хеле ҷолибу пурмазмун тартиб дода шудааст: “Аз Рӯдакӣ то имрӯз”, “Ганҷи шойгон”, “Машриқу Мағриб”, “Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон”, “Кошонаи меҳр” ва “Ҷаҳони андеша”-ву “Арзишдоварӣ”.
Дар саҳифаи аввали маҷалла суханони мутафаккир ва нависандаи Империяи Рум – Лукиан дар бораи Ватан оварда шудааст, ки бисёр саривақтист. На! На танҳо саривақтӣ! Аниқтараш, Ватан ва мавзӯи Ватан ҳамешаву ҳамеша пойдор асту аввалдараҷа.
Дар бахши “Аз Рӯдакӣ то имрӯз” аз Ҷалол Холиқии Мутлақ матлабе оварда шудааст бо унвони “Аҳаммияти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”. Дар зимн, Ҷалол Холиқии Мутлақ нависанда, забоншинос, эроншинос ва шоҳномпажӯҳест, ки кори асосии таҳқиқотиаш дар бахши Шоҳнома ва ҳамосасароӣ дар Эрон аст. Дӯстдорони фарҳанги Эрон Холиқии Мутлақро бузургтарин шоҳномпажӯҳ медонанд, зеро ба ақидаи эшон Холиқии Мутлақ тавонист беҳтарин тасҳеҳи Шоҳномаро ироа кунад. Муаллиф кӯшидааст “дар шарҳи бархе аз аҳамиятҳои ин китоб, он чиро, ки бояд дар ҳазор сафҳа гуфт, дар чанд саҳифа хулоса” намояд. Ҳамчунон қайд мекунад, ки ин матолибест дар ҳадди як ёдоварӣ. Нигоранда матолиби худро ба нӯҳ қисмат ҷудо карда, ки ҳар яки он паҳлӯи хосеро баррасӣ мекунад.
Агар дар қисмати ““Шоҳнома” ва мифулужӣ” Ҷалол Холиқии Мутлақ аз нахустин бахши Шоҳнома, ки ҳудуди панҷ ҳазор байташ таърихи мифулужии Эрон аст, сухан рондаву аҳамияти аслии онро дар посухи суоли “Чаро мардумон он ҷаҳони биҳиштинро, ки дар он сармову гармо, гуруснагию қаҳтӣ, ҷангу беморӣ, зиштию нотавонӣ ва пирию марг набуд, аз даст доданд?” ҷӯё шуда бошад, пас дар бораи русуми кишвардориву оинҳои идорӣ ва дарборӣ ё маросимҳои хонаводагию иҷтимоӣ, баргузории ҷашнҳои миллии Наврӯз ва Меҳргон, ё худ дар бораи табақаҳои иҷтимоиву машғулиятҳои гуногун, дар бораи бархе аз донишу фанҳо чун пизишкӣ, нуҷум, мусиқӣ ва шеър дар Эрони қадим, Шоҳнома маъхази асосӣ аст, ки қисмати ““Шоҳнома” ва таърих” моро раҳнамоӣ мекунад.
Ҳамчунин “Шоҳнома” ва фарҳанги бостон, “Шоҳнома ва адабиёти паҳлавӣ, “Шоҳнома” ва фарҳанги Эрони исломӣ, “Шоҳнома“ ва забони форсӣ; “Шоҳнома“ ва адабиёти форсӣ; “Шоҳнома“ ва ҳунари шоирӣ; “Шоҳнома” ва миллияти эронӣ мутобиқ ба мавзӯъҳо маълумот медиҳад.
Чанд матолиби дигаре ба монанди “Файзи суҳбати соҳибдил” аз Нурбахши Ҷаҳонгир, “Чанд сухан аз боби шахсият ва осори Эшони Шоҳӣ” аз Саидмурод Шарифов, “Иртиботи устод Фарзона бо Шайх Камоли Хуҷандӣ” аз Шоира Олимова дар бахши “Аз Рӯдакӣ то имрӯз” ҷой шуда, ки хеле ҷолибанд.
