Адабиёти олам. Юрий Артамонов. «Ҳанўз интизорам” (ҳикоя)

«Лидаҷони азизам. Аз аҳволи ту хату хабаре надорам. Баъди интизорҳои тулонӣ мактуби пешинатро дуюмбора ба даст гирифта, хондам ва хостам ҷавоб нависам. Номаатро гаштаву баргашта мехонаму чунин менамоядам, ки ту ҳам паҳлуям нишастаӣ. Рӯзгори ҳамҷояамонро тез-тез ба ёд меоварам. Дар пиндорам, ҳар лаҳзаву ҳар рӯзашро ба хотир дорам. Худро маломатгарам, ки чӣ тавр ин ҳамаро қадр карда наметавонам. Ба ману ту пархошҷӯӣ намезебад, азизам!

     Ёдат ҳаст, боре ҳатто қаҳр карда, чизу чораатро буғча баста, ба назди модарат рафтан хостӣ. Ҳарду боиси дупула гап ҷанҷол бардоштем. Он даме ки чизу чораатро меғундоштӣ, дили маро гургон тала мекарданд. Ташаккур ба модарам, ки туро аз роҳ баргардонд. Агар не, кӣ медонад, ягон бадбахтӣ рӯй медод. Ҳоло феълу атвори бадам пеши рӯ, худамро сарзаниш мекунам.

   Аз ман маранҷ, агар хатое карда бошам, бубахш. Охир, ман туро ба ҷон баробар-ҷовидона дӯст доштаам. Он гаҳи пархош карданам, ин торҳои муҳаббат нагусаста монд. Алъон, ки мустақилона басар бурдан дорӣ, эҳтимол аз рӯи эҳсосот баҳои солим дода битавонӣ. Дар тасвири он ҳама дӯстдориҳо бароят забонам лол аст. Ифшои муҳаббатномаҳо дар гуфтан намеояд. Эҳ, агар ин замон дар паҳлуям ҳозир мешудӣ, туро рӯ-рӯи дастон бардошта, ҳаргиз ба заминат намегузоштам.

    Зиндагиам хуб ва хизматам муваффақона ҷараён дорад. Интизор шав, ба наздикӣ якбора меоям. Бӯсаборонат мекунам, азизам.

Васяи ту

     Лида номаи шавҳарашро такрор ба такрор мехонд. Дилаш моломоли аламу андӯҳ буд. Ёд овард, ки ӯ ба Василий гуфта буд: «Биё, сабр мекунем. Хизматро, ки адо кардӣ, баъд хонадор мешавем…» Вале ӯ маҷбуран «не, тӯй шавад, худи ҳозир тӯй шавад», – гӯён гапашро гузаронд. Лида розӣ шуд. Ақди никоҳ бастанд. Ҳамагӣ ду моҳ зиндагӣ карданд, ки Василийро ба хизмати аскарӣ гирифтанд.

    Лида ба рӯзгори оилавӣ омӯхт нашуда буд. Дар пиндораш мисли пешин ҳанӯз духтари бокира аст. Ҳатто вожаи «зан» мегӯӣ дар бари номи вай мутааллиқ намеафтод.

     Ту маро ин хел садо накун, – гуфт ӯ ба Василий, – хубаш номамро гиру овоз деҳ.

     – Барои чӣ? – ҳайрон шуд Василий. – Ту зан ҳастӣ, охир.

     Умуман, ин калимаро дар паҳлуи номи ман нагир, – таъкидан мегуфт Лида, – писандам намеояд, тамом.

     Лида аз шавҳардории худ басо хиҷолат мекашид. Гоҳе чунин иттифоқ меафтод, ки Василий дар хона пеши хушдоманаш аз кифтони вай оғӯш гирифтан замон ҷавонзан таи обу арақ суп-сурх мешуду сар ба зер мефиканд.

    Ҳолатҳое мешуд, ки Василий бозӣ ба бозӣ дар паси миз аз оринҷи дасти занаш мепучид. Яке ғиреви сахт бармехосту миз батамом ҷунбиш мехӯрд. Хушдоманаш бошад, аз тарси беандоза бо талвоса мепурсид: «Ҳой, чӣ гап шуд?!»

     Гурба…,- нигоҳаш пурмаъно, ба Лидаи хиҷолатзада ишора мекард Василий.

