Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт…
Фаридуддин ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Аттор ибни Исҳоқи Нишопурӣ яке аз устодони машҳури ахлоқ ва намояндаи адабиёти аҳли тасаввуф буда, аз худ мероси сершумори тарбиявию ахлоқӣ боқӣ гузоштааст: нусхаи “Ихвон- ус- сафо”, “Ҷавоҳир- уз- зот”, “Мазоҳир – ул -аҷоиб”, “Уштурнома”, “Абирнома”, “Асрорнома”, “Мантиқ-ут-тайр”, “Хисравнома”, “Илоҳинома”, “Мухторнома”, “Шарҳ-ул-қалб”, “Тазкират -ул- авлиё ”, “Мусибатнома”, “Панднома”, “Девони қасоиду ғазалиёт”ва чил рисолаи дигар.
Шумораи осори Атторро тазкиранависон аз 114 то 190 номгўй шумурдаанд. Муаллифи тазкираи “Рўзи равшан” Мавлавӣ Муҳаммад Музаффар Ҳусайни Сабо қайд мекунад, ки “умри Шайх 114 сол буда, ашъораш як лаку чиҳил ҳазор ба шумор омада…”.
Мусаннифи тазкираи “Ништари ишқ” Ҳусайнқулихони Азимободӣ мавқеи ҳаёти иҷтимоии ўро ин тавр ба қалам додааст:
“Исми шарифи ў Хоҷа Фаридаддин бувад. Майкаши хумхонаи ҳақиқат аст ва боданўши майхонаи тариқат. Ғаввоси баҳри маонист ва шиновари муҳити ирфонӣ. Баҳра зи хори улум аст ва дарёи азими фуҳуми олами илми Раббонист, мақбули даргоҳи яздонӣ. Шери бешаи таҳқиқ асту асади наистони тадқиқ, орифи биллоҳи фано- фӣ- иллайҳӣ сари ҳалқаи авлиёи кибору сари силсилаи машоихи суфияи номдор бувад. Мавлуду маншояш Нишопур аст. Ба ду куният иштиҳор дошт: Абуҳомид ва Абубакр Фаридаддин лақаби ўст. Исми волиди моҷиддаш Муҳаммад бини Иброҳими Аттор аст. Дар санаи 513 дар аҳди Султон Санҷар қудуми саодати лузум ба маҳду ҷуд ниҳод. Бас рутбаи олӣ ва мартабаи софӣ дошт. Таснифоти ў дастуруламали аҳли сулук, аст, агар чи аз овони туфулият манзури назари тарбияти Қутбиддини Садри Абдол бувад, аммо ба сабаби дарвешӣ, ки нақли он дар “Нафаҳот-ул-унс” марқум аст, тарки дўкони атторӣ намуда, билкуллия машғул ба таҳсили улуми тасфияи ботинӣ гардид ва хиркаи хилофат аз дасти Шайх Маҷидуддини Бағдодӣ ба бар кашид ва баъд аз усули дараҷаи камол ҳафт сол дар тадвин ва таълифи мақолоти суфия ва аҳволи эшон гузаронид. Чунончи, абвод- ул- маонӣ асрори тавҳид чандон ки бар вай мафтуҳ шуд, ҳеҷ кас ба он пай набурда каломи файзи илтиёми ҳодди соликони масолики тариқат аст.
Охираш, дар ҳангомаи тохти Ҳалокухон ва фитрати Чингизхон дар қатли Нишопур муғуле… “аз он лашкар Атторро ба мақтал (қатлгоҳ) кашид. Шайх гуфт, ки кулоҳи намадӣ бар сару шамшери мисрӣ бар камар, барои тороҷу қатл аз Туркистон омадӣ ва медонӣ, ки дар ин парда туро намешиносам…”.
Муғул хост, ки Шайхро ба қатл расонад. Шахсе пайдо шуд ва гуфт, ки ин касро макуш, ман ба ивази хуни ин ҳаждаҳ ҳазор дирҳам медиҳам.
Шайх (ба муғул) гуфт:
-Эй оқо, маро мафруш, ки қимати ман зиёда аз ин аст, баъд аз он чун андаке роҳ қатъ намуд, шахси дигар пеш омаду гуфт, ки ин пирро макуш ва ба дасти ман бифрўш, баҳои қимати вай як тўбра коҳ хоҳам дод.
Шайх гуфт:
-Бифрўш, ки беш аз ин намеарзам. Муғул ба қаҳр рафта Шайхро ба 22 ҷимод-ул-охири санаи 627 шарбати шаҳодат чашонид.
ГУЛЧИН АЗ ПОРАҲОИ РАНГОРАНГ АЗ АТТОР
Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳибмақом.
****
Бирав, савдои беҳуда мапаймой!
Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!
****
Гар сухан аз некўӣ чун зар бувад,
Он сухан ногуфта некўтар бувад.
****
Аз ту гар инсоф ояд дар вуҷуд,
Беҳ, ки умре дар рукуъу дар суҷуд.
****
Гар ба айби хештан доно шавӣ,
Кай ба айби дигарон бино шавӣ!
****
Гар амал ҳосил набошад ҳамчу зар,
Қалбро ноқид наёрад дар назар.
****
Дар ҷаҳон донӣ, кӣ гардад мўътабар?
Он, ки ўро пок мебошад назар.
****
Дар миёни дўстон масрур бош,
Гар хабар дорӣ, зи душман дур бош!
****
Дар ҷавори худ адўро раҳ мадеҳ!
Аз барои он, ки душман дур беҳ.
****
Дар ҷаҳон донӣ, ки гардад мўътабар?
Он, ки ўро бок набвад аз хатар.
****
Дар инобат коҳилӣ кардан хатост,
Бар умеди зиндагӣ к – он бевафост.
****
Касе, к-ўро чароғи донише нест,
Яқин донам, ки дар осоише нест.
****
Касе, к-ў дар ҳунар бардошт ранҷе,
Бихар ҳар нуқтаи он кас ба ганҷе!
****
Ногаҳон эй банда, гар кардӣ гуноҳ,
Тавба кун дарҳол, узри он бихоҳ!
****
Он, ки бо ту рўзи ғам будаст ёр,
Рўзи шодӣ ҳам бипурсаш, зинҳор!
****
Рўзи неъмат гар ту пардозӣ ба кас,
Рўзи меҳнат бошадат фарёдрас.
****
Сар баровар аз гилемат, эй калим!
Пас фурў кун пой бар қадри гилем.
****
Таом афзун махўр ногоҳу носоз,
Ки он фузун туро бешак хӯрад боз.
МАНБАЪ: Китоби “Кимиёи хирад”, Душанбе соли 2009.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Нигина Қурбонова,
сармутахассиси шуъбаи абонементи
байникитобхонавӣ
ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