Нурбахши Ҷаҳонгир сухане чанд аз Саидмурод Шарифови 84 сола, собиқадори кори матбуот ва ихлосманди маҷаллаи “Адаб” гуфтааст. Ин пири равшанзамир, ки ҳар як шумораи маҷалларо бо меҳру ихлоси зиёд мутолиа мекунад, “солҳои охир бештар ба мутолиаи осори ахлоқии ниёгон машғул аст”. Дар баробари мутолиаи ҳар як китоб, Саидмурод Шарифов камбуд ва нуқси мураттибону мусаҳҳеҳонро сабт мекунад. Аз осори ниёгонамон абёти зиёдеро медонаду дар ҳар лаҳзаи муносиб ба хушӣ истифода менамояд. Ӯ худ мураттиби чандин китоби ахлоқиву тарбиятӣ буда, китобҳои зиёдеро таҳти назари борикбину қалами таҳрираш таҳия намудааст, ки дар идома аз китоби тозамураттаби ин марди рӯшанфикр “Эшони Шоҳӣ ва намунае аз ашъори ӯ” барои хонандагон пешкаш гаштааст.
Дар идома матлаби Саидмурод Шарифов “Чанд сухан аз боби шахсият ва осори Эшони Шоҳӣ” аз осори гаронбаҳои ин шахсият ва шоири мумтозу орифи номвар намунаҳо оварда шудааст.
Маро сад бор куштӣ, эй маҳи чобуксавор, охир,
Надидам чеҳраатро ман даме, эй гулъузор, охир.
Ҳазорон бор ҷон додам ба уммеди майи лаълат,
Надидам ҷуръае бар лаб зи лаъли обдор, охир.
Гумон мекунам, қироати чунин абёти равону ширин ҳар хонандаи маҷаллаи “Адаб”-ро лаззатбахш аст.
Матлаби дигари қисмати “Аз Рӯдакӣ то имрӯз” “Иртиботи устод Фарзона бо Шайх Камоли Хуҷандӣ” аз Шоира Олимова мебошад. Докоранти (PhD)-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Олимова Шоира аз бозёфтҳои нодири эҷодиёти шоири навпардоз Фарзона ва баҳои баланд додани донишмандон ба эҷодиёти ин бонуи навгаро сухан мекунад. Роҷеъ ба эҷодиёти Фарзона андешаҳои адабиётшиносону донишмандон ва шоирони варзидаву шинохтаро оварда, ғазалҳояшро бо унвонҳои “ояти ишқ”-у “тӯмори муҳаббат” ёд мекунад. Зуҳури симои Камоли Хуҷандӣ ва ҷойгоҳу нақши Хоҷа Камолро дар ашъори Фарзона дар самтҳои 1) муҳаббатномаҳои устод Фарзона ба Хоҷа Камоли Хуҷандӣ; 2) пайравиҳои устод Фарзона ба Шайх Камоли Хуҷандӣ баррасӣ намудааст, ки бо овардани байтҳо аз ҳар ду шоир хеле ҷолиб аст.
Қисмати дигар “Ганҷи шойгон“ аст, ки дар худ “Сирати фалсафӣ”-и Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва “Ҳикоёти занони порсо ва покдоман”-и Муҳаммад Авфиро ҷой додааст.
“Сирати фалсафӣ” аз арабӣ ба форсӣ тарҷумаи Аббос Иқболи Оштиёнӣ буда, дар таҳияи Аҳмад Ҳоҷизодаи Мадрушкатӣ оварда шудааст. Бояд гуфт, ки ин ду матлаб хеле пурмуҳтаво буда, дар баёни маънӣ ба ин хубӣ оҷизам ва агар иброз дорам, ки мутолиаи он афзалияти беш дорад, хато намекунам.
Дар идома ҳаминро гуфтаниям, ки мураттибону таҳиясозандагони маҷаллаи “Адаб”-ро аҳсану офарин ва сипосгузорем, зеро заҳмат мекашанду ҷавҳари сухану маърифатро барои мо аз ҳар ганҷе дастрас менамоянд. Ин заҳматест басо пурарзиш.