     …Ҷавонро барои хизмати аскарӣ бо табъи болида гуселониданд. Маъракаи калоне ороста шуд. Базми рақсу бозӣ то қарибиҳои саҳар идома ёфт. Лидаи чеҳрааш гулгун бар асари майи ноб аҷаб дилкаш хандида, то зи пой афтоданаш арғушт рафт.

     Василий гоҳе ба маҳбубааш бодиққат ва ҳасратзада нигоҳ мекард. Нигоҳаш мегуфт, ки «Магар ӯ намефаҳмад, ки ду сол аз ҳамдигар ҷудо мешавем?»

     Дар воқеъ, Лида ба дарки ҳикмати зиндагӣ нарасид. Не, вай на бар иллати сангдилӣ чунин буд, балки муқаррарӣ рӯз мегузаронд. Дар боби ҷудоии фардо андеша ҳам надошт.

     Субҳи рӯзи нав аҳли ҳамон маъракаи хушҳол зери ҳавои гармон ба гусели Василий сӯи шаҳр шитофтанд. Василий аз дасти Лида маҳкам дошта, ҳампаҳлӯяш мерафт. Ҷавонзан беист манаҳ мезад. Дар стансия наваскаронро саф ороста, ба вагонҳо ҷобаҷо карданд. Хушдомани Лида талху ҷигарсӯз мегирист.

     Ғам нахӯр, оча, маро ба ҷанг гусел надорӣ-ку, – Василий панҷаи навозиш бар сари модар ниҳода, оромаш гардонд ва ба Лида пурандӯҳ нигоҳ кард.

    Василий аз паҳлуи модар дур шуда, ҳамсарашро ба оғӯш кашид.

     Мардум мебинад Вася, айб аст, – гӯён Лида аз бағали шавҳараш худро канор кашид.

    Василий охирон бор ӯро бӯсида, ба тарафи дари вагон хез гирифт.

    Дертар хушдомани Лида кинояомез аз сунҳораш пурсид:

     Худаш чӣ гап, духтарҷон, ягон қатра оби чашм ҳам нарезондаӣ? Ё ки шавҳаратро дӯст намедорӣ?

     Дӯсташ медорам…

     – Э не-е, зиқ мешудӣ, оби чашмонат намерехт?

     – Якумрӣ ҷудо нашудаем-ку, – кифтон барҳам кашида гуфт Лида. – Боз меояд, охир.

     – Ҳа, меояд, – оҳкашон гуфт хушдоманаш. – Лекин ба зудӣ не, баъди ду сол.

    – Мумкин, рухсатияш бидиҳанд? – ба оҳанги нобовар ба забон овард Лида.

    Табиист, ҷавонзан ба андеша афтод: ҳоло ӯ кияст? На духтар ва на зани шавҳардор. Шабона дар танҳоӣ пуралам гириста, дилашро холӣ кард. Пагоҳӣ бо чашмони варамида аз хоб бедор шуд. Боз меандешид, ки аз гиря чӣ фоида, зиндагӣ бояд кард. Лида чун пештара худро ҷавону хушрӯй меангошт. Ҳа, минбаъд бояд қадамашро дониста гузорад.

     Мавридҳое мешуд, ки пас аз кор нимхушҳол баромадаву ба танаш ним шиша атр пошида, мӯйҳояшро шона мезад, ба миҷгонҳояш ранг мемолид ва куртаи идонаашро пӯшида, азми тамошо мекард. Рафтори ӯро дида, хушдоманаш дар худ мепечид, мехкӯбу музтар мемонд.

     Ин қадар худатро орову торо дода, ба куҷо рафтаниӣ…? – бе ғараз ва аз дили соф мепурсад хола. Аз чи бошад, ки рухсораҳои сунҳораш арғувонӣ мешаванд.

     Дар клуб мусаввараҳои диданӣ овардаанд…,- чашмонашро пӯшида, посух мегардонад ҷавонзан.

     – Бисёр наист, – огоҳ мекунад вайро хушдоманаш.

     Маро дуюмбора хуш мекунанд-чӣ? – дастафшону бепарво мепурсад Лида.

     Хайр, тезтар биё-да, – оромона мегӯяд хушдоман. – Чӣ ҷои ранҷиш? Ман барои туву Василий ин қадар ҷон меканам. Ишқатонро аз забони бад ҳифз мекунам.

     Ҳарчанд Лида рафтори нангине содир накарда буд, аз ин суханон шармгину беқарор гашта, хорияш меомад.

