“Афсонаҳои халқи тоҷик” – и Раҷаб Амонов бо ҳуруфи брайлӣ
Хондани афсона барои хонандаи ҳар синну сол кайфияти хуб дорад ва инсон ҳар қадар бузургсол шавад ҳам шунидану хондани афсонаро дӯст медорад. Афсонаҳо аввалэҷоди инсонанд ва бо гузашти асрҳо маҳбубияти худро гум намекунанд. Вуруд ба олами рангоранги афсона касро хуш мекунад, баъзан ба ҳадде ба он дода мешавем, ки намехоҳем берун шавем.
Ахиран китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик”, ки аз ҷониби донишманди маъруф ва нависандаи шинохта академик Раҷаб Амонов гирдоварӣ ва чоп шудааст, бо ҳуруфи брайлӣ барои нобиноён низ дастрас шуд. Китоб аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбон “Меҳрбахш” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии созмони амрикоии “USAID” рўйи чоп омадааст.
Тавре борҳо ишора карда будем, Китобхонаи миллӣ шуъбае дорад бо номи Хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва хонандагони ин шуъба асосан касоне мебошанд, ки бо иллатҳое биноӣ, шунавоӣ ва ё амали узви дигари худро аз даст додаанд.
Барои нобиноён ин шуъба дорои китобҳое мебошад, ки бо алифбои Луи Брайл чоп шудаанд ва онҳоро метавон бо ламс кардан хонду фаҳмид.
Ахиран бойгонии ин шуъба бо чанд китоби тозанашри брайлӣ ғанӣ шуд, ки яке аз он ҳамин “Афсонаҳои халқӣ тоҷик” мебошад.
Гуфтанист, ки китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” аз ҷониби академик Раҷаб Амонов чандин маротиба дар замони Шўравӣ ва дар даврони Истиқлол чоп шудааст. Дунёи рангини афсона таваҷҷуҳи хонандаро ҳамеша ба худ мекашад.
Таҳияи Саломат Якубова,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.