Ҳафиз РАҲМОН: Озмун бояд сабқати ақлҳо бошад, на чизи дигар…
(Мусоҳибаи мухтасар бо яке аз доварони озмуни “Фурӯғ” адабиётшинос ва публитсист Ҳафиз Раҳмон аз номинаи “Адабиёти ҷаҳон”)
– Шумо аз зумраи довароне ҳастед, ки таассуротатонро филҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён мекунед. Азбаски то кунун чизе аз озмуни имсола аз шумо нахондам, мехостам аввалин суолам аз таассуротатон аз рӯзҳои аввали озмуни имсола бошад. Бифармоед.
Ҳафиз Раҳмон: Ин озмун идомаи озмуни гузашта аст. Вижагӣ ин аст, ки шумори асарҳои хондашудаи довталабон зиёд шудаст. Фаразан, як духтаре аз ноҳияи Бӯстон фақат аз эҷодиёти Эдгард Аллан По, ки дар жанри детектив, эҷод мекунад, 19 асар хондааст. Онҳое низ ҳастанд, ки берун аз низомнома, яъне аз осори адибоне, ки номашон дар низомнома зикр нашудааст, китоб хондаанд. Ин албатта, тамоюли хуб аст. Зеро хондани адабиёт кори иҷборӣ нест, ки фалон асарро хону фалонашро нахон. Ҳар кас мувофиқи завқу фаросаташ мехонад.
– Талабот барои асарҳои мутолиашаванда аз қабл эълон мешуд. Аз назари шумо ин водор кардану маҷбур кардани хонанда нест, ки маҳз бояд чиро бихонад?
Ҳафиз Раҳмон: Банда яке аз муаллифони низомнома ҳастам, он як дастури тавсиявист, яъне аз ҳамин доира метавонанд мутолиа намоянд. Чунки дар адабиёти ҷаҳон асарҳое ҳастанд, ки барои қишрҳои алоҳидаи ҷомеа эҷод шудаанд. Яъне аз рӯи принсипҳои ахлоқиву маърифативу маънавӣ. Асарҳое ҳаст, ки ба синну соли наврасон мувофиқ нест. Қиссаву романҳое ҳастанд, ки лаҳзаҳои шаҳвонӣ дорад. Ин гуна асарҳо ба синну сол ва ҷаҳонбинии наврасони мо, ахлоқу маънавияти мо мувофиқ нестанд. Дар адабиёт ин гуна чизҳо бисёр аст. Фаразан, дар асри 18 ва 19 адибоне буданд, ки танҳо барои қонеъ кардани талаботи завқии аҳли дарбор менавиштанд.
Аз довталабон вақте чуқуртар аз муҳтавои асар мепурсед, аз ҷаҳонбинии адиб мепурсед, дармемонанд. Чаро? Чунки ҳадафи эҷодӣ ва баъзе афкори ҷолибу арзишманди адиб, ғояи асарро намедонанд. Бо мундариҷаи асар аз интернет ошно мешаванд, ба таври умумӣ шиносоӣ пайдо мекунанд, аммо асарро аз аввал то ахир нахондаанд. Мисли ин ки ман бо шумо ошно мешавам, ному насабатонро медонам, дар куҷо, ба сифати кӣ кор карданатонро мефаҳмам. Як иттилоъи умумӣ дар бораи шумо ҳосил мекунам, на аз ин беш.
Ин ҳам бад нест, ки довталабон бо мундариҷаи асарҳо ошно мешаванд, аммо мутолиаи пурраи асари бадеӣ дигар аст, вай омодагии руҳиро талаб мекунад. Масалан, агар хонандаи синфи 6-ум асарҳои Кафка, Пруст ё Ҷойсро хонад, чизе намефаҳмад. Ин муаллифон барои ман, ки таҷрибаи сисолаи мутолиа дорам, душвор аст, чӣ расад ба хонандаи синфи 6-ум?
Дар вилояту ноҳияҳо бояд одамони босаводе бошанд, ки кӯдакону ҷавононро раҳнамоӣ кунанд. Асарҳоро мувофиқ ба синну соли наврасон тавсия диҳанд.
– Шумо худ як нафари сермутолиа ҳастед ва ҳоло гумонам ин ҳақро доред, ки дар бораи китобхонӣ тавсияҳо бидиҳед. Ва агар дар поёни озмун дар мулоқоте ширкаткунандаҳои ноком аз шумо ҳамин суолро кунанд, чӣ посух медодед?
Ҳафиз Раҳмон: Озмун як ҷиҳати хуб дорад, ки инсонро раҳнамоӣ мекунад барои фаҳму дарки бештари ҳаёт ва олами ашё, яъне инсонро ба камолоти маънавӣ мебарад. Аз сӯи дигар, агар иштироккунанда бо ҳамин 8-10 китоби душворхон, душворфаҳм, душвордарк, рӯ ба рӯ шавад, аз китобхонӣ дилаш мемонад, китоб ба дилаш мезанад. Мегӯяд беҳтараш афсонаву ривоятҳо мехонам.
