Афзоиши аъзои нави Китобхонаи миллӣ зарфи як ҳафтаи охир
Зарфи як ҳафтаи охир 1205 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд, ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ҳафтае қабл 489 нафар соҳиби корти хонандагии ин боргоҳи маърифат шуда буданд. Шумори аъзои нави Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст.
Бино ба оморҳои ахири бахши хидматрасонӣ ба хонандагон шумори муштариён дар толорҳои хониш дар қиёс ба як ҳафтаи гузашта 1201 нафар афзудааст.
Оғози соли таҳсил як сабаби аслии афзоиши хонандагон аст, ки ҳамасола ба қайд гирифта мешавад. Касоне, ки ба тозагӣ ба донишгоҳҳо дохил шудаанд, талош мекунанд дар аввалин ҳафтаҳои хониш бо Китобхонаи миллӣ шинос шавад. Табиист, ки дар шиносоии аввал таваҷҷуҳи онҳоро сатҳи баланди хидматрасонӣ, толорҳои тозаву озода, интихоби васеъи адабиёт барои мутолиа ба худ мекашад.
Гурӯҳе аз хонандагон ба хотири омодагӣ барои ширкат ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” меоянд, ки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ толори вижаеро барои онҳо бо фароҳам овардани шароити хуби мутолиаву китобҳои дархостшуда барои озмун омода кардааст.
Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.