Адиб ва ҷомеа. Шарифбек Азизӣ: Муносибати хонанда таҷдиди назар мехоҳад

Ба андешаи банда, дар илми педагогика бари фаҳмидани ҳолати руҳию равонии хонанда Сухомлинский будан шарт нест. Педагогика ин, пеш аз ҳама ба ба насли наврас додани таҷрибаи ҳаётӣ буда, дар амал он бояд ба талаботи давру замон мувофиқ бошад. Дар зиндагӣ эҳтимол нафаре ёфт нашавад, ки давраи гоҳҳо хурсандибахш ва гоҳе дилгиркунандаи мактабиро пушти сар накарда бошад.
Кўдак аз лаҳзаи аввали ба остонаи мактаб қадам ниҳодан шояд ба гўшаи хотир ҳам наорад, ки акнун тайи даҳ солаҳо ўро лозим меояд, ки вобастаи тарбияи волидайну устодон, командирони қисмҳои низомӣ, сардорони идораю муассисаҳо ва ҳамсояҳо бошад. Барои дар дили кӯчаки кўдак бедор намудани шавқу рағбати навиштану хондан, волидайну устодонро лозим аст, ки қатраҳои зиёдеро аз хуни дили хеш кам кунанд.
Бехуда нагуфтаанд, ки «қарсак аз ду даст» ва агар дар тарбияи насли наврас мактаб ва оила аз як гиребон сарнабароранд, гумон аст ба дастоварду муваффақияте соҳиб шудан. Мутаассифона, чунин якдилӣ алҳол дар байни мактаб ва оилаҳо кам ба назар мерасад.
Кўдак аз рўи формулаи «дигарон чӣ гунае бошанд, ман низ бояд чунин бошам» амал мекунад ва агар ў ба муҳити носолим ва халқаи дўстони бадахлоқ афтад, волидайнро ба ғаму андўҳ гирифтор намуда, доғи сиёҳе дар ҷомеа мегузорад.
Чун мактаб аслан муассисаи давлатист, натиҷаи кораш танҳо ба манфиати давлату ҳукумат аст. Танҳо мактаб қодир аст, ки ба насли наврас тарзи зиндагиро дар ҷамъият омўзонад ва мақоми оиларо дар ниҳоди шогирд чун ниҳоди аввалин ва бузургтарини ҷамъият баланд бардорад. Аз ин рў, фаъолияти мактаб дар асоси нақшаю чорабиниҳо роҳандозӣ гардида, ба хонанда на танҳо дониш, балки интизоми қатъиро меомўзонад. Агар тартибу интизом набошад, ба гумон аст, ки хонанда вақти «қимати» хешро ба ҷойи бозӣ, назди тахтаи синф ва хондан сарф намояд. Маҳз ҳамин талаботи қатъии мактаб аст, ки хонанда дар вақти муайян донишу саводомўзӣ мекунад. Ба хонанда бояд имкон дод, ки баҳри омодагӣ ба мактаб ва дарстайёркунии хеш вақт ҷудо намояд.
Тафаккури инсонӣ хеле аҷиб ва мураккаб аст ва ў ҳамеша талош ба озодию растагорӣ дорад. Барои наврасон чунин озодӣ ин, пеш аз ҳама ба инобат гирифтани ҳуқуқҳои онҳост. Агар наврас поймол шудани ҳуқуқҳои хешро ҳис намояд, ў метавонад ба амале даст занад, ки оқибаташ хатарнок аст.
Дар педагогика омилҳои маҷбуркунӣ ва боваркунонии хонанда дар раванди дарс мавҷуд аст ва шакли дуюм беҳтарин намуди тарбия аст. Амали устоде, ки хонандаро бо роҳи дуюм (боваркунонӣ) ҳидоят мекунад, шоёни таҳсин аст.
Бояд иқрор шуд, ки муносибати хонанда ба таълим, ин пеш аз ҳама, ба шахсияти муаллим ва директори мактаб вобаста аст. Агар муаллим бадҷаҳлу асабӣ ва директор инсони мулоимтабиату бепарво бошад, дар таълиму тарбия натиҷаи назаррас ба даст намеояд. Мутаассифона, баъзе аз омўзгорон худпарастанд ва ҳамеша худро нисбат ба дигарон як сару гардан боло медонанд. Новобаста аз он ки хонанда дар зиндагӣ таҷрибаи кофӣ надорад, вале ў сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад ва нисбат ба инсонҳои худпарасту мағрур эътиқодаш коста мегардад ва майли омўзиши дарсҳои ўро надорад ва агар дар сари вақт директор «лаҷоми» чунин устодро накашад, вой бар холи хонанда…
Ҳолати дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳ шуда метавонад, ин ҳадафи асосии мактаб, яъне додани номаи камол ба ҷавонписарону ҷавондухтарон аст ва чун хонанда пой ба остонаи мактаб гузошт, бояд соҳиби «номаи камол» шавад, ҳол он ки раванди таълим муайян мекунад, ки на ҳама майлу рағбати хондан доранд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мо чандин маротиба ба нақшаи нави таълим гузаштем ва новобаста аз душвориҳои иқтисодӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ миллионҳо сомониро барои нашри китобҳои дарсӣ сарф карда, бо муқоваҳои зебо чоп намуд, вале ба ростӣ, хонандаи синфи панҷу шаш он тараф истад, ман худ баъзе аз он китобҳоро хонда, қариб чизе нафаҳмидам. Нафаре, ки барои кўдакон китоб менависад, наход андеша накунад, ки кўдак аз ин навиштаҳои ў ягон чизеро мефаҳмад ё не?
Рўдакию Фирдавсӣ, Абдуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонию Умари Хайём ифтихори ҳар як фарди ин кишвар аст, вале мо наметавонем аз Султонмуҳаммад Хоразмшоҳ, ки як давлати мутамарказро қариб бе ҷанг мутеи Чингизи муғул кард, ифтихор намоем.
Зиндагӣ бе камбудӣ нест ва агар ба хонандагон дар бораи гузаштаи хеш дарс мегўем, дар қатори дастовардҳо бояд аз давраҳои гузаштаи фоҷиабори миллат ҳам, ки чун доғи сиёҳе дар саҳфаи сафеди таърихи тоҷик мондаанд, ҳарф занем ва сабабҳои ҳар як нокомиро аз лиҳози таърихӣ баҳогузорӣ намоем.
Мегўянд, ки мактаб дар ҳама давру замон байни гузаштаю оянда барои насли наврас монанди пул аст.
Хонандаро дар ду муҳит: мактаб ва оила метавон дар рўҳияи ватандўстию инсондустӣ тарбия намуд. Агар чунин накунем, кўдак танбал ва худпараст мешавад.
Хонанда танҳо дар мактаб ба китоб дилбастагӣ пайдо мекунад, ки шунавандаи доимии хешро дошта бшад ва ба ҷуз муаллим бояд волидайн низ шунаванди доимии ў бошанд.
Мухолифати қатъӣ ба андешаи хонанда дар тафакури наврас суолҳои беохирро ба бор меорад, охир ҳаётро дар як чаҳорҷўба ҷо ба ҷо кардан имкон надорад, чунки зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи хешро дорад.
Гоҳҳо падару модарон дар тарбияи фарзандон худашон ба иштибоҳ роҳ медиҳанд, чунки тариқи восита барои хониши онҳо роҳ мекушоянд. Ин амал ҳаргиз боиси муҳаббати фарзанд ба волидайн шуда наметавонад, балки талаботи навбатии хонандаро рўӣи саҳна меорад.
Агар дастро болои сина гузошта, андеша намоем, ҷаҳони кўдак бо ҳама паҳлуҳои мураккабаш аз мо талаби зиёде надорад. Дар чорсўи зин- дагӣ фарзандон танҳо ба муҳаббати волидайн ва ба дастуру ҳидоятҳои онҳо ниёз доранд. Пас агар чуни наст, аз рўи виҷдон мо бояд фарзандр тарзе тарбия намоем, ки ў ҳаргиз бартарии хешро нисбат ба дигарон нишон надиҳад.
Агар ба зиндагӣ аз нигоҳи мантиқ назар афканем, решаи дарахт ба замин ва решаи инсоният ба гузашта мебарад. Хонанда бояд дар бораи таърихи миллати хеш ба таври кофӣ огоҳӣ дошта бошад ва на танҳо дар бораи миллат, балки дар бораи қавми хеш. Мактаб метавонад нигоҳи кудакро ба оламу одам тағйир диҳад, чунки хонанда рафта – рафта аз муҳити танг берун меояд ва нигҳи ў ба атрофиён ва мардуми ҷаҳон дигар мешавад.
Чун кўдак тарбияи асосиро дар оила мегирад, волидайнро лозим аст, ки сари ин масъала дуруст андеша намоянд.
Дар байни онҳое, ки акнун ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодаанд, ҳастанд нафароне, ки озодии мутлақро парастиш мекунанд ва пешравии ҷомеа саҳм гузоштан намехоҳанд, гурӯҳе кўшиш мекунанд, ки қоидаҳои умумибашариро вайрон накунанд ва баъзе аз ҷавонон кўшиш ба харҷ доданӣ мешаванд, ки камбудии хешро дар рафти таҳсил бо ҳаракатҳои фаъолонашон дар корҳои ҷамъиятӣ ҷуброн намоянд, чунки назари онҳо бар он аст, ки вақти китобхонӣ набуд ва акнун он тамоман нест, бехабар аз он ки ҳеҷ коре бе дониш ва бе китб ба сомон намерасад.
Дониш ин қувва аст ва маҳз дониш метавонад ҳаёти инсон ва пешравти ҷомеаро таъмин намояд.
МАНБАЪ: Шарифбек Азизӣ: “Каломи адиб, ин танҳо сухан нест…”. Душанбе, 2025.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Таҳияи Саломат Якубова,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.