Ҳафиз Раҳмон: Шӯру шарари “Шоҳнома”…

(ё қиссаи маҳфиле дар Китобхонаи миллӣ, ки ба ҷойи як соат дувуним соат идома карду бо ин ҳам дар долонҳо ҷараён дошт…)
Зи “Шоҳнома” гӯ, ки пуровоза аст,
Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст…
Дар осмони адабиёти ҷаҳон ҳамосаҳои миллӣ дурахши дигаре доранд, ҳама халқҳои имрӯз мутамаддин чунин ҳамосаҳо доранд, ки аз устураву таърих ва қаҳрамониву паҳлавониҳояшон дар ин ё он марҳалаи гузашта қисса мекунанд. Тору пуди ҳама ҳамосаҳои дунёро ҳамин чаҳор унсури бунёдӣ – устураҳои пур аз рамзу розҳо, қаҳрамониҳои беҳамто ва паҳлавониҳои фавқулода ва низ таърихи ростин ташкил додаанд.
Аммо миёни он ҳамосаҳое, ки ба юнониҳову инглисҳову олмониҳову франсавиҳо, испониҳову келтҳо ва дигар халқҳо тааллуқ доранду миёни он мардумон соҳибэҳтироманд, “Шоҳнома” на чун ситора, балки як сайёраи бузург нуфузу ҳашамат дорад. Аллакай шумори пажӯҳишҳое, ки ба ин шоҳасар дахл доранд, аз сад ҳам гузашта, вале то кунун муҳаққиқон мисли ғаввосон аз қаъри ин дарёи маърифат дурдонаҳо гирд меоранду меоранд, нав ба нав китобҳо таълиф мекунанд…

Дина дар маҳфили шоҳномахонӣ дар Китобхонаи миллӣ баъди пурсуковҳои зиёд ба хулосае омадам, ки на ҳама он таҳқиқу пажӯҳишҳое, ки ба “Шоҳнома” дахл доранд, ба дарди шоҳномахонҳои ҷавон мехӯранд…
Имсол бори аввал озмуни шоҳномахонӣ дар кишвар баргузор мешавад ва бисёр муҳим аст, ки то соли дигар (агар ин озмун солҳои дигар идома ёбад ва бовар дорам, ки идома меёбад) шарҳи комили “Шоҳнома” бояд таълиф шавад. Хуб, дар ин хусус муфассалтар дар навиштае алоҳида андешаҳоямро хоҳам навишт, зеро зарурати ин кор ба таври дастҷамъона (аз ҷониби ҳама шоҳномашиносон) ба миён омадааст.
Ҳамин тавр, дина (20.08.2026) бо даъвати роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва махсусан сардори шуъбаи хидматрасониӣ ба истифодабарандагони ин боргоҳи китоб Шаҳнозабону Дониёрова дар маҳфиле бо унвони рамзии “Шоҳнома ватан аст…” ширкат доштам.

Шаҳнозабону пешакӣ гуфта буданд, ки дар ин ҷамъомад онҳое ҳозир мешаванд, ки аллакай аз даври аввали озмун гузаштаанд ва шояд пурсишҳояшон аз ин асар зиёд бошад.
Сайфиддин Камолзода, муовини раиси ин китобхона, маҳфилро бо чанд андешаи роҳбаладона барои довталабон боз карда, ба мо сухан доданд.
Шояд ним соат ё каму бештар аз аҳаммияти ин шоҳасари Фирдавсии ҳаким суҳбат кардам ва гуфтам, ки азбаски озмун бори аввал сурат мегирад, ба ҳар шарти низомнома бояд таваҷҷуҳ кард. Аз ормонҳову панду андарзи ҳакими бузург ва вижагиҳои забони ин шоҳасар суҳбат кардам.
Сипас, манзараеро дидам, ки бароям басо гуворо буд: дастҳои яксар болошуда маънои онро дошт, ки ҳар касе чизе фаҳмидан мехост: яке аз тарзи қироаташ, дигаре афзал будани пораҳо аз як достон ё аз ёд донистани достонҳои мукаммал, севумӣ аз чӣ гуна интихоб кардани қаҳрамонҳои “Шоҳнома”, ки барои ҳар гурӯҳе дигар-дигар аст… Барои чаҳорумӣ чӣ навъ шарҳ додани луғат аз ин ҳамоса муҳим буд.
Дар толор аксаран хонандаҳои синфҳои поёнӣ буданд, баъдан аз гурӯҳи дувум (синфҳои 5-у ва инчунин чанд падару модар ва омӯзгорон низ. Аз ноҳияи Ҳамадонӣ ду-се кас омада будааст ва муаллимае бо исми Меҳриннисо Сатторзода аз Ёвон. Хушвахт ном падаре ду фарзанди хешро ба ин мафҳил оварда, ки шояд раҳнамоии мо барояшон муфид бошад…
Қисмати дувуми маҳфил пурғавғо шуд, албатта, ба маънои мусбаташ… Аслан, шӯру ғавғое, ки барои донистан, барои ба суоле посух гирифтан мешавад, беҳтарин шӯру ғавғост…
То имкон буд, ба пурсишгарон иттилоъ додем, тарзи қироаташонро гӯш кардем ва ислоҳ фармудем, чӣ гуна ба матни ин шоҳасар, ки маърифат карданаш, чӣ барои мактабиён ва чӣ бузургсолон, душвор аст, муносибат карданро гуфтем.

Аксари ширкатдоштагони ин маҳфил меъёри озмунро иҷро кардаанд, поёниҳо на кам аз 250 байт, миёнаҳо 1000 байт ва синфҳои болоӣ – 1500 байт. Чизе, ки маро тасхир кард, бо ваҷду шавқ қироат кардани матн буд.
Ҳоло аз ҳама хубиҳое, ки дар ин маҳфил дидам, бигзарем ва андешаҳоеро бигӯем, ки барои ислоҳи норасоиҳо хидмат кунанд.
Аввалан, бояд ба тарзи қироат муаллимон бояд таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд, зеро фаҳму дарки мактабиён (ва ҳатто бузургсолон) ба навъи гуфтори “Шоҳнома” намерасад. Албатта, донистани вазни ин шоҳасар барои довталабон лозим ҳам нест, аммо барои муаллимон бисёр лозим аст, то ки ба шогирдонашон талаффузи дуруст ва “гашти уштур” будани вазни асарро (мутақориб) амалан ёд дода бошанд.
Мактабиён ин шоҳасарро тавре қироат мекунанд, ки гӯё шеъри ғаноӣ бошад. Бояд аз артистизми барзиёд, мимикаи нозарур ва кашол додани матн ҳангоми қироат парҳез кард.
Бидуни аён кардани ҳиссиёт ин достонро қироат кардан имкон надорад, аммо боистӣ, ки ҳамин ҳиссиёт ҳам вақти хондан дар таносуб бо муҳтавои матн дуруст идора шавад, вагарна қироат якранг хоҳад шуд ва таъсире ба шунаванда нахоҳад дошт…
Дигар муаммои ин озмун ва мушкиле, ки довталабонро думбола хоҳад кард, шарҳ дода тавонистани луғат аст, вожаю таркибҳое, ки “ҳазм”-ашон душвор аст, чӣ барои мактабиён ва чӣ бузургсолон…
Оё мо чунин китобе дорем, ки тамоми вожаҳои душвордарки “Шоҳнома”-ро фаро гирифта бошад, мисли “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ё ҳар фарҳанги дигаре? Ман ёд надорам, ду-се китоберо медонам, ки дар он бархе калимот аз “Шоҳнома” шарҳ ёфтаанд, аммо ба пуррагӣ чунин китобе нест.
Дар ин хусус ҳам алоҳида хоҳам навишт, инчунин дар бораи як шарти дигари озмун, ки “аз ёд донистани байт ва порчаҳои алоҳида дар васфи ақлу хирад, ватану ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат, ростӣ, донишу варзиш ва ғайра” ном дорад.
Довталабон дар ёфтани шоҳбайтҳо ба маъноҳои номбурда аз худи “Шоҳнома” мушкил доранд ва табиист, ки бидуни нашри як китоби алоҳида ин масъала ҳал нахоҳад шуд…
Ҳар падидаи нав, чун тоза аст, хоҳу нохоҳ мушкил ҳам дорад. “Фурӯғ” ҳам соли нахуст саду як мушкил дошт, аммо бо гузашти айём таҷриба ҳосил шуд ва ҳамакнун дар умум хубу зебо мегузарад.
Ҳамин тавр, аз ин маҳфил бо як олам таассурот берун шудам: дидани дурахши чашмони мактабиён, шӯру шарари донистани чизҳое, ки барояшон лозим аст, барои банда хеле гуворо буд. Суҳбате, ки як соат ё каме бештар аз як соат дар нақша буд, ба дувуним соат тул кашид…
Баъдан дар даҳлезу долонҳо идома ёфт… То дари баромад аз китобхона…
Аҷаб шӯре…
Сипос ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ дар шахси Лутфия Абдухолиқзода, Сайфиддин Камолзода, масъулини бевосита Шаҳноза Дониёрова ва инчунин Шарофат Пардаева, ки чунин суҳбатеро барои дӯстони “Шоҳнома” имконпазир гардониданд…
Ҳафиз РАҲМОН,
21.08.2026.