Дар “Ҳикоёти занони порсо ва покдоман” чанд ҳикоя аз “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт”(боби 23, қисми 3)-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ оварда шудааст. Ин ҳикоёт андар ситоиши зани порсо саропо ҳикмату маънист, ки бо мутолиаашон аз хазинаи маонӣ ганҷе ба даст хоҳӣ дошт.
Дар пасманзари ин матлаб гуфторе зери унвони “Чанд ҳарфе аз муҳаббат” ҷойгир шудааст, ки Муҳаммадиқболи Нуъмониён таҳиягар ва мутарҷими маводи пешкашгашта аст.
Ин ҷо мерасем ба қисмати навбатӣ: “Машриқу Мағриб”. Дар ин қисмат Абдунозим Ғафуров дар робита бо Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон», ки маҷаллаи “Адаб” маҳсули ин нашрия мебошад, маълумот додааст. Ташкилоти мазкур нашри китобҳоро аз силсилаи “Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон”, “Достони донишварон” ва “Ҷаҳони андеша” роҳандозӣ намуда, дар маҷмуъ беш аз бист китобро тарчума, таҳия ва чоп кардааст. Муаллиф дар мақолаи хеш “Нашри осори Лев Толстой ба забони тоҷикӣ дар замони истиқлол” дар хусуси нашри китобҳои дар силсилаи «Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон» чопшуда “Маҳкуми бегуноҳ”, “Марги Иван Илич”-и адиби маъруфи рус Лев Николаевич Толстой ва асари нависандаи фаронсавӣ, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт Ромен Роллан таҳти унвони “Зиндагии Толстой”, ки мансуб ба силсилаи «Достони донишварон» мебошад, сухан гуфтааст.
Муаллифи пешгуфтор ва мураттиби маҷмӯаи “Маҳкуми бегуноҳ” номзади илми филология Шодӣ Шокирзода буда, дар он муҳимтарин саҳнаҳои рӯзгор, зиндагинома, осор, фаъолияти иҷтимоии Толстой, муносибати ӯ ба Шарқ, ҷоизаи Нобели адабиёт, осори Лев Николаевич ба забони тоҷикӣ ва махсусиятҳои “Маҳкуми бегуноҳ” ба таври муфассал мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Лев Николаевич Толстой, ки аз овони кӯдакӣ бо шунидани афсонаҳои форсиву арабӣ аз забони бобояш Лев Степанович шефтаи Шарқ гарша буд, тули умраш ба таъриху фалсафа, адабиёту санъат, одобу русум, таълимоти ахлоқӣ ва дини мардумони Эрон, Туркия ва Ҳиндустон алоқамандии зиёд дошт. Нависанда зимни навиштани осори пурарзиши эҷодиаш борҳо ба фарҳанги Машриқзамин ва забони арабӣ, адабиёти форсу тоҷик рӯ овардааст. Мураттиби китоби “Маҳкуми бегуноҳ” номзади илми филология Шодӣ Шокирзода буда, дар пешгуфтори ктоб ин ҷанбаи эҷодиёти нависандаи забардастро ба се давра ҷудо намудааст, ки Абдунозим Ғафуров ин нуқтаҳоро ба хонанда басо рӯшан баён месозад.
Муҳаққиқ Шодӣ Шокирзода доир ба нашри осори Толстой ба забони тоҷикӣ мулоҳиза ронда, қайд менамояд, ки аввалин тарҷума ва таҳқиқи осори Лев Толстой ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданаш ба забони халқҳои Осиёи Миёна ва Қавқоз оғоз ёфтааст. Аҷибаш ин аст, ки нахустин намунаи асарҳои Лев Николаевич дар Самарқанд ба хонандагони тоҷик барои хониши синфҳои дуюми мактаби ибтидоӣ пешкаш гардидааст. Дар мавриди тарҷумаи ин ҳикояҳо муаллиф андешаҳои мутарҷими маъруф Раҳим Ҳошим ва маълумоти ҷолиберо рӯнамоӣ карда, роҷеъ ба тарҷумаи осори ин нависандаи нобиға аз тарафи мутарҷимони тоҷик сухан гуфтааст. Қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи ҳикояҳои дар ин китоб ҷамъоварда дорои ҷанбаи қавии инсондӯстӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ва меҳру вафо буда, пешгуфтори он ҷаҳони маъниву маърифати амиқро барои хонандагон ифшо месозад.
