Адабиёти атиқа
Адабиёти атиқа, адабиёте, ки дар ду давлати қадимӣ ва машҳури дунё – Юнон ва Рум аз асри IX то милод то асри V офарида шудааст. Атиқа аз калимаи лотинии antiquitas гирифта шуда, маънояш (даври) “бостон”, “қадим” аст. Офарандагони адабиёти атиқа, гузаштагони мустақими адабиёт, фарҳангу маданияти кишварҳои Аврупои муосир мебошанд.
Тасавурот оид ба мавқеи инсон дар табиат, оид ба мавқеи адабиёт дар ҷомеа, оид ба тақсимбандии адабиёт ба намудҳо – эпос, лирика, драма ва навъҳои (жанрҳои) адабиёт, оид ба санъатҳои бадеӣ, авзони шеър, хусусиятҳои забони адабиёт ва ғайра, ки дар Юнони Қадим бунёд ёфта, ба Руми Қадим дода шуданд, дар асрҳои миёна дар Аврупо маъмул гардиданд. Ин тасаввурот, анъанаҳои адабӣ аз Рум ба Аврупои Ғарбӣ, аз Константинополи Юнон ба Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва ба Русия густариш ёфтанд. Осори адабиёти атиқа дар Аврупо на танҳо мутолиа ва омӯхта мешуданд, балки намунаи эҷоди бадеии мукамали идеалӣ ба шумор мерафтанд ва дар давраи Эҳё ва класситсизм намуна барои тақлид буданд.
Дар ҳамин давра мафҳумҳои “санъати атиқа”, “таърихи атиқа”, “фалсафаи атиқа”, “маданияти атиқа” ба миён омаданд. Осори пурарзиши дар ин соҳаҳо офаридашуда барои тамоми башарият аҳамияти калон доштанд. Адабиёти атиқа бо навъи адабии эпос (хамоса, достон)-и қаҳрамонӣ, бо “Иллиада” ва “Одиссея”-и Ҳомер оғоз ёфтааст. Шоир Вергилий (70-19 то милод) дар тақлид ба Ҳомер достони “Энеида”-ро эҷод кард. Дар ин достон аз Эней ном паҳлавон ва ҳамсафонаш сухан меравад, ки аз шаҳри Троя бо киштиҳо ба ҳудуди Италия расиданд ва дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр намуданд. Бозмондагон (насл)-и онҳо баъдан шаҳри Румро бунёд гузоштанд. Овидий (43 то милод. – 17) донишномаи манзуми устураҳоро бо номи “Метаморфозаҳо” офаридааст. Достонҳои дар мавзӯъҳои рӯз ҳам офарида мешуданд (достони “Ферсалия”–и шоири римӣ Лукан (39-65) – оид ба ҷанги Юлий Сезар ба муқобили ҷумҳурихоҳон).
Ба ғайр аз достонҳои қаҳрамонӣ ва таърихӣ дар адабиёти атиқа, достонҳои андарзӣ низ вуҷуд доштанд (асари Ҳесиод “Меҳнат ва рӯзгор” – оид ба заҳмату зиндагонии кишоварзи поквиҷдон; маҷмӯаи Вергилий “Георгики”- “Шеърҳо дар васфи кишоварзон”, китоби Лукретсий “Оид ба моҳияти ашё” – дар бораи офаринишу сохтори коинот, инсон ва ҷомеа). Яке аз навъҳои маълуму машҳур дар Адабиёти атиқа фоҷиа (манзум) буд. Се нафар шоири бузурги юнонӣ – Эсхил, Софокл, Еврипид ва файласуфу шоири римӣ Сенека бузургони фоҷиа ба шумор мераванд. Номгӯи баъзе фоҷиаҳои адабиёти атиқа, бад-ин қарор аст: “Прометей”, “Ҳеракл”, “Шоҳ Эдип”, “Ҳафт муборизи зидди Фива”, “Федра”, “Ифигения дар Авлида”, “Агаменон”, “Электра” ва ғайра.
Навъи дигари адабиёти атиқа, мазҳака буд ва эҷодкорони он Аристофан, Менандр (343 – 291 то милод) дар Юнон ва Плавту (вафот 184) Терентсий (195 то милод – 159) дар Рум мебошанд.
Намояндагони навъи адабии лирика низ дар адабиёти атиқа, арзи вуҷуд намудаанд. Анакреонт (570-478 то милод) шаробу ишқ, хушгузаронии умр, Пиндар (518-442 то милод) зиндагии хирадмандона, шоири румӣ Горатсий (65 то милод – 8) эзидон ва қаҳрамононро васф мекарданд. Навиштаҳои ин шоирон барои сурудан таъин гардида буданд.
Шеърҳо – хитобаҳоро, ки барои шунавандагон мехонданд, “элегия” меномиданд. Ин навъ ашъор, ки шоирони румӣ Тибули (50-19 то милод), Проперсий (таваллудаш 50 то милод) ва Овидий эҷод кардаанд, мазмунҳову мавзӯъҳои ишқиро дар бар мегирифтанд. Элегияи хурд “эпиграмма” (“катиба”) ном дошт. Шоир Марсиал (40-104) эпиграммаҳои ҳаҷвӣ менавишт.
Осори мансур дар Адабиёти атиқа нисбат ба осори мансур дар адабиёти атиқа нисбат ба осори манзум камшумор буд (“Дафнис ва Хлоя”–и Лонг, “Сатирикон”–и Петроний, “Хари тиллоӣ”–и Апулей ва ғайра). Ин навъ осорро насри ғайриҷиддии барои мардуми олӣ таъйингардида медонистанд. Насри ҷиддӣ, орӣ аз хаёлоти бадеӣ осори таърихнигорон Ҳеродот, Фукидид (460 – 400 то милод), Тит Ливий (59 то милод – 17), Татсит (55-120) ба шумор мерафтанд.
Осори дигари мансурро, ки хусусияти андарзӣ, ахлоқомӯзӣ дошт, файласуфони Юнони Қадим Афлотун, Плутарх (таърихнигор ҳам буд) эҷод кардаанд. Осори мансури бо санъатҳои бадеӣ ороста, бо забони ширину бадеияти баланд эҷодшуда нигоштаҳои нотиқон (ораторҳо; воизон) буд, ки машҳуртаринашон Ситсерон (106-43) мебошад.
Дар Адабиёти атиқа инсон, воқеияти табиӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, муносибати инсону табиат, масъалаҳои муҳимми давр, тазодҳо, эҳсосот инъикос ёфтаанд. Адибон шуҷоату диловарӣ, ватандӯстӣ ва одамиятро васф кардаанд. Инсони тасвирнамудаи онҳо ҷисман пурзӯр аст, маънавиёти бой дорад. Адибони Аврупо дар тамоми давраҳои эҷоди худ ба адабиёти атиқа муроҷиат намудаанд ва ин анъана идома дорад.
Таъсири адабиёти атиқа ба адабиёти Шарқ аз асрҳои миёна шурӯъ шуда, имрӯз ҳам қатъ нагардидааст. Адабиёти атиқа ба фалсафа (машшоиён), математика, таърих, ҷуғрофия, ҳандаса, санъат, маданият ва дигар соҳаҳои илму фанни Машриқзамин, аз ҷумла Эрону Осиёи Марказӣ бевосита ва ё ба тавассути тарҷумаҳои арабии осори юнониён таъсир расондааст. Ин таъсир дар адабиёт муфид ва самарабахш буд. “Поэтика” ва “Риторика”-и Арасту аз асарҳое буданд, ки адабиётшиносону файласуфони арабзабон ва тоҷик Ибни Рушд, Абуалии Сино, Форобӣ, Насируддини Тусӣ онҳоро омӯхтаанд ва шарҳу тафсир кардаанд.
Сарчашмаи чанде аз достонҳои адабиёти классикии форс-тоҷик- “Вомиқ ва Азро”, “Саломон ва Абсол” ва ғайра адабиёти юнонӣ мебошад. Дар офаридани “Искандарнома”-ҳо ҳам аз манбаъҳои юнонӣ истифода шудааст. Баъзе қаҳрамонони ин қабил асарҳо юнонианд ва бо ҳамон номи юнониашон амал мекунанд.
Асарҳои Ҷ. Одина, Сорбон, Ато Ҳамдам ва дигарон дар бораи Искандар ва Спитамен дар заминаи манбаъҳои юнонӣ офарида шудаанд.
Нависанда Б. Абдураҳмон романашро дар бораи Куруши Кабир бо истифода аз сарчашмаҳои юнонӣ нигоштааст.
Дар театрҳои Тоҷикистон драмаҳои адибони даврони атиқа намоиш дода мешаванд, ки “Шоҳ Эдип”-и Софокл (дар нақши асосӣ Ҳ. Гадоев) намунае аз онҳо мебошад.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 164-165.
Муаллифон: Ҳ. Боқиев., М. Диловаров.
Таҳияи Садирзода Шаҳноза,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.