     – Ту аз мани пир маранҷ. Барои ҳардуятон ранҷ мекашам. Ана, Василий, ки омад, худат ҳамаашро мебинӣ. Ба чашмони ӯ бо умед нигоҳ карда метавонӣ. Чунки ҳеҷ бадномие надорӣ, бадгумонӣ ҳам. Заҳри забони бад одамро мехӯрад. Як бор пешпо бихӯрӣ, ҳангомахоҳон дастак меёбанд. Ҳа, чунон гапҳое мебофанд, ки дар шаби хобат нашунидаӣ. Медонӣ-чӣ, дар он ҷо овозаи бад хеле зуд паҳн мешавад – шояд ба Василий тӯҳмат бизананд. Бовараш намеояд, албатта. Вале ба ҳар сурат доғаш ба дил мемонад. Марди асил бадахлоқӣ – домани доғдорӣ занро якумр намебахшад. Хӯш, чи хеле мегӯянд, поятро ба андозаи курпаат дароз кун, ба душманон дастак надеҳ.

     Ман ҳам дастак доданӣ нестам, – зид мебарояд Лида. – Ба касе ҳам сайёҳат намеравам.

    Воҳ, қандата зан. Магар ман чизе изофа мегӯям? Ҳамин тавр бояд бошад. Василий туро ҳамин хел ба ман амонат монда рафт, ҳамон хел ба ӯ бармегардонамат. Он тарафаш ба дастони худатон. Ана, ба Зинка бинигар. Шавҳараш аз ҳавлӣ набаромада, бо марди дигар мегардад. Ҳарчи бигӯянд ё на, аз хеш фаришта бисозад ҳам, одамон мебинанд-ку. «Осёба баста мешаваду даҳони мардумро не.» Пайдост, ки рӯзгори оилавии Зинка бармаҳал тамом шуд. Шавҳараш ӯро дигар набахшид, не, набахшид. Модоме ки ба шавҳар баромадӣ, духтарҷон, ихтиёрат ба дастони ӯст.

     Ман ҳам бо касе сайру гашт намекунам-ку, ба наздам нафаре намеояд, – дубора такрор мекунад Лида ва дар оинаи хаёл ҷавонеро пеши рӯ меорад, ки шанбеи гузашта ба рақс даъваташ карда буд. Xавони хушандому зиндадиле. Механизатор аз ноҳия барои ғунучини ҳосил омада буд.

      Хайр, майлат, офарин! – хушдоман сари Лидаро сила заду аз хона берун шуд.

     … Дар кӯча пардаи торикӣ тӯр бофта буд. Аҳён-аҳён чароғҳо фурӯзон гаштанд. Лида бошад, ҳамоно аз назди тиреза барнамехост. Қатраҳои намоёни ашк ба бари рухсораҳояш таровид. Дар клуби дигари қисмати ахири деҳа мусиқии ҷаззоб танин меандохт.

    Ба ҳуҷра хушдомани Лида сар халонда, омада ба паҳлӯяш нишаст. Вай мактуби рӯи фарш афтидаро бардошта, кифтони баларзи Лидаро молида-молида гуфт:

     – Чӣ менависад, ки … Дӯстат медорад?

     Лида ризоатманд сар ҷунбонд.

      Эҳ, барои чӣ мегирйӣ, нодонак-е. Бубин, ӯ чӣ хел бароят зуд-зуд хат менависад. Яъне туро дӯст медорад. Агар шавҳари ман ҳамн хел нома менавишт, аз хурсандӣ мерақсидам. Ҳа-а, аммо хатчаашро бо се сатр гирифта будам: «Настяҷони ман, расидан замон маро ба ҷанг фиристоданд. Ҳамин ки ҷанг тамом шуд, бароят мактуби дарози давомдор менависам.» Бо ҳамин дигар нома нанавишт. Насибаи дидор набудааст.

    Лида ашки дидагонашро пок намуда, ба хушдоманаш рӯй гардонд. Пиразанро сахт ба оғӯш кашида, чашмонаш ҳавзи об, аз сина оҳи пурдард сард ода, гуфт:

    – Оҳ, модарҷон, кош зудтар ба дидори ӯ мерасидам…   

МАНБАЪ: Юрий Артамонов: “Шаҳди марминҷон”. Душанбе, “Бухоро”, 2016.

Китобро аз русӣ Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзода тарҷума кардааст.

Мо чун намуна ҳикояеро овардем, худи китобро Шумо, хоннадаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Қурбонгул Воҳидова,

сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб.