Агар Амрияздон Алимардонов зинда мебуд…
Агар дониш манди маъруф Амрияздон Алимардонов зинда мебуд, рӯзи 2-уми ноябр 84-сола мешуд. Олиби шинохта 12 сол пеш тарки олам карда буд. Таҳқиқоту мақолаҳои Амрияздон Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон ва нусхаҳои нодиру пурарзиши он дар маҷаллаю маҷмўаҳои мақолаҳои гуногуни Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Руссия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Итолияву Фаронса чоп шудаанд.
Амрияздон Алимардонов дуюми ноябри соли 1938 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи деҳқони хушсаводу аз анвои дониш огоҳ ба дунё омадааст.
Баъди бомуваффақият хатм намудани мактаби миёна дар соли 1956 ў бо хоҳиши худ ба факултаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, пас аз бо сарбаландӣ супурдани имтиҳонҳои қабул соҳиби унвони боифтихори донишҷў гардид. Соли 1961 пас аз анҷом додани Донишгоҳ бо дипломи аъло А. Алимардонов бо даъвати роҳбарияти Шўъбаи шарқшиносӣ ва осори адабии (аз соли 1970 Институти шарқшиносӣ) АИ ҶШС Тоҷикистон ба ин маркази илмӣ ба кор омада, аввал ба сифати сарлаборант ва баъди муддате ба сифати ходими хурди илмӣ адои вазифа менамояд.
Дар солҳои 1963-1966 А. Алимардонов дар аспирантураи АИ Тоҷикистон таҳсил карда, баъди анҷоми он дар пажўҳишгоҳи мазкур корро ба сифати корманди илмӣ идома медиҳад. Ў соли 1970 таҳти роҳбарии академик Абдулғанӣ Мирзоев рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология дифоъ карда, каме дертар соҳиби вазифаи ходими калони илмӣ мегардад.
Соли 1972 А. Алимардонов ба вазифаи масъул – мудири шўъбаи муҳимми Институти шарқшиносӣ – шўъбаи дастнависҳои шарқӣ ва таҳияи феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ таъйин гардида, онро то соли 1987 иҷро менамояд. То давраи ба ин шўъба гузаштан А. Алимардонов, асосан, ба масоили таҳқиқоти адабиётшиносӣ шуғл меварзид.
Аз соли 1987 то 1993 А. Алимардонов дар вазифаи корманди пешбари илмӣ ва сарвари гурўҳи тавсифкунандагони нусхаи хаттӣ кор мекунад.
Соли 1993 ў дар Институти дастхатҳо (баъдтар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) ба вазифаи мудири шўъбаи нигоҳдорию танзими нусхаи хаттӣ ва таҳияи феҳристҳо таъин гардида, адои онро то соли 2007 идома медиҳад. Соли 2007 А. Алимардонов бо мақсади ташкил намудану ба роҳ мондани масоили таҳқиқи таъриху тамаддуни Ҳинду Покистон ба вазифаи мудири Шўъбаи Ҳинду Покистон гузаронида шудааст.
Доираи таваҷҷўҳи илмии А. Алимардонов васеъ буда, масоили таҳқиқи таърихи адабиёту фарҳанги даврони пешини форс-тоҷик, таърихи адабиёти форсизабони Ҳинду Покистон, матншиносӣ, нусхашиносӣ, адабиётшиносӣ, тасаввуф, робитаҳои илмиву адабии мардуми тоҷик бо халқҳои Ҳинду Покистон ва муносибати дини ислом ба риштаҳои гуногуни ҳунару фарҳангро фаро мегирад. Ў доир ба ҷанбаҳои мухталифи масоили зикрёфта бештар аз 350 таҳқиқоту мақола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба табъ расонида, матни як силсила асарҳо, аз қабили «Ҳашит биҳишт»-и Амир Хусрав, «Тўтинома»-и Муҳаммади Қодирӣ, ашъори осори Носири Хусрав, Шавқати Бухороӣ, «Достони Искандару Бурондухт»-и Абўтоҳири Тарсусӣ, «Дурдонаҳои наср» (асрҳои X-XV), матни илмию интиқодии «Иёри дониш» (бо таҳқиқоти муфассал), «Мунтахаби осор»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо муқаддимаву тавзеҳот, «Таърихи исмоилия», таҳияи матну тавзеҳот ва таълифи муқаддима (бо ҳамроҳии С. Шохуморов), «Мухтасаре дар таърихи исмоилия» аз Ф. Дафтарӣ, таҳияи матн, таҳрир ва шарҳу тавзеҳоти заруриро мунташир сохтааст.
А. Алимардонов яке аз тартибдиҳандагон ва ба чоп тайёркунандагони ҷилдҳои 5-6-и «Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон» ба забони русӣ ва инчунин ҷилдҳои 1-4-и «Феҳристи нусхаи хаттии форси Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон» мебошад, ки онҳо дар солҳои 1376, 1379, 1383 дар Теҳрон бо хат ва забони форсӣ нашр гардидаанд.
