Адибони маъруф ва гурба. Сарчашмаи ин муҳаббат куҷост?

сэмюэл клеменс

Нависандаи армикоӣ Сэмюэл Клеменс, ки оламиён ӯро бо номи Марк Твен мешиносанд, ҳамеша гурбаҳоро дӯст медошт ва ба онҳо муҳаббати хоса дошт. Вақте оиладор шуду соҳиби фарзандон гашт, ба он исрор меварзид, ки бачаҳо ва ҳайвонот бояд канори ҳам бузург шаванд. Вай ба духтаронаш ҳамеша мегуфт, ки гурбаҳо ва ҳайвоноти дигар то ҷое хубтару аҷоибтар аз одамонанд.

Нависанда ба духтаронаш иҷозат медод, ки бештар вақти худро бо сангпуштон, санҷобҳо, сагҳо ва гурбаҳое, ки дар работи онҳо дар Коннектикут ҳаёт ба сар мебурданд, гузаронанд.

сэмюэл клеменсБаъдан, вақта нависандаи машҳур шуд ва дар олам ӯро шинохтанд, гуфт: “Аз ҳама офаридаҳои Худованд танҳо гурба барои бардагӣ офарида нашудааст. Агар одамон метавонистанд, ки бо гурбаҳо ҷуфтӣ шаванд, аз ин инсонҳо бурд мекарданд, вале бар зарари гурбаҳо анҷом мешуд”.

Баъдан маълум шуд, ки адбиби оламшумул аз ҳама ҳайвоноти олам бештар гурбаҳоро дӯст медошт ва таваҷҷуҳаш зиёдтар ба гурбаҳои меҳрубон ҷалб шуда буд. Ва ӯ шарҳ медод: “Ман аслан наметавонам бо гурба, ба хусус хур-хури вай муқовимат кунам. Инҳо хеле офаридаҳои мураккаб ва донову закианд, ки ман медонам, албатта ба истиснои духтаре, ки дӯсташ медорам”.

Сэмюэл Клеменс гурбаҳои зиёдро мепарварид ва ҳамаи онҳо номҳои ҷолибу зебову ғалатие доштанд: Апполинарис, Геклберри, Сейтан (Шайтон), Блэтерскайт (Ҳарзагӯ), Син (Гуноҳ), Зороастр, Тамани ғайра. Ва боз ин номгузориҳоро шарҳ ҳам медод: “Ин на аз кинаву адовату душманист, ки чунин номҳо мегузорам, балки ба он хотир, ки фарзандонамро ба он одат кунонам, ки номҳои дарозу мушкилро бехато тавонанд ба забон оранд”.

Наздиконаш ба ёд меоранд, ки ҳатто агар ба ғазаб меомад, чун гурбаҳо бинӣ боло мекашид ва духтаронаш дар чунин ҳолатҳо падарашонро “гурбаи ғазаболули бевиқор” меномиданд ва баъзан ҳатто ба мисли падарашон ба гурбаҳо тақлид мекарданд.

жан кокто

Нависанда, шоир, драматург ва синамогари фаронсавӣ ЖАН КОКТО ба ин назар буд, ки гурбаҳо дар як олами ба худ хоси тасаввуф ҳаёт ба сар мебаранд ва онҳо дар ҳаёт бештар аз одамон медонанд, зеро ашёҳоро дигаргуна мебинанд. Ин адиб аз дигарон даъват мекард, ки сомонае, ки бо номи “Анҷумани дӯстодрони гурбаҳо” ташкил кардааст, шомил шаванд ва ҳатто барои ин нишона ҳам сохта буд.

Дорандаи ҷоизаи Нобел Эрнест Хемингуэй низ аз гурбадорони шинохта буд. Соли 1935 дӯсташ капитан Стенли Декстер барояш як гурбае аз зоти мейн-кун овард, ки дар панҷааш шаш ангушт дошт (маъмулан ин гуна гурбаҳоро тилисми маллоҳон ва шикорчиён медонанд ва нависанда ва журналисти маъруфи амрикоӣ ба ин шуғл дода шуда буд).

То ин замон адиби маъруф ба шароб дил баста буд ва баъди он ки барояш ин гурбаро тақдим карданд, ӯ соҳиби шуғли дигар ҳам шуд. Адиб ин пашминаи хурдакакро Сноубол номид, ки тарҷумааш лундаи барф мешавад. Вай мегуфт: “Гурба виҷдони поки муассир дорад: одамон бо ин ё сабабе ин гуна эҳсосашонро метавонанд рӯпӯш кунанд, вале гурбаҳо на”.

сэмюэл клеменс

Баъди ин пирамард Хэм гурбаҳои зиёдеро дар работи худ ҷамъ оварда буд ва дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳон шумори онҳо аз бист адад ҳам гузашт. Ва агар дар соли 1920 вай навишта буд, ки ӯ ва ҳамсараш ба ҳадде фақиру нодоранд, ки ҳатто гурбаеро ҳам наметавонанд дар хона нигоҳ доранд, дар охири умраш дар қаламрави будубоши вай 57 гурба зиндагӣ мекард – салтанати гурбаҳо! Ва хуҷаинони хонаву манзили ӯ маҳз ҳамин гурбаҳо буданд. Имрӯз ҳам дар хона-музеи адиб бештар аз 60 гурба вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳо аз насли ҳамон гурбаҳое мебошанд, ки замоне бо Хеменгуей мезистанд.

Шоир Иосиф Бродский боре ба Людмила Штерн гуфта буд: «Таваҷҷуҳ кунед – гурбаҳо аслан ягон ҳаракати ноҷо ва нозебо надоранд”. Ин адиб низ аз ҷавонӣ бо гурбаҳо хӯ гирифта буд ва ҳамеша дар хона гурба дошт.

Вақте аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Амрико ҳиҷрат кард, ӯро  танҳо ҳамсараш Мария ва гурбааш Миссисипи ҳамроҳӣ мекарданд. Перт Вайл навишта буд, ки адиб ва Миссисипи ҳаргиз аз ҳам ҷудо набуданд, аз ин рӯ, вақте ҳамсараш ба ғизо даъват мекард, мегуфт: “Эй, гурбаҳо ку биёед ин ҷо!” ва онҳо филҳол ҳозир мешуданд.

Нависанда ва шоири маъруфи амрикоӣ ЧАРЛЗ БУКОВСКИ низ гурбадӯстдор буд. Дар ҳикояи “Писари якрав” нависанда эътироф карда буд, ки на машрубот ва на занон, балки маҳз гурбаҳо сарчашмаи илҳомаш буданд. Ҳатто соли 1987 вай дар суҳбаташ бо нашрияи  «Interview» гуфта буд: “Хуб аст, ки як дастаи гурбаҳо дар атрофат сайр кунанд. Агар худро носолим ҳисс мекунӣ, пас ба гурбаҳо бинигар ва ба зудӣ ҳолат хуб мешавад, зеро онҳо ҳама чизро медонанд. Ҳеч чиз онҳоро шигифтзада намекунад. Онҳо танҳо ҳама чиро медонанд”.

Аз “Новости литературы»
(/novostiliteratury.ru)
таҳияи Б.Шафеъ.