Адабиёти эпистолярӣ чист?

Адабиёти эпистолярӣАдабиёти эпистолярӣ (аз юн. epistole – нома, мактуб), осори адабӣ-бадеӣ дар ҷинсу намудҳои гуногун, ки ба шаклу услуби нома ва ё мактуби як кас ва ё тарафайн навишта мешаванд ва онро хонандагон ҳамчун асарҳои бадеӣ, ё публитсистӣ, ё ки ин ки танқиди адабиву адабиётшиносӣ мутолиа мекунанд. Асарҳои А. э. аз ҷониби арбоби илму фарҳанг, адабиёту санъат, алломаву мутафаккирон, ходимони давлат ва дигарон навишта шуда, моҳияти ҳам иҷтимоӣ, тарбиявию ахлоқӣ, эстетикӣ, илмиву назариявӣ ва ҳам умумиилмӣ, умумиҷамъиятӣ ва ҳатто умумибашарӣ пайдо мекунанд.

Чунин мактубҳо ва маълумотномаҳо аввалан байни ду муаллиф ва ё гурӯҳи маҳдуди суроғадорон навишта шаванд ҳам, ба сабаби моҳияти умумиҷомеавӣ доштанашон ва қимати умумибашарӣ пайдо карданашон аз он доираҳо берун мебароянд.

Адабиёти эпистолярӣ дар он асоси далелу бурҳон ва маводи таърихӣ, адабӣ ва ҷаъмиятии даврони мушаххас ба вуҷуд омадааст. Ба сабаби он ки асари адабиёти эпистолярӣ гоҳо камтар гоҳо бештар хусусияти фардиву шахсӣ – субъективӣ дорад, дар он “ман”-и муаллифро возеҳтар ва зиёдтару равшантар дарёб кардан мумкин аст. Бинобар ҳамин аз шаклу услубу забони ҳар як мактубу нома, забону наҳв ва хату навиштаҷоти нависанда, санъаткор, олим ва мутафаккиру арбоби давлат шахсияти муаллифи онро донистан ва муайян кардан мумкин аст.

Такя ба ҳуҷҷату далелҳо, ҳақгӯӣ ҳам яке аз талабот ва ҳам яке аз хусусияти адабиёти эпистолярӣ мебошад. Одатан асарҳои адабиёти эпистолярӣ озодона навишта шуда, гоҳо хусусияти лирикӣ пайдо мекунанд. Дар айни замон ҳар як муаллиф мувофиқи салиқа, табъ ва талаботи сабку услуби хоси худ бо тарзи баён, наҳв, истифодаи захираи луғавии забон аз усулу равияи содатарину осонтарин сар карда то мавҳумтарину маҷҳултарин ва мураккабтарину мустаортарин асарҳои номавиашро эҷод менамояд. Дар баъзе ҳолатҳо номаву мактубҳо пайи ҳам навишта шуда, шакли “романи мукотибавӣ”-ро низ пайдо мекунанд.

Дар адабиёти кишварҳои Аврупо адабиёти эпистолярӣ аз давраи атиқа оғоз ёфтааст. Намояндагони машҳури ин адабиёт дар Юнон ва Руми Қадим Эпикур, Ситсерон, Горатский, Сенека, Плинийи Хурдӣ буданд.

Аз асарҳои 17 – 18 сар карда дар Аврупо, махсусан дар Англия, адабиёти эпистолярӣ бо эҷодиёти Б. Паскал (“Мактубҳои изофотӣ”), Ф. Честерфилд (“Мактубҳо ба писар”) ва дигар шакл гирифта, бо романҳои ба тарзи нома эҷодшуда – “Памела”, “Кларисса”-и С. Ричардсон, “Ҳамфри Клинкер”-и Ж. Ж. Руссо, “Ғаму андуҳи Вертери ҷавон”-и И. В. Гёте ва дигар такомул ёфт.

Дар Русия асарҳои 18-20 “Очеркҳо ва ҳуҷҷатҳо”-и И. М. Карамзин. “Номаҳои сайёҳи якум”-и Д. И. Фонвизин, “Мактубҳои фалсафӣ”-и П. Я. Чаадаев, “Мунтахабе аз мукотиба бо дӯстон”-и Н. В. Гогол, “Мактуб ба Гогол”-и В. Г. Белинский, “Мактубҳои А. Блок ба занаш” ва ғайра навишта шудаанд.

Дар адабиёти гузаштаи тоҷик (асрҳои миёна) нома ва номанигнорӣ, руқаот вуҷуд доштанд, вале аз ҷиҳати тарзу услуби эҷод, мазмуну мундариҷа пурра ба адабиёти эпистолярӣ ба мафҳуми аврупогӣ мувофиқат намекунанд. Дар адабиёти муосири тоҷик баъзан дар дохили осори адабӣ мактуби қаҳрамонон ба назар мерасанд, ки аз ин нишонае аз адабиёти эпистолярӣ мебошад. Инчунин номаҳо (мактубҳо), ки аз адибон ба ҳамдигар ирсол менамоянд, масалан, мукотибаи С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, мактубҳои ба адибону забоншиносон (П. Толис, Д. Тоҷиев) навиштаи С. Айнӣ, мактубҳое, ки мунаққидон ба адибон менависанд, номаҳое, ки дар саҳифаҳои матбуот ба табъ мерасанд ва ғайра, намунае аз адабиёти эпистолярӣ ба шумор мераванд.

МАНБАЪ:  Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. – С. 179.
Муаллиф: Соҳиб Табаров.    

Таҳияи Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.