“Ҳадиқат-ус-суъадо”- и Муҳаммад ибни Сулаймон Фузулӣ
Ҳадиқат-ус-суъадо асари насрию назмӣ Муҳаммад ибни Сулаймон Фузулӣ ба забони озарӣ буда, дар баёни ҳолоти Сайид-уш-шуҳадо ва ёронаш дар воқеаи Карбало навишта шудааст.
Дар муқаддимаи китобаш ёдовар мешавад, ки: “чун воқеаҳои Карбало ба забонҳои форсӣ ва арабӣ мавҷуданд ва тоифаи туркон наметавонанд аз он баҳра бибаранд. Ба ин хотир акобир ва ёрон аз ман дархост карданд, ки асаре ба забони туркӣ ва дар мавриди воқеаи Карбало бинависам, ки авом ва хавос аз он истифода кунанд. Ман ҳам бо камии бизоат ва бо таваккул ба Худой ба ин кор шуруъ кардам ва дар нигориши ин маҷмуа китоби “Равзат-уш-шуҳадо”-и Ҳусайн Воизи Кошифиро маъхаз қарор додам ва бо асарҳои дигари ақвом ба навиштан шуруъ кардам…”
Аз ин асар як нусхаи хаттӣ таҳти рақами инвентарии 227 дар хазинаи дастхатҳои Китобхонаи миллӣ ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад
Нусхаи хаттии “Ҳадиқат-ус-суъадо” аз 321 варақ ё 342 саҳифа иборат буда, бо хати зебои настаълиқ хеле моҳирона китобат шудааст. Матни нусха бо ранги сиёҳ дар ҷадвали бо рангҳои кабуд ва сурх орододашуда бо китобат шудааст. Сарлавҳаҳо, байтҳо ва баъзе ишораву аломатҳо бо ранги сурх навишта шудаанд. Ҳар як варақ 15 сатрро дар бар мегирад.
ОҒОЗ:
Ё раб дар раҳи ишқаат шайдоям кун,
Аҳкоми ибодататро бар ман иҷро кун)
Анҷом:
Кел эй ҳолу такаллумдан хабардор,
Тараҳҳум қил таъарруз қилма зинҳор.
(ба маънои “Биё, эй, ки аз ҳолу суҳбат хабардорӣ. Тараҳҳум кун, таъарруз макун зинҳор”).
Нусхаи хаттӣ дар соли 1210ҳ.қ./1795м. аз ҷониби котиб Абдулваҳоб ибни Мулло Мирназар дар Хуқанд китобат шудааст. Нусхаи болозикрро Муҳамадалии Саҳҳоф саҳифабандӣ намудааст.
Ҷилди китоб ранги қаҳваӣ дошта, гирдогирди он бо занҷираҳо ороиш ёфтааст. Ҷилдҳои пушт ва рўйи нусха яъне даффатайн аз ду турунҷ ва чаҳор сартурунҷ иборат буда, дар сартурунҷ «Амали Мулло Муҳаммадалӣ» ҳаккокӣ шудааст.
Рамзӣ Ҷумъақулов, сардори
шуъбаи Дастхатҳои Шарқ
ва китобҳои нодир