Повести дигари мансуби “Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон” “Марги Иван Илич”-и Лев Николаевич Толстой мебошад, ки аз сарнавишти инсони маъмулие ҳикоят мекунад. Ин повест дар Эрон бештар аз даҳ маротиба аз тарафи мутарҷимони гуногун тарҷума ва чоп шудааст. Аҳли илму адаби Тоҷикистон ҷиҳати ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп нагаштани ин асари дорои рӯҳияи оқилона изҳори таассуф доштанд. Ин аст, ки бо ибтикори сардабири маҷаллаи “Адаб”, номзади илми филология Шодӣ Шокирзода тарҷумаи форсии асар ба забони тоҷикӣ баргардон ва чоп гардид ва асари Л.Н.Толстой “Марги Иван Илич” бори аввал соли 2021 дар тарҷумаи Аҳмади Гулшерӣ пешкаши ҳаводорони илму адаб гардид. Боиси хушнудист, ки метавон ин тарҷумаро нахустин нусхаи “Марги Иван Илич” ба забони тоҷикӣ гуфт, зеро мураттиб ҳангоми омода намудани асар бо истифода аз матни аслии он тарҷумаи вожаву ибороти арабиасосро қиёс намудаву кӯшиш ба харҷ додааст, то ин калимаҳоро бо муодилҳои муносиби забони модариамон иваз намояд. Ба ин маҷмӯа ба ҷуз повести мазкур, ба ҳайси замима ду нақду баррасӣ илова шудааст, ки яке ба қалами адабиётшиноси эронӣ Алиризо Маҷидӣ ва дуввуми ба қалами донишманди маъруфи амрикоӣ Лайонел Триллинг тааллуқ доранд.
Китотоби дигаре, ки аз он муаллифи мақолаи “Нашри осори Лев Толстой ба забони тоҷикӣ дар замони истиқлол” сухан меронад, асари барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт, нависандаи фаронсавӣ Ромен Роллан “Зиндагии Толстой” мебошад, ки мутарҷими он Алиасғари Хубразода аст. Ин китоб дар тасҳеҳ ва пешгуфтори Шодӣ Шокирзода ба нашр расидааст. Пешгуфтор “Ҳунарманди асил ва паёмовари ишқ ба инсонҳо” унвон дошта, дар он муҳаққиқ роҷеъ ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Ромен Роллан, ҳамчунин ихлосу садоқати ӯ аз Л.Н.Толстой, мукотибаи Ромен Роллан ва устод Лоҳутӣ, тарҷума, нашри осор ва маҳбубияти Ромен Роллан дар кишвари мо андешаҳои худро баён намудааст.
Дар умум, китобҳои адиби маҳбуби рус Лев Николаевич Толстой “Маҳкуми бегуноҳ”, “Марги Иван Илич” ва “Зиндагии Толстой”-и нависандаи фаронсавӣ Ромен Роллан арзиши муҳимми илмиву адабиро доро буда, мутолиаашон ба ҳама нафароне, ки шавқу ҳаваси хондан доранд, тавсия мешаванд.
Мерасем сари қисмати аз ҳама дӯстдоштаи банда “Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон”. Ин қисматест, ки саҳифаҳои маҷаллаи “Адаб”-ро рангу бӯи нав мебахшад. “Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон” садаферо мемонад, ки аз қаъри уқёнуси камкашфгашта ба даст меояд ва ҳамеша, дар ҳама давру замон арзиши гарон дорад. Ин навбат саҳифаҳои “Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон”-ро чаҳор матлаб зеб мебахшад. “Бернард Шоу – драматурги тавоно ва ҳаҷвнависи асаргузор”, “Алвидоъ, алвидоъ”, “Марги паёмбар” ва “Суратакҳо”.
