Ҳафиз Раҳмон: Меваи бенуқсон аз дарахти навбар мешавад…

Ҳафиз Раҳмон(Бардошт ва чанд мулоҳиза аз рӯзи дувуми озмуни “Фурӯғ”, яъне 8-уми ноябр)

Ёдам меояд, ки соли севуми озмун буд, ки масъалаи ба ин тадбир роҳ ёфтани хонандаҳои синфҳои 1-у 4 баромад. Аксарияти аъзои ҳамонвақтаи комисиюни озмун муқобил буданд: мағзи андешаашон ин буд, ки хурдсолон барои аз бар кардани маводи адабии халқҳои гуногуни ҷаҳон омода нестанд, ақлашон намегирад, дуруст намефаҳманд, ғайр аз ин, номинаи махсус барои кӯдакон ҳаст-ку…

Бандаи ҳақир сахт пофишорӣ мекардам, ки ин андешаҳо саҳеҳ нестанд, кӯдакон ҳаққи комил доранд, ки аз каломи ҳунарии мардумони гуногуни олам огаҳ бошанд, фақат як шарти муҳим боистӣ риоят шавад: муаллимоне, ки ба омода кардани ин кӯдакон масъулият ба шона мегиранд, дар интихоби китоб эҳтиёткор бошанд, синну сол ва вазъи руҳиву равонии атфолро ба эътибор гиранд, аввал худашон асарҳоро хонанд ва баъдан дар дафтари хонандаҳо сабт кунанд…

Дар ин хусус чанд бор навиштем ва таъкид ҳам карда будем, аммо, намедонам, аз чӣ бошад, ки ҳамин шарти муҳим ду соли ахир риоят намешавад…

Ин ҳолатро дар рӯзи дувуми озмун мушоҳида кардам: ҳангоми аз назар гузаронидани рӯйхати осори азбаршуда чашмам ба хеле асарҳо уфтод, ки ба ин қишри хонандагон мувофиқ нестанд ва қарор кардам, ки ҳангоми анҷоми озмун ба Вазорати маориф ва илми кишвар бо пешниҳоде муроҷиат кунам: як семинари вижа дар сартосари кишвар баргузор кардан лозим аст ва ба масъулини шаҳру навоҳӣ дар ин масъала суҳбат кардану фаҳмонидан зарур шудааст.

Ин семинар (ё шояд ягон навъи дигари ҷаласа, унвонаш чандон муҳим нест) бояд ҳадди ақал дар маркази вилоятҳо бо ширкати шумори зиёди масъулини озмун баргузор шавад, то ки масъалаҳои мувофиқати синнусолии довталабони озмун ба хондани осори бадеӣ аз кишварҳои ҷаҳон ҳаллу файсал шавад…

Ба фарзи мисол, хонандаҳои синфҳои сеюму чорум оё имкону тавони зеҳниву равонии фаҳму дарки “Фауст”-и Гуте (ки як асари душвордарки фалсафист) ва ё “Бодбурдаҳо”-и Маргарет Митчелл, ё “Мазҳакаи илоҳӣ”-и Данте, ё асарҳои дорои сабки хоси Стивен Кинг, ё Маркес, ё… дошта бошанд… На, надоранд, агарчи нобиғаҳое мисли Пури Сино ҳам бошанд…

Ҳафиз РаҳмонОё худи муаллимону масъулине, ки ҳамин хонандаҳоро, ба қавле тайёр карда, ба ин ҷо овардаанд, ҳамин асарҳоро хонда бошанд??? Агар нахондаанд, чаро тавсия додаанд? Чаро розӣ шудаанд?…

Ин масъала боз паҳлуҳое дорад, ки аз онҳо баъдан муфассал хоҳем навишт…

Дар ин қишри синнусолӣ ба довталабон бояд ҳамон асарҳое тавсия барои хондан дода шавад, ки осондарку тақвиятдиҳандаи завқашон бошад, масалан, намунаҳои рангоранги насри хурди бадеӣ – қиссаву ҳикоёти кутоҳ, масалу ривоёт, анвои гуногуни назми хос барои кӯдакон, новеллаҳои хурд-хурди дорои аҳаммияти тарбиятӣ, повестҳои махсус барои кӯдакон, ки шуморашон дар адабиёти ҷаҳон ниҳоят бисёр аст, афсонаву асотир, драмаҳои кутоҳ, романҳое, ки барои кӯдакон таълиф шудаанд ва ғайра…

Ҳангоми тартиб додани рӯйхати муаллифони осори бадеӣ барои ин қишри синнусолӣ банда дар маҷмуъ 130 адиберо ҷустуҷӯ ва пайдо карда будам, ки махсус барои кӯдакон асарҳо навиштаанд. Осори аксарияти онҳо якхела нест, албатта, яъне тамоми осорашон махсуси атфол нест, ин ҷо бояд муаллим он асарҳоеро ҷудо ва ба хонанда тавсия кунад, ки маҳз барои хонангони хурдсол ҳастанд…

Фарз кардем, Роберт Стивенсон ё Ҷек Лондон ҳам асарҳо барои атфол навиштаанд, ҳам барои бузургсолон… Сухан дар бораи заҳмати интихоб меравад, ба қавле, “мӯйро аз хамир ҷудо кардан…”.

