“Ҳафт Авранг” – Ҷомӣ дар Китобхонаи миллӣ

Ҳафт АврангНуруддин Абдурраҳмон ибни Аҳмад ибни Муҳаммад маъруф ба Ҷомӣ ва мулаққаб ба «Хотаму-ш-шуаро». Адиб, ориф, суфӣ, мусиқидон ва шоири машҳури тоҷику форс дар қарни понздахум ва аз бузургони ин  шеъри оламгир аст.

“Ҳафт Авранг” яке аз асарҳои манзуми Ҷомӣ аст, ки ба ҳафт қисм тақсим мешавад. Асари мазкур аз қиссаҳову достонҳои таълимӣ ва тамсилӣ иборат буда, тамоми байтҳои «Ҳафт Авранг» ҳудуди 23640  байтро  дарбар мегирад. Манзумаҳои хафтгона дар қолаби Маснавӣ суруда шуда,  чунин номгузори шудаанд:

  • Силсилат-уз- заҳаб
  • Саломон ва Абсол
  • Туҳфат-ул-аҳрор
  • Субҳат-ул-аброр
  • Юсуф ва Зулайхо
  • Лайлӣ ва Маҷнун
  • Хирадномаи Искандарӣ

НУҚСҲОИ НУСХА: ба бештарин варақҳояш об расида ва ҳам тармим карда шудаанд. Ғайр аз ин, матни вар. 174б хароб  гаштааст. Низ вар. 3а,123а,123б, 174а, 209а, 332, 401а- 403а. 515а,516б,587а  матн надоранд. Соли китобат 950 ҳиҷрӣ қамарӣ баробар ба 1543мелодӣ. Макони китобати нусха зикр нашудааст. Котибаш Дўстмуҳаммади Ҳиравӣ мебошад.

Ҳафт АврангМатнаш назмӣ буда, бо сиёҳии қадима, сарлавҳаҳояш бо ранги сурху кабуд дар коғази ғафси зардчаи истеҳсоли шарқӣ навишта шудааст. Хаташ настаълиқи майда  ва хоно. Матни вар. 1б-3а, 331б-401а баъдтар соли  1267/ 1850 бо қалами хаттот  Мулло  Акрами Хуҷандӣ китобат шудааст. Муқова аз чарми носӣ, шерозааш матои замонавии сафедча, семўҳрдор ва он амали саҳҳоф Муҳаммадраҳим ибни  Муллотақист.

Дар вар. 4а, 122а, 208б, 330б, 514а, 586б, 628б, мўҳрҳои мудаввару байзови ва чоркунҷа дошта, вале кўр шудааст ва ба кӣ таллуқ доштанаш маълум нест. Асар бо тиллолавҳа / вар. 5а, 123б, 174б, 209б, 408б, 404а, 515б, 587б/ оро дода шудааст. Инчунин, гирдогирди матни ҳамаи варақҳояш тиллоҷадвал дорад. Ҳар як маснавӣ аз якдигар бо нишони махсус ҷудо шудааст.

Таҳияи Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