Матлаби “Бернард Шоу – драматурги тавоно ва ҳаҷвнависи асаргузор” ба килки буррову сабзи Шодӣ Шокирзода таааллуқ дошта, ҷавҳареро аз ҳаёту эҷодиёти Шоу нигоштааст. Аз даврони кӯдакии начандон хушоянд; дарсҳои мусиқии аз модар гирифтааш; оғози фаъолияташ дар ҳафтаномаи ҳаҷвии “Занбӯр”; наврасиву панҷ ҳикояи аввалини муваффақ нагашта; нахустин комёбии ба даст овардааш ба унвони мунтақиди мусиқӣ ва давраҳои комили нақднависӣ; таҳти таъсири сотсиал-демократҳо қарор гирифтану ба анҷумани онҳо пайвастан ва ҳамчунин фаъолияташ дар ин раванд ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ин драматурги тавоно маълумот додааст. Ҳамзамон иқтибосҳои ҷолиб аз китоби Ҳаскет Пирсон ”Бернард Шоу: ҳаёт ва шахсияти ӯ” овардааст. Муҳаққиқ дар бораи гаравидани Бернард Шоу ба намоишноманависӣ ва такяи вай ба сабки нави намоишноманависи норвежӣ Ҳенрик Ибсен, оид ба ду китоб – “Намоишнормаҳои нохуш” ва “Намоишномаҳои хуш”, ки дар тақдири эҷодии Бернард Шоу дигаргуниҳои тоза ворид намуданд, сухан мекунад. Машҳуртарин намоишномаи Бернард Шоу “Пигмалион“ мебошад, ки драматург соли 1938 барои сенарияи филми “Пегмалион” сазовори ҷоизаи “Оскар” гардид. Ёдовар мешавем, ки Бернард Шоу пас аз рӯи саҳна омадани намоишномаи “Иоаннаи муқаддас” дар Ню-Йорк (1923) ва Лондон (1924) инқилобе дар театри Британия ба вуҷуд оварда, унвони “Шекспири дуюм”-ро сазовор гашт.
Аммо муҳимтарин рӯйдоде, ки дар ҳаёти Бернард Шоу рух додааст соли 1925 “барои таълифи осоре, ки дар он идеализм ва инсондӯстӣ бартарӣ дорад, инчунин ҳаҷви равшангаре, ки аксар вақт бо зебоиву таровати шеърӣ ҳамроҳ аст» сазовори Ҷоизаи Нобели адабиёт гаштани ӯст. Бернард Шоу 18-уми ноябри соли 1925 расман изҳор дошт, ки нишони ифтихор (медал)-и ин ҷоизаро қабул мекунад. Вай “ба аъзои Академияи Шведсия барои қадрдонии осораш арзи сипос намуда, пешниҳод кард, ки бо маблағи ҷоизаи ӯ хазинае барои тарҷума ва нашри беҳтарин намоишномаҳои шведӣ ба забони англисӣ таъсис дода шавад.”
Гуфтан бамаврид аст, ки матлаи “Бернард Шоу – драматурги тавоно ва ҳаҷвнависи асаргузор” дар воқеъ муҳимтарин ҳаводису ҷузъиёти зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин драматурги англисро босо пурмуҳтаво ва бо лаҳни равон пешниҳоди мо намудааст. Дар фаровард муаллифи ин матлаб – Шодӣ Шокирзода нигориши худро бо чунин суханон ҳусни анҷом бахшидааст: “Бидуни тардид, ному корномаи адабиву ичтимоии Бернард Шоу ба унвони тавонотарин намоишноманависи Британия пас аз Уилям Шекспир (1564-1616) ва асаргузортарин нависанда ва мунаққид пас аз ҳаҷвнависи маъруфи ҳамдиёраш Ҷонантон Свифти ирландӣ (1667 – 1745) дар таърихи адабиёти ҷаҳон бо ҳуруфи зарин ҳаккокӣ шудааст.”
