Ҳадиси навои қонун
Дурбат. Деҳаи хушманзара, ки аз маркази шаҳри Ҳисор панҷ км дуртар воқеъ аст. Пирони кордидаи рӯзгор аз таърихи қадимаи он ҳикояву ривоятҳои зиёдеро бозгӯ мекунанд.
Дар ҳамин деҳаи афсонавӣ дар ҳавлии яке аз бошандагони он Мардонов Аҳмади Ҳисорӣ писараке чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ба дунё омадани ин тифли навзод дар рӯзгори хонавода нишоту шодмони зиёд овард. Ба ӯ Бахтиёр ном гузоштанд.
Ҳанӯз сесола буд, ки дарки мусиқифаҳмияш эҳсос мешуд. Ба осонӣ мусиқию сурудро аз худ менамуд. Модар бо сурудаҳои аллаву дубайтиҳои сари полизи ҳавлӣ, падар бо созҳои мусиқӣ фарзандро бо савту навоҳои дилнишин қарин мекарданд. Падар, ки омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик буд истеъдоди фитрии фарзандашро мушоҳида кард. Ин буд, ки Бахтиёрро сози мусиқии рубоб ва ҳунари овозхонӣ ошно намуд.
Соли 1969 Бахтиёр Мардоновро падар ба МТУ- и №2- и шаҳри Ҳисор бурд, ки он ҷо ҳашт сол таҳсил кард. Дар мактаби мусиқии шаҳри Ҳисор низ таълим мегирифт.
Мактаби мусиқӣ муносибати Бахтиёри наврасро ба мусиқӣ комилан дигар кард. Устодон гиреҳҳои дунёи ҳунарро ба рӯяш осон боз мекарданд. Бо ҳидояти падар ба омӯхтани сози мусиқии чанг оғоз кард. Дар ин ҷода устодони аввалинаш Саъдулло Саидов ва Ҷамолиддин Мақсудов буданд.
Бахтиёр бо шеваҳои хоси навозиши сози чанг бештар огоҳ мегардид. Мактаби санъат барояш азиз буд. Сари сози мусиқӣ менишаст ва бо кайфияти тамом менавохт. Аз этюдҳо – оҳангҳои хурди бастакорон сар кард ва билохира дар навохтани асарҳои халқӣ ва ниёгон, фалакиву шашмақом тавоно шуд. Даҳ сол бад ин минвол сипарӣ шуд ва ӯ соли 1974 мактаби мусиқиро хатм кард.
Бахтиёр Мардонов барои тақвияти маҳорат ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов супорид. Пеши устоди соҳибтаҷрибаи сози мусиқии чанг Хушназар Рӯзадоров шогирдӣ кард.
Муҳаббати беандоза ба ҳунари ромишгарӣ Бахтиёр Мардоновро ба даргоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард. Дар ин даргоҳ ҳунари мусиқиро амиқтар фаро гирифт.
Мурғи дилаш дар парвоз буду ҷиддӣ ба дарсҳои устодон хоса омӯзишҳои омӯзгори ихтисоси сози чанг, номзади илмҳои санъатшиносӣ Малика Мустафина таваҷҷуҳ мекард.
Ба Бахтиёр муяссар гашт дар ҳамоҳангӣ бо ансамлбҳои халқии институт ва оркестри асбобҳои халқ, дар ҳамовозии фортепиано чандин асарҳо, аз қабили «Қалъабандӣ» оҳанги Акашариф Ҷӯраев, «Боди сабо» оҳанги Донӣ Зокиров, «Муноҷот», «Соқиномаи савти калон» навои классикӣ ва ғайраҳоро, дар консертҳои ҳисоботӣ иҷро намояд.
Ба ӯ муяссар шуд, ки аз муҳаққиқон, донандагону ромишгарон, тарғибгарони мусиқии шифоҳию классикии тоҷик Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов ва Аслиддин Низомов ҳамоҳангии сози чанг бо ансамблҳои дигарро омӯзад.
Бо сози чанг навохтани оҳангҳои Боймуҳаммад Ниёзов “Бар лаби дарё биё”, “Боди сабо”, “Ҷам – Ҷама”, оҳангҳои халқии “Муноҷот”, “Наврӯзи Аҷам”, оҳанги Ҳоҷӣ Абдулазиз “Гулъузорам”, оҳангҳои классикии “Гиря” аз мақоми панҷум, “Чоргоҳ”, “Чӯли Ироқ”, “Сарахбори Бузург”, “Соқиномаи савти калон” аз мақоми “Дугоҳ”, “Талқинчаи сабо” аз мақоми Рост, “Мушкилоти дугоҳ”, “Муғулчаи дугоҳ”, “Талқинчаи мустаҳзоди наво” барои Бахтиёр Мардонов ҳаловатбахш буд.