Таҳқиқоту мақолаҳои А. Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон ва нусхаҳои нодиру пурарзиши он дар маҷаллаю маҷмўаҳои мақолаҳои гуногуни Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Руссия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Итолияву Фаронса чоп шудаанд.
Асарҳои таҳқиқотии А. Алимардонов аз «Зиёуддини Нахшабӣ» ва «Тўтинома»-и ў, «Сурат ва сирати Ибни Сино», «Абулфазли Алломӣ» ва «Иёри дониш»-и ў, «Таърихчаи насри форсу тоҷик», «Муносибати дини мубини ислом ба мусиқӣ, рақсу суруд ва санъати тасвирию хаттотӣ», «Таъсири ақоиду осори Абдураҳмони Ҷомӣ дар афкори ҷамъиятии Ҳинд», «Нуфузи Ибни Сино дар доираҳои илмию фарҳангии нимҷазираи Ҳиндустон», «Замина ва омилҳои равнақу тавсияи илму адаби форсу тоҷик дар асри Х ва нимаи аввали асри Х1» ва ғайраҳо иборат мебошанд. Ў инчунин роҷеъ ба маъхазҳои муҳимму нодири таърихию адабӣ ва аҳамияти онҳо барои таҳқиқи робитаҳои адабии Мовароуннаҳру Ҳиндустон ва ҳамчунин омўзиши равияҳои асосии ҷараёни ин робитаҳои маданию адабӣ дар давраҳои мухталиф як силсила таҳқиқоту мақолот ба табъ расонидааст.
Бо назардошти чунин арзишу аҳамияти ниҳоят калони осори хаттӣ корманди илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо Амрияздон Алимардонов дар баробари ба омўзишу таҳқиқи дигар масоили таърихи адабиёту фарҳанги форс-тоҷик машғул гардидан бештар аз 35 соли ҳаёти худро вақфи омўзишу таҳқиқи нусхаҳои хаттию масоили марбут ба онҳо ва тавсифи дастнависҳою таҳияи феҳристҳои Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик А. Мирзоеви АИ Тоҷикистон гардонидааст.
Соли 2006 аввалин дафъа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва бо ҳидояти Амрияздон Алимардонов ва иштироки фаъоли ў феҳристи электронии 500 нусхаи дастнависи нодиру қадимӣ ва музайяну мусаввари ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ (380 нусха) ва китобхонаи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ (120 нусха) ба забонҳои форсӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ омода сохта шуд. Тавсифи нусхаҳо аз тарафи А. Алимардонов, С. Шаҳобуддинов ва А. Юнусов анҷом дода шудааст.
Осори чопшудаи ў дар ҳудуди 350 рисола ва мақолоти илмиву оммавӣ мебошад.
Амрияздон Алимардонов соли 2010 аз олам чашм пўшидааст.
Бозчоп аз Шарқшиноси тоҷик (1958-2008). – Душанбе: Маориф ва фарҳанг. – 2009. – С. 236-243.
Тартибдиҳанда: Зоҳир Аҳрорӣ
Дар Китобхонаи миллӣ аз ин олмими шинохта ва дар бораи ӯ матолиби зеринро метавонед суроғ кунед:
Осор:
Зиёуддин Нахшабӣ ва «Тўтинома»-ў. – Душанбе: Дониш. – 1980. – 218 с.
Таърихчаи насри тоҷику форс: Мақолаи илмӣ // Дурдонаҳои наср. – Душанб, 1987. – Ҷ. 1. – С. 5-21.
Таъсири ақоиду осори Абдураҳмони Ҷомӣ дар афкори ҷамъиятии Ҳиндустон // Ҷомӣ ва робитаҳои адабӣ. – Душанбе, 1989. – С. 72-93.
Ду ривояти халқии то кунун номаълуми ҳикоятҳои Тўтӣ // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Шўъбаи фанҳои ҷамъиятӣ. – 1971. – №4. – С. 59-63.
Устод Айнӣ – нахустин рўдакишиноси советии тоҷик // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Шўъбаи фанҳои ҷамъиятӣ. – 1979. – №4. – С. 71-76.
Давраи нави омўхтани осори Низомии Ганҷавӣ // Газетаи муаллимон. – 1981. – 13 январ.
Саҳми академик А. М. Мирзоев дар омўзиши адабиёти форсу тоҷик ва робитаҳои адабӣ // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Шўъбаи фанҳои ҷамъиятӣ. – 1989. – №1. – С. 82-89.
Дар борааш:
Ализода, С. Муҳаққиқи дақиқназари осори Рўдакӣ: Аз фаъолияти илмии донишманди пухтакору меҳнатдўст, адабиётшинос шодравон Амрияздон Алимардонов // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 29 сентябр.
Ализода, С. Нардбони осмон аст ин калом: Аз фаъолияти эҷодии адабиётшиноси тоҷик