Адибаи Азиз: Ишқи аввалини ман Сӯҳроби Рустам буд ё Ҳошим Гадо?…

 Шояд он замонҳо 16-17 сол доштам ва ошиқи достонҳои тӯфонӣ дар дунёи комилан дигаре аз ҳамдарсонам мезистам. Ошиқи қаҳрамони асарҳои бадеӣ, ошиқи Сӯҳроб аз “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ. Ба хотири ин қаҳрамон достони “Рустам ва Сӯҳроб”-ро пурра азёд медонистам ва дар озмуни умумиҷумҳуриявӣ соҳиби яке аз ҷойҳои сазовор шудам…

Ман пинҳонӣ аз ҳама дар дил ба худ қавл медодам, ки вақте ба Душанбе раваму донишҷӯй шавам, ба ҳар роҳе набошад, Сӯҳробро пайдо хоҳам кард! Ва ҳар боре, ки Сӯҳроб рӯи дастони Рустам ҷон медод, чӣ ашкҳои талхе мерехтам.

(Баъдҳо чӣ ишқеву чӣ номардӣ, чун сад осмон ашк рехтам, вале ашкҳое дар тақдири ман беқадру қиммат ва фаромӯшшуданӣ буданд…)

Мегуфтам, Худоё, Сӯҳроб дар нақш мурд, эй кош дар зиндагӣ зинда бошад!

Ман дар ҳамон филм САРНАВИШТРО НОМАРД хондам, вақте ки Таҳмина нӯшдору овард, хеле дер шуда буд(((

Баъди ин лутфи ту донӣ, ки ба чӣ мемонад?

Нӯшдору, ки пас аз марг ба Сӯҳроб диҳанд!

Вақте Гурдофарид савори асп мехост ба имдодаш коре кунад, аммо саманди бодпо ҳам орзуҳои моро ба унвони як тамошобин ба хок яксон намуд, ман фаҳмидам, ки ЗИНДАГӢ худ як фоҷеа аст, дигар чизе нест!

Донишҷӯи соли аввал будам, симҳои троллейбус канда шуданд, мо чанд нафар ҷавононон ба рӯи ҳам афтодем, аммо бозувони қавие маро аз миёни издиҳом иҷозати афтодан надод.

Хостам ба он марди беҳад хушпайкар ташаккур бигӯям ё намедонам маъзарат бихоҳам, сар боло кардам, ки Сӯҳроб зинда буд!

Ҳеҷ гоҳ ин қадар эҳсоси хушбахтӣ накардаам, ки он лаҳзаҳо))))

Ман зиндагиро дӯст доштам ва ошиқаш шудам ва тамоми қиссаро ба “Сӯҳроб” мӯ ба мӯ гуфтам.

Дар умрам покизатар ва мардтар аз Ҳошим Гадо дигар рӯ ба рӯ нашудам! Бахудо, ин ҳақиқат аст!

Бо ҳам пиёда ҷодаҳои шаҳрро қадам мезадем.

Мегуфту механид…

Солҳо парвоз карданд, аз он ба баъд ӯ зуд-зуд меҳмони идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” мешуд ва бо Абдулқодири Раҳим соатҳо сӯҳбат меорост.

Мегуфту мегирист…

Ман ҳам гӯш ба дардҳояш медодам, дилам месӯхт, вақте моҳиро аз об берун мекунанд, вақте актёрро аз театр дур, ҳарду ҳам як чизест!

Бо ҳамон портфели бузургаш, вале ғамҳояш ба маротиб бисёртар аз он варақҳое, ки портфелро пури пур кардаву рӯҳаш дар худаш намеғунҷид!

Китобҳояш беҳтарин асарҳои замони мост! Зеро захмҳои қалб бидуни риё, бо хуни қалам навиштааст…

-Магар дар ҷаҳон касе Ҳомлетро аз Ҳошим Гадо беҳтар иҷро кардааст?

-НЕ!

Сӯҳробро ҳамчунин ҳеҷ ҳунарпешаи дигар чун ӯ офарида наметавонад.

Мо миллати хушбахтем, зеро Ҳошим Гадо дорем.

Аммо бузургони зиндаи худро қабл аз маргашон мекушем…

Вақте истеъдод дар паскӯчаҳои тангу торики зиндагӣ афтод, бидуни тардид марги тадриҷиаш фаро мерасад.

Мо ҳастем, ки онҳоро дар хиёбонҳо ҳамоғӯши ғамҳо мегузорем, дар утоқҳои сард бо ҳазорон дард танҳо мегузорем. Вале дар манзилҳои гарм филмҳои онҳоро бошавқ тамошо мекунему китобҳои эшонро бозавқ мехонем.

МО ҲАСТЕМ, КИ ТАЛАНТҲОИ ХУДРО ФАҚАТ АЗ ДУРИҲОИ ДУР ДӮСТ МЕДОРЕМ…

МО ГАВҲАРНОШИНОСЕМУ ТАМОМ.

БИГЗОР НӮШБОДИ САДСОЛАГӢ БАРДОРЕМ.

ТАВАЛЛУДАТ МУБОРАК, ҲОШИМ ГАДО

Адибаи Азиз, шоира