Дар идомаи қисмати “Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон” ба унвони “Алвидоъ, алвидоъ” матлабе аз китоби Б. Шоу “Автобиографические заметки. Статьи. Письма” дар тарҷумаи Шодӣ Шокирзода оварда шудааст. Ҳамчунин “Марги Паёмбар” ном достони ҳакимона ва фалсафии адиби маъруфи рус, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт Иван Бунин бо пешгуфторе роҷеъ ба таърихи навишта шудани ин асар, оварда шудааст. “Марги Паёмбар” дар таҳия ва танзими Муҳаммадҷони Шодӣ зиндагӣ ва навҳаи расидани ҳазрати Мусо ба рисолатро дар асоси қиссаи Таврот нақл мекунад. Бунини зебописанд аз оёти Қуръони карим ва пандҳои ахлоқии “Гулистон”-и Саъдӣ баҳра гирифтаву бо сужаи Китоби муқаддас достон офаридааст. Ин асари ирфонӣ саршори пандҳои ахлоқиву омӯзанда мебошад.
“Суратакҳо”-и Содиқ Ҳидоят дар таҳияи Азимқул Насимов пешкаши хонандагон гардидааст. Ин матлаб бо истифода аз “Маҷмӯае аз осори Содиқ Ҳидоят” оварда шудааст.
Дар қисмати “Кошонаи меҳр”, ки дар ҳақиқат ҳам бо меҳру ихлосмандӣ таҳия гаштааст, “Заҳмати мондагори ҳампеша” аз Шамсиддин Муҳаммадӣ, “Аз ҷавҳари илм ёфт афсар”-и Шодӣ Шокирзода ва “Дарси ҳаёт” дар таҳияи Шикебои Шодӣ гирд оварда шудаанд. “Заҳмати мондагори ҳампеша” ҳикоят аз фаъолияти илмии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ карда, “Аз ҷавҳари илм ёфт афсар” роҷеъ ба ҳиндшиноси машҳури тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ғаффорӣ, ки умри хешро сарфи омӯзишу пайвандҳои адабиву фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон сарф кардааст, сухан мекунад.
Бону Шикебои Шодӣ дар матлаби худ зери унвони “Дарси ҳаёт” сухан аз рафтору ахлоқи ҳамида мегӯяд.
Қисмати дигаре, ки маҷаллаи “Адаб”-ро боз ҳам хонданӣ месозад “Ҷаҳони андеша” аст. Дар ин қисмат Замира Ғаффорӣ аз ҳикмати Ҳинди Бостон: “Нитишатакам” (“Сад байт дар бораи рафтори нек”) – китоби тозатаълифи худ, намунаҳо овардааст.
Инак, қисмати хотимавии маҷалла “Арзишдоварӣ” унвон гирифта, дорои чанд матлабест ба хотири ёдбуди устоди ҳаҷв Бурҳон Ғанӣ. Аввалӣ “Ҳадиси дӯстӣ поён надорад” аз Абдуғаффори Партав аст. Муаллиф дафтари хотираҳои худро варақгардон намуда, ёде аз даврони ҷавонӣ ва шиносоӣ бо Бурҳон Ғанӣ ва ҳамчунин замони фаъолияташ бо Фазлиддин Муҳаммадиев ва Бурҳон Ғанӣ дар маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” мекунад. Матлаби дигаре, ки ба ёди нависанда ва ҳаҷвнигори хушзавқ оварда шудааст, “Барги сабзе аз осори Бурҳон Ғанӣ” мутааллиқ ба қалами корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳидинова Махфират мебошад. Дар интиҳо нигорише бо номи “Дар омади гап”, аз офаридаҳои намакини нависандаи бозарофат Бурҳон Ғанӣ пешкаши ҳаводорон гардидааст.
Дар анҷом чанд шеъру ғазали хуб аз эҷодиёти Умриддин Юсуфӣ бо тахаллуси Нӯшин оварда шудааст, ки ин бахш “Ҳамсуҳбати гул мешавӣ, вақте ки шоир мешавӣ” унвон дорад. Ба наздикӣ маҷмӯаи нави ашъори Умриддини Нӯшин “Нилуфари Варзоб” дар Теҳрон бо хатти ниёгон чоп шуд. Зимнан, Умриддин Юсуфӣ аз соли 2009 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Ҳамсуҳбати гул мешавӣ, вақте ки шоир мешавӣ,
Ҳамхонаи дил мешавӣ, шаҳре мусофир мешавӣ.
Бо пои борон биспарӣ гар шохсори орзу,
Дар қалби ҳар исторае чун шуъла зоҳир мешавӣ.
Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа