Ҳафиз Раҳмон: Китобхонаи миллӣ: ним рӯз кор кардаму як олам таассурот гирифтам…

Hafiz-Rahmon(Рэй Брэдбери: “Пул надоштам, ки ба донишгоҳ дохил шавам, ҳафтае се рӯз ба китобхона мерафтам. Дар 27-солагӣ ба ҷойи донишгоҳ китобхонаро хатм кардам…”.)

Муддати мадиде ба Китобхонаи миллӣ корам науфтода буд, зеро шукр, ки як хона китоб дар хона дорам… Ду рӯз пеш ба он ҷо рафтам, то аз таърихи баррасии пажуҳише огоҳ шавам. Шояд андаке барвақт рафта будам, зеро даро-буро акнун сар шуда буд. Хостам то ҷобаҷошавии кормандон ҷойе қаҳва бинӯшам. Ҳуҷраи муовини директори ин сохтор Ҷалолиддин Нуровро боз дидаму сар задам. Фурсати нӯш кардани як финҷон қаҳва суҳбатамон аз мавзуоти гуногун буд, аз ҷумла бархе навгониҳои ин даргаҳи маърифат.

Дар шуъбаи библиографияи миллӣ баробари он ки кори худро анҷом медодам, корманди ин сохтор Зафар Ғолибов хеле хушнудам кард. Гап сари ин ки кайҳо 7-8 мақолаи оғози солҳои дуҳазорум эҷодкардаамро мекофтам ва ҳеҷ пайдо намекардам. На нусхае ҳифз шуда буд ва на нашрияҳое, ки дар онҳо чоп шуда буданд. Зафар маро сари роёна бурд ва наздики 200 мақолаи бандаро, ки дар феҳристи алоҳида гирдоварӣ шуда буданд, нишон дод. Миёни онҳо он мақолоти “гумшуда”-ро пайдо кардам ва хурсандиамро ҳадду канор набуд. Гуфтам, ки “офарин ба Шумо, ки аз муаллиф дида, беҳтар навиштаҳои мардумро нигаҳдорӣ мекунед…”.

Посух гирифтам, ки дар ин шуъба ҳар нашрияе, ки ворид мешавад, ҳатман мавриди бознависии навиштаҳо ва муаллифонашон дар феҳрастҳо қарор мегирад, ҳам дар шакли коғазчаҳои алоҳида дар рӯйхати алифбоӣ ва ҳам ба шакли электронӣ дар роёнаҳо…

Баъди анҷоми корҳо ба ҳуҷраи директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумъахон Файзализода низ сар задам ва аз корҳои хуби шуъбаи библиографӣ, аз пайдо шудани навиштаҳои кайҳо гумшудаам изҳори сипос кардам. Аз суҳбати кутоҳе, ки бо ӯ доштем, хабарҳои хуб зиёд буд, масалан, неруманд шудани сохтори илмиву таҳқиқотии китобхона, мунтазам чоп шудани китобҳои нав, чопи мунтазами феҳристҳо ва осорномаҳои адибону муҳаққиқону олимон, вусъат ёфтани шуъбаи тоҷикшиносӣ ва ғайра.

Доктор Ҷумъахон Файзализода осорномаи навчопи Муҳаммад Ғоибро ба мо нишон дод, ки бо сифати баланд нашр шудааст ва ба таври шойиста рӯнамойӣ хоҳад шуд. Ин иқдом бисёр иқдоми хуб аст, зеро барои ҳар муҳаққиқи осори адабӣ чунин осорномаҳо маъхази муҳимтарин ба шумор хоҳад рафт ва заҳмати чанд шабонарӯз шишта, аз каталогҳо пайдо ва рӯнавис кардани иттилооти таҳқиқиро осон хоҳад кард. Ҳамчунин китобҳои ба тоҷикӣ тарҷумашудаи муаррихони номдор Мейендорф ва Логофетро дидам, ки барои ҳар алоқаманди таъриху фарҳанг аз сарчашмаҳои боэътимоди омӯзиш ба ҳисоб мераванд.

Навгонии басо муассири дигарро аз забони профессор Файзализода шунида, хеле хурсанд шудам: барои он олимоне, ки бо сабабҳое имкони дар хона кор кардан надоранд, толори калоне бо роёнаҳои хушсифат муҳайё кардаанд. Тавассути бастани шартномаҳои ҳамкорӣ аз бузургтарин китобхонаҳои Русия (махсусан китобхонаҳое, ки пажуҳишҳои илмиро нигаҳдорӣ мекунанд) миқдори бузурги ин навъ корҳо гирд оварда шудааст. Қаблан барои дарёфт ва истифодаи чунин маохиз ба давлатҳои хориҷӣ сафар мекарданд…

Дар ҳамон ошёна ба кабинаи Бобоҷон Шафеъ низ ворид шудам ва бо ин дӯсти дерина низ суҳбат сари масъалаҳои китоб буд. Ин кас солҳост, ки сомонаи китобхонаро танзим ва пурмавод мекунанд, ки намунаи ибрат барои ҳар сомонаи дигар аст. Ӯ аз як ибтикори хубашон дар мавриди таблиғи китоб гуфтанд, ки баъди амалӣ шуданаш хоҳем навишт…

Хулоса, ҳамагӣ ним рӯз дар китобхона будаму бо ҳолу ҳавои хуш аз он ҷо берун шудам. Хуш ба ҳоли онҳое, ки ҳамарӯза корҳояшон ба ин хазинаи муқаддаси китоб меуфтад… Ё ҳадди ақал ҳафтае се рӯз, мисли нависандаи хушном Брэдбери, ё ақаллан ҳафтае як рӯз…

Дидани китоб худаш нишонаи саодат аст, хонданаш он тараф истад…

Ҳафиз РАҲМОН,
18.06.2023.
Бознашр аз саҳифаи
муаллиф дар Фейсбук