Қадрдонии ғолибони маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ”

Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили навбатии “Китобхони беҳтарини моҳ”-ро баргузор карда, ғолибонро бо Сипоснома, медал ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Дирӯз дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” бо иштироки хонандагони фаъоли шуъбаи мазкур баргузор карда шуд. Дар маҳфил китобхонони беҳтарини моҳҳои феврал ва март дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон муайян гардида, бо Сипосномаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, медал ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Фарҳод Худойназаров хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мутолиаи 190 асар “Китобхони беҳтарини моҳ” дар моҳи феврал эълон гардид.

Ғолиби дигари маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” Холисамоҳ Мирзоалиева, хонандаи синфи 7-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 и ноҳияи Восеъ дониста шуд. Холисамоҳ мегӯяд, тули 4 моҳ мешавад аъзои шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳастам ва аз рӯзе, ки эълони маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ”-ро дидам, тасмим гирифтам, иштирок карда ғолиб гардам. Ин хонандаи фаъоли мо зиёда аз 200 асари бачагонаро давоми моҳи марти соли равон дар шуъбаи адабиёти бачагона мутолиа карда ғолиби маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” гардидааст.

Бояд гуфт, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ҳамчун ташабускори асосии ин маҳфил дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон” талош мекунад, то баҳри ҳавасманднамоии бачаҳо ба китобу китобхонӣ ва китобхона саҳми босазои худро гузорад.

Дар шуъбаи мазкур дигар маҳфилу чорабиниҳо низ пайваста доир гардида, ба онҳо хонандагони фаъоли шуъба ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла маҳфили “Дар суҳбати адиб”, “Фурӯғ” “Китоби нав”, “Панҷаи ҳунар” аз чорабиниҳое мебошанд, ки  дар шуъбаи бачагона амал мекунанд ва хонандагон  метавонанд, дар чунин маҳфилу чорабиниҳо ширкат ва донишу маҳорати худро сайқал диҳанд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа