«Ҳафтаи забон ва адабиёти русӣ» дар Китобхонаи миллӣ
Нимаи дуввуми рўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба «Ҳафтаи забон ва адабиёти рус» баргузор шуд. Ин ҳафта аз имрӯз, 7-уми феврал оғоз шуда, қарор аст то 11-уми феврал идома кунад.
Маҳфилро муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ва Ҷалолиддин Нурзода ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хушомадед гуфтанд ва аз дўстиву робитаи деринаи ин ду миллат сўҳбат намуданд. Ва аз иштироки шогирдони мактаби рақами 1 изҳори ҳушнудиву қаноатмандӣ намуда, умед карданд, ки ҳамкориҳои Китобхонаи миллӣ бо мактаби мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Чорабинӣ бо иштироки фаъоли хонандагон ва омўзгорони мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Дилоро Саидова ва Софя Ҳасанова ҷолибу диданӣ гузашт. Хонандагони мактаб бо иҷрои рақсу суруд ва тезгўяку шеърҳо аз эҷодиёти халқ ва пешниҳоди расму оинҳо ва иду ҷашнҳои мардумии рус хотири иштирокдоронро шод гардонданд.
Дар баробари иҷрои рақсҳои мардумӣ ва сурудани сурудҳо дастурхони идона кушоданд, ки аз анвои ширинҳо, аз ҷумла чалпаку кулчақандҳо ва дигар ғизоҳои мардуми рус иборат буд.
Дар чорабинӣ бахшида ба «Ҳафтаи забон ва адабиёти рус» кормандони китобхона ва ВАО иштрок намуданд.
Раҳима Азам,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.