Заҳматҳои дар самти чангнавозӣ ӯро миёни ҳамсабақону устодон маҳбуб гардонид. Дар сабқатҳои эҷодӣ, озмунҳои ҳунарӣ ва барномаҳои телевизионӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаву дипломҳо гардид. Ниҳоят соли 1983 Институти давлатии санъати Тоҷикистон ҳоло ДДФСТ – ро бо ихтисоси чанг, бо дипломи аъло хатм намуд.
Пас аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти кориро чун омӯзгор дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ҳисор, солҳои 1986 – 1991 ҳамчун мутриби сози чанг ва қонун дар ансамбли “Ганҷина” (таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов) бо ансамбли “Падида”, (таҳти роҳбарии Шарофат Рашидова), инчунин, бо ансамбли “Саидон” (бо роҳбарии устоди санъат, шодравон Нуралӣ Додарбеков), идома бахшидааст. Ҷуз ин, дар мактаби миёнаи рақами 21- и шаҳри Ҳисор аз фанни мусиқӣ ва суруд дарс гуфтааст.
Алҳол ӯ омӯзгор аст. 42 сол мешавад, ки фаъолияти омӯзгориву ҳунарӣ дорад ва дар тарбияи насли наврас ва сайқал додани ҳунару истеъдодҳои онҳо саҳми худро гузошта истодааст. Шогирдони ӯ аз қабили Муҳаммадалӣ Машрапов, Эҳсони Наҷмиддин ва дигарон пайрави ин касби пуршараф мебошанд.
Бахтиёр Мардонов ба зиёда аз 20 мамлакати дунё, аз ҷумла Ҳоланд, Эрон, Афғонистон, Туркия, Дубай, Оман, Россия ва дигар мамлакатҳои Осиёи Миёна сафарҳои ҳунарӣ намуда, дар фестивалҳо ва симпозиуму озмунҳо иштирок намудааст.
Ӯ бо устодони санъат, ҳунармандони касбӣ ва сарояндагони маҳбуби кишвар аз ҷумла бо Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Тағоймурод Хушвахтов, Парда Қосим, Тоҷиддин Муҳиддинов, Ҷумъахон Сафаров, Одина Ҳошимов, Раҳматулло Ҳошимов, Нуралӣ Додарбеков, Сурайё Қосимова, Афзалшо Шодиев, Кароматулло Қурбонов, Лола Азизова, Хурсандмурод Зарипов, Олим Бобоев, Ҳаётой Муъминова, Аҳмадҷон Муҳаммадиев ва дигарон ҳамкории эҷодӣ дошта, таваҷҷуҳ ва эҳтироми устодонро ба даст овардааст.
Соли 1986 бо Алмос Абдуллоев – аввалин шахсе, ки сози қонунро ба Тоҷикистон оварда, ба таълими он асос гузоштааст, шиносоӣ пайдо карда, асрори навозиши ин сози дилраборо аз ӯ омӯхтааст.
Соли 1983 овозхони маҳбуб Муродбек Насриддинов сози мусиқии қонунро ба Бахтиёр Мардонов туҳфа намудаанд. Бо гузашти айём,ки созаш каме фарсуда шуда, (дар замони Шуравӣ имкони дастраси қонун аз хориҷ набуд) устод Бахтиёр Мардонов чун худомӯз ба ҳунари созтарошӣ рӯ овард. Аз соли 2006 тақрибан 18 сол бо ҳунари созтарошӣ низ машғуланду то ин замон 25 қонун сохтаанд. Дар байни онҳо қонунҳои электрикии пурқувват низ ҳастанд. Бештари қонуннавозон аз созҳои тарошидаи устод истифода мебаранд. Пас аз он, ки бо ҳунари созтарошӣ машғул шуда, устоди ин касб гардиданд, чун нишонаи сипосу миннатдорӣ ба Муродбек Насриддинов сози қонун туҳфа намуданд.
Яке аз хизматҳои бузурги устод дар соҳаи санъату ҳунар ин аст, ки бо муқоисаву мушоҳида бидуни устод, аз таҷрибаҳои хеш ба касби ниҳоят душвор – созтарошии сози қонун рӯ оварда, нозукиҳои ин ҳунарро аз худ кардаанд. На ҳар устои созтарош аз ӯҳдаи сохтани сози қонун баромада метавонад. Сабаби муваффақ гардидани Бахтиёр Мардонов дар ин аст, ки худ навозандаи хуби ин созанд.
Бахтиёр Мардонов мегӯянд: “Ҳамеша омодаам ба ҷавонону наврасон донишу маҳорати касбкардаамро омӯзонам, роҳнамояшон дар ҷодаи ҳунар бошам” Ҳидоятҳои ӯ ҳамеша хоксоронаву самимона ва дилсӯзонаанд. Мо дар зиндагӣ ва роҳи эҷод барояшон барор мехоҳем.
Ёсуман Шокирова, ходими хурди илмии шуъбаи санъатшиносии раёсати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон