Адабиёт ва фарҳанги олам. Карло Голдони

Alessandro Longhi – Ritratto di Carlo Goldoni (c 1757) Ca Goldoni Venezia

Голдони Карло 25 феврали соли 1707 дар Венетсия ба дунё омадааст.  Ӯ драманависи итолиёӣ, ислоҳотгари театр ва асосгузори мазҳакаи миллии Итолиё буд. Соли 1731 дар Донишгоҳи Падуанек ба дараҷаи доктори ҳуқук расид, соли 1734 аз кори адвокатӣ даст кашида, дар яке аз театрҳои Венетсия (труппаи Д. Имер) ба драматургия рў овард ва аз соли 1748 сазовори эътирофи умум шуд. Аммо баъдан ба Порис (1762) ҳиҷрат карда, дар ин ҷо ба ҳайси устоди забони итолиёии дарбор фаъолият намуд.

Голдони 267 намоишнома навиштааст, ки аз инҳо 155 мазҳака («Бевазани айёр», 1748; «Хизматгори ду хоҷа», 1749; «Бамела», аз рўи романи С. Ричардсон, 1750; «Соҳибаи трактир», 1753; «Ошиқон», 1760), 18 фоҷиа ва мазҳакаи фоҷиаомез (аз ҷумла «Велизарий», 1734), 94 либретто мебошанд.                                                              Голдони мазҳакаи итолиёиро амалан ислоҳ кард. Ў мазҳакаи халқии ниқобиро бо драматургияи дорои матни устувор ва хислатҳои воқеии инсон иваз намуд. Анъанаи Молйер ва маорифпарваронро инкишоф дод. Аммо Голдони бар хилофи Молйер ба ҷои персонажҳои мазҳарӣ ин ё он нақсу камбудӣ қаҳрамонони мусбатро бештар аз табақаи поёнии ҷамъият рўи саҳна меовард.

Дар мавзўъҳои оилавии маишӣ мазҳакаи «Адвокати Венетсия», «Дўшизаи покдоман», «Феодал», «Ошиқ ва маъшуқ»-ро навишта, дар мисоли аъёну ашрофи итолиёӣ инқирози системаи феодалиро нишон додааст.

 Доир ба ҳаёти халқи мазлум «Ошпаззанҳо» (1755), «Чорроҳа» (1756), «Занҳои хандонрў» (1758) ва ғайраро таълиф намудааст. Қаҳрамони мазҳакаи «Моҷарои Коҷон» (1762; тарҷумаи тоҷикӣ – 1973)-и ў халқ-моҳигирони одии венетсиягӣ бо занҳояшон аст.

Давраи охири эҷодиёти Голдони бо Фаронса алоқаманд мебошад. Мазҳакаи «Лаққии накукор» (1771, ба забони фаронсавӣ) ўро дар Аврупо машҳур гардонд. Голдони роҳҳои асосии рушди драматургияи маорифпарваронаро (Д. Дидро, П.О. К. Бомарше ва дигарон) пешбинӣ кард.

«Ёддоштҳои Карло Голдони…» (1784-87)  санади нодирест доир ба таърихи театр.

«Хизматгори ду хоҷа»-и Голдони аз соли 1947 то холо дар театрҳои драмавии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

6-уми феврали соли 1973 дар шаҳри Порис аз олам рафт.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 405.

Муаллиф: Ш. Шокирзода

Таҳияи Ҳусния Назарова

          корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.