Китоб бояд инсонро рӯҳбаланд кунад, на дилшикаставу рӯҳафтода. Ин чиз бисёр муҳим аст. Вақте ки довталабон омодагӣ мебинанд, бояд аз китобҳои сода ба мураккаб гузаранд. Яъне аз асарҳои сужаашон нисбатан сода, вуқуънигорӣ (реалистӣ) мутолиаро шурӯъ намоянд. Сипас метавонанд асарҳои дар заминаи ҷараёнҳои сюрреализм, модернизму постмодернизм, символизм ва ғайраҳо таълифшударо бихонанд. Аз сода ба мураккаб рафтан роҳи беҳтарин аст.
Ба ин озмун як чизи муҳим бояд хос бошад: пас аз мутолиаи китоб довталабон андешаи худашонро ҳосил кунанд. Масалан, ман бо шумо шинос мешавам, дар бораи шумо як фикри муайян дар зеҳни ман пайдо мешавад. Мисли ҳамин аз мутолиаи китоб бояд андешаи хусусӣ пайдо шавад, дунёи ботинии хонанда тағйир ёбад. Вагарна аз китоб хондан чӣ фоида?
Ғизоро барои он мехӯред, ки тавони ҷисмонӣ пайдо кунед ва корҳоятонро анҷом диҳед. Китобро одам барои он мехонад, ки бо андешаи нав мусаллаҳ шавад, дар ҳалли ҳама гуна мушкилот андеша дошта бошад. Муҳим ин аст, ки ҷаҳонбинии ҷавонон ба таври дуруст шакл бигирад, ба қадри арзишҳои милливу умумимилӣ, ахлоқиву маънавӣ ва ҳаётӣ бирасанд ва шахсиятҳои барои ислоҳи ҷомеа сазовор ба камол бирасанд. Китоб барои ҳамин лозим аст. Китоб барои доноӣ лозим нест. Бисёриҳо мегӯянд, ман китоб мехонам, доно ҳастам. Не, китоб барои доноӣ нест, барои хирадманд шудан аст. Кӯдакро бинед дар чилрӯзагӣ бӯйи модари худашро ҳис мекунад, ба модари дигар наздик баред, мефаҳмад. Ин ақли фитрӣ аст. Ақл кай ба хирад табдил меёбад? Аз таҷрибаи зиндагӣ, аз мушоҳидаҳо, аз муроқибаҳо, аз мутолиаи зиёд. Китоб ягона воситаест, ки инсонро аз сатҳи ақлонӣ ба сатҳи хирадмандӣ мебарад. Мушоҳида мекунам, ки духтару писарҳои зебо мегӯянд, ман фалон қадар китобро хондам, яъне мусобиқа мекунанд. Мусобиқа бояд набошад.
– Дар озмунҳои гузашта аз вуруди шахсони тасодуфӣ ба даври ниҳоӣ зиёд мегуфтанд. Имсол чӣ?
Ҳафиз Раҳмон: Имсол ҳам мутаассифона, ин ҳолатро мебинем. Алакай дар ду рӯзи аввале, ки ширкаткунандагони номинаи мо пурсида мешаванд, ба чунин шахсон дучор омадем. Агар як қисми довталабон ба хотири маблағ биёянд, қисми дигар ба хотири намояндагӣ аз ноҳияашон меоянд. Масалан, дирӯз ду наврасро аз як ноҳия фиристоданд, тасаввури дуруст надоранд. Ноҳияашонро намегӯям, ки хафа нашаванд. Барои чӣ фиристоданд? Барои он, ки аз раиси ноҳия гап нашунаванд, аз мудири маориф ва боз ким-киҳо гап нашунаванд. Чӣ лозим онҳоро фиристодан, чӣ лозим онҳоро саргардон кардан? Ин қадар роҳро тай кардан, маблағ сарф кардан чӣ зарурат дорад?
Ин ҷо бояд беҳтарини беҳтаринҳо иштирок кунанд. Дирӯз як довталаб рӯйхати калонро пешниҳод кард. Баъди пурсиш маълум шуд, ки хондааст, аммо ба хотири “хондан”. Ҳамон тавре ки дар адабиёту фарҳанг консепсияе ҳаст: “ҳунар барои ҳунар” (искусство для искусства). Ин ҷо ҳам чунин принсип идома мекунад: “хондан барои хондан”… Коре бояд кард, ки муҳаббат ба китоб пайдо шавад, ин муҳим аст…
– Рисолати озмунро дар чӣ мебинед?
Ҳафиз Раҳмон: Рисолати бузурги озмун бояд ҳамин бошад, ки қишри босавод аз ҳисоби наврасону ҷавонон ташаккул ёбад ва ҳамасола афзун шавад. Ин кор вақте мешавад, ки наврасону ҷавонон аввал тарзи дурусти интихоб ва мутолиаи асари бадеиро азбар кунанд. Барои онҳо муаллимони раҳнамо лозим аст, то ки дар ҷангали китоб раҳгум назананд, баъди мутолиа дар бораи ин ё он китоб андешаи худро дошта бошанд, аз андешаи донишмандон дар бораи асарҳои бадеӣ ва мухтассоти онҳо огоҳ шаванд…
Хулоса, як олам кор асту як олам гап. Камаш 10-15 сол лозим аст, ки ин озмун шакл ва мазмуни дуруст пайдо кунад, такмил ёбад ва барои миллат манфиат расонад. Албатта, агар ҳамасола баргузор шавад.
- Барои суҳбат сипос.
- Ба Шумо низ.
Суҳбаторо Раҳима БОБОЕВА