Адабиёти ҷаҳон. Ду шеъри хуб аз Қайсин Қулиев
Раҳи ман рӯзафзун буд мушкил,
Расонам то муродамро ба сомон,
Гаҳе оташ шудам ман, гоҳ оҳан,
Гаҳе чаккуш шудам ман, гоҳ сандон.
*** ***** ******
Гаҳе сайду гаҳе саёд будам,
Ҳазорон нақш аз худ офаридам,
Гаҳе мурғи қафас будам, вале гаҳ
Чу мурғи раста аз доме паридам.
*** ***** ******
Гар умеди бузурге дорад инсон,
Раҳи ӯ рӯзафзун мушкил ояд.
Фақат андар гумони кӯрчашмон
Ба бино роҳ осон менамояд.
*** ***** ******
Вақти он аст, эй бадандешон,
Аз дарахтон сабақ биомӯзед,
Баски онҳо ба фасли тобистон,
Бор оранду соя андозанд.
*** ***** ******
Меваҳо пухта, шохҳо сархам
Бӯи хуршеду хок дар онҳост,
Ибрате аз дарахтҳо гиред,
Эй тиҳимағзҳои сарафроз!
*** ***** ******
Рӯи мо сурх гардад аз гармӣ,
Чу нишинем давраи гулхан,
Ибрате аз дарахтҳо гиред,
Эй шумо, зотҳои бефарҳанг!
*** ***** ******
Ҳар куҷое назар наандозӣ,
Хоҳ бар дашт, хоҳ бар дарё,
Ҳар ки хунсард бошад ар, гӯянд
Ҷои дил санг будааст ӯро.
*** ***** ******
Лек бисёр дидаем охир
Санги чахмоқро шарорафшон.
Гоҳ аз санг ҳам сабақ гиред,
Эй шумо сардхуну бедардон!
Тарҷимаи ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
Манбаъ: “САДОИ ШАРҚ” соли 1968, №6
Таҳияи Башира Умарова,
мутахассис пешбари
шуъбаи матбуоти даврӣ.