“Адибони Тоҷикистон”, ки соли пор чоп шуд, чӣ китобест?

Адибони ТоҷикистонСеюмин қисми “Адибони Тоҷикистон” ба сифати тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорон  соли 2024 бо талоши шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода чоп шуд. Мураттиб Ҷӯрабой Раҷабов, муҳаррир номзади илмҳои филологӣ Ҳадятуллоҳи Амриддин, муқарриз Гадобек Маҳмудов.

Ҷустуҷӯи библиографии Аниса Ғозизода, Гулноза Саидова ва Суман Суюнова.

Бешаку тардид дастур барои тарғиби асарҳои адибони муосири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Кароматулло Мирзоев, Ҷамолиддин Тошматов ва адабиёт дар бораи онҳо ба китобдорону хонандагон ва аҳолии мамлакат мадад мерасонад.

Тавре дар сарсухан омадааст, дар дастур мустақиман нуҳ тавсияҳои методӣ дар бораи маъруфтарин чеҳраҳои адабии муосир пешкаш шудааст ва дар ҳамаи онҳо аввалан тавсияҳо ба китобдорон, сипас шаклу намудҳои корҳои оммавӣ ва баъдан адабиёти зарурӣ барои истифода дар баргузории чорабиниҳо оварда шудааст.

Дастур нақшаи ташкили намоиши китоби адиби мавриди назарро дар бар гирифтааст.

Ба китобдорон тавсия дода шудааст, ки дар баргузории ҳар гуна маҳфилҳои адабӣ, мизҳои гирд, семинару конфронсҳо бо омўзгорон, муҳаққиқони осори абид, кормандони фар­ҳангу ҳунар, васоити ахбори умум ва адибон ҳамкорӣ кунанд, зеро шавқовару дилнишин гузаштани ҳар гуна маҳфил вобаста ба рангорангии он аст.

Дастур аз устоди назми оламгир Абулқосим Лоҳутӣ оғоз шуда ва мураттибон аввал кӯшидаанд хонандаро бо зиндагиномаи адиби номвар ошно созанд.

Лоҳутӣ зода ва парвардаи хоки Эрон аст, мутаваллиди Кирмоншоҳ, ки имсол ба таваллудаш 137 сол пур мешавад. Таҳиягарони китоб ба ин назаранд, ки китобдорони китобхонаҳои ҷумҳуриро лозим аст, ки минбаъд бо маҳфилҳои дилнишин бо истифода аз ҳама имкониятҳо осори гаронмояи шоирро тарғиб намоянд. Дар онҳо гурўҳи васеи хонандагон, толибилмонро ҷалб намуда, гузаронидани суҳбату вохўрӣ, конфронси хонан­дагон, шабҳои адабӣ, таъсиси намоиши китобиро ба роҳ монанд. Тавсия дода шудааст, ки дар ин гуна ҳамоишҳо китобдорон ҳатман бо бахшу шуъбаҳои Иттифоқи нави­сандагон дар минтақа, дастаи ҳаваскорони санъати маҳал ва дигарон ҳамкорӣ кунанд. Маслиҳатҳои методии мазкур танҳо роҳнамое барои китобдорон мебошанд. Дар он чанд шакли баргузории корҳои оммавӣ пешниҳод шудааст.

Мураттибон кӯшидаанд як матни намунавии зиндагинома ва осори адибро дар китоб ҷо диҳанд, то чун раҳнамо дар роҳандозии маҳфил дар бораи адиби маъруф хидмат кунад.

Тарҳи намоиши китоб, нақшаи маҳфили адабӣ, намунаҳо аз ситоиши шахсиятҳо аз Лоҳутӣ низ дар китоб ҷо дода шудааст.

Ба ҳамин тартиб китоби раҳнамои “Адибони Тоҷикистон” дар бораи удабои дигаре, ки зикрашон дар боло рафт, дастурҳо омода ва ба китобдорон пешкаш кардаанд.

Гулрӯ Исмоилова