Чаро ба ин масъала дубора баргаштам? Чунки дар рӯзи дувум миқдори зиёди ҳамон асарҳоеро дар дафтари хонандагон дидам, ки хоси мутолиаи онҳо нест…

Хуб, дар ин масъала боз мулоҳизотамонро хоҳем навишт, вале ҳоло аз натиҷаҳои рӯзи дувуми озмун…

Рӯзи дувуми озмун дар номинаи мо 11 кас пурсида шуданд. Касе дар анҷоми рӯз ишора кард, ки нисбат ба дигар номинаҳо дар гурӯҳи шумо вақти пурсупос хеле тӯлонист… Тӯлонӣ шуданаш мантиқист, комилан мантиқист…

Ҳеч имкон надорад, ки дар дафтари хонанда беш аз 100 асар бошаду дар даҳ ё понздаҳ дақиқа пурсупосро тамом кунӣ… Хонанда ба сад умед омадааст, ки донишу фаросат ва қобилияти фаҳму даркашро ба намоиш гузорад…

Як сабаби норозигии баъзе довталабон (ончунон ки аз таҷрибаи солҳои пеш маълум мегардад) ҳамин беэътиноӣ ба вақти пурсишҳост… Гумон мекунам, ки мувофиқ ба миқдори осори азбаршуда вақт бояд ба танзим дароварда шавад: масалан, банда дар рӯйхати яке аз довталабон аз се қитъаи олам ҳамагӣ ду асарро дидам, дигар ҳамагӣ ба адабиёти рус ва мардумони ҳамсоя дахл доштанд, ки пурсиданашон ба доварони ҳампаҳлу вогузор буд…

Рӯйхат кам ва миқдори асарҳо мухтасар бошад, табиист, ки вақт камтар сарф мешавад, аммо дар муносибат ба онҳое, ки беш аз сад асар ва аз ин ҳам бештар пешниҳод мекунанд, дар масъалаи вақт бояд гуфтугузор набошад…

Ман чунин фикр мекунам ва ин хулоса аз таҷриба аст… Дигар доварон аз дигар номинаҳо чӣ андеша доранд, намедонам… Ман танҳо андешаи шахсии худро гуфтам…

Ҳамин ҳоло имкон надорам, ки якояк таассуротамро аз донишу фаҳми ҳамаи 11 каси дина пурсидашуда бигӯям, зеро пешакӣ мушаххасан гуфтани хулосаҳо мумкин нест. Аз ин рӯ, ба таври умумӣ мегӯям.

То нисфирӯзӣ 5 кас ва баъди зуҳр 6 хонанда дар саҳна буданд… Аз инҳо ду нафар маро, ба қавле, мафтун карданд: ҳама шодиву ваҷду сурури хештанро дар кунҷи дафтари худам навиштам ва ғоибона ба падару модар ва муаллимони ин дустрӯякони китобхон ва “фаришта”-ҳои воқеӣ сипос гуфтам. Дар дафтарам, албатта…

БА ХОТИРИ КАШФИ ЧУНИН ИСТЕЪДОДҲО РАВОСТ, КИ ҲАТТО ШАБОНА ҲАМ ОЗМУН ИДОМА ЁБАД, АЗ СУБҲ ТО ШОМ, АЗ ШОМ ТО СУБҲ…

Инҳо дар саҳна мисли моҳӣ дар об буданд: озод сухан мегуфтанд, тарзи баёнашон бисёр ширину гуворо, сатҳи идрокашон хуб… Аз ин беш чизе намегӯям ва интизор мешавам, ки рӯзи севум чӣ натиҷаҳо медиҳад…

Ба ҳар ҳоле, рӯзи дувум хеле беҳтар аз рӯзи аввал буд, ҳарчанд дар охири рӯз, ҳангоми бозгашт ба хона фишорам баланд шуд… Ба як табиби шиносам, шиноси бисёр наздикам занг задам ва посухаш бисёр одӣ, аммо дағалтар буд: “худатро накуш, камтар фикр кун…”.

