Қадршиносии Ҳукумати ноҳияи Шаҳринав аз як корманди Китобхонаи миллӣ
Корманди Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ Фирӯза Раҳимова барои омода намудани шогирдон ба даври ноҳиявии озмун ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз шуд. Ифтихорнома бо имзои Раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода ба Фирӯза Раҳимова тақдим гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дорои кулли китобҳое мебошад, ки барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” номбар шудаанд. Кормандони Шуъба ҳамвора ба касоне, ки худро дар ширкат ба ин озмун омода мекунанд, кумаки амалӣ мерасонанд.
Аксари хонадагон-довталабони озмун дар номинаи адабиёти бачагона аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он дар ҳамин толори хониш китобҳои заруриро пайдо ва мутолиа менамоянд.