… Рӯйхати онҳоеро меорам, ки дина пурсида шуданд: Сабина Қурбонназарова, Сумая Одилзода, Асилабону Алимова, Судайс Давлатов, Роҳила Сайдализода, Шукрона Сафарова, Моҳпайкар Абдурозиқзода, Сафина Собирова, Наҷиб Шоалифов, Ҳумоюн Сафолов, Рухшона Худоиева…

Он мулоҳизаҳое, ки интиқодӣ ва низ боиси ваҷди банда шуданд (дар мавриди ба синнусоли худашон мувофиқ рафтор накардан ба осори бадеӣ ва хушнудиам аз ҳоли дирӯза) ҳам ба инҳо дахл дорад ва ҳам ба довталабони парерӯза…

Аммо ба озмун мунсифона бояд рафтор кард, аз муаммову масъалаҳо ҳам бояд гуфт. Ҳамин тавр, як масъалаи ба назари мо, муҳим, ҳамин аст, ки аксарияти довталабони хурдсол ба забони русӣ (бархе бо дигар забонҳо) такаллум мекунанд ва асосан осори бадеиро бо забонҳои хориҷӣ хондаанд. Ҳатто ашъори шуарои порсизабони Эрону Афғонистон ва Ҳинду Покистонро…

Хуб аст, ки забонҳои хориҷиро медонанд, аммо бад аст, ки забони миллати хеш, забони давлатиро сарфи назар мекунанд… Як сабабаш хеле маълуму маъмул аст: тарҷумаҳои тоҷикии асарҳои бадеӣ хеле кам аст, баъзе асарҳои дар асри гузашта тарҷумашуда ҳатто дар китобхонаҳои марказ ва вилоятҳо ноёб шудаанд, баъзе китобҳо ончунон фартут шудаанд, ки истифодаашон ғайриимкон аст.

Аз ин рӯ, аксарияти довталабон ба маъхаз ва сарчашмаҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд, аз интернет китоб меҷӯянд ё асарҳои ба русӣ тарҷумашударо аз дӯконҳои китобфурӯшӣ мехаранду мехонанд.

Дар ин масъала ҳарду вазорат – ҳам маорифу илм ва ҳам фарҳанг бояд тадбирҳо биҷӯянд, рӯйхати тамоми китобҳои ба тоҷикӣ тарҷумашударо ҷамъоварӣ ва як феҳрасти алоҳида кунанд, билохира чопи дубораву себораи онҳоро ба роҳ монанд… Ғайр аз ин барои бештар тарҷума шудани осори бадеии халқҳои гуногуни олам озмуни тарҷумонҳо эълон ва сармоя барои таъмини нашри тарҷумаи китобҳо саховатмандона ҷудо кардан лозим аст…

Як чизро бояд дар назар дошта бошем, ки ин масъала ба ҳувияти миллии кӯдакон дахл ва таъсири бевосита дорад… Хуб, дар ин хусус низ алоҳида ва муфассалтар баъди озмун хоҳам навишт.

Дар гузориши парерӯза аз масъалаи ғизо як ҷумлаи интиқодӣ буд ва умедвор будем, ки филфавр ҳал мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд!

Дина доварон аз сифат, таъмини саривақтӣ ва низ мазмуну муҳтавои ғизо изҳори хушӣ карданд. Дар ин хусус ва дигар масъалаҳои ташкилӣ ба котиби озмуни “Фурӯғ”, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, муҳтарам Равшан Каримзода изҳори сипос мекунем. Ин андешаи танҳо банда нест, сипоси ҳама доварон аст…

Дина, тақрибан соати 18, баъди анҷоми рӯз котиби озмун муҳтарам Равшан Каримзода ҳама доваронро ба ҷаласаи вижа даъват карданд ва боз аз ҳамин хусус, яъне тартиби озмун ва ҷузъиёти он сухан гуфтанд.

Масъалаҳои сари вақт оғоз ва анҷом додани ҳар рӯзи озмун, бидуни сабаб тарк накардани толори номинаҳо, муҳтарамона муносибат кардан ба ҳар довталаб мавзуи суҳбати вижаи Равшан Каримзода дар ҷаласаи шомгоҳӣ буданд.

Дам ба дам пурсиданашон аз ҳоли довталабон ва вазъи доварон, таваҷҷуҳ ба ҳар ҷузъиёти ҳаррӯзаи озмун аз масъулияти баланди ин кас гувоҳӣ медиҳад ва низ аз хисоли ҳамидаашон…

Бо ҳамин ҷумла бардоштамро аз рӯзи дувум нуқта мегузорам ва умедворам, ки рӯзҳои баъдӣ хеле беҳтар аз рӯзҳои гузашта хоҳад буд.

Ҳафиз РАҲМОН,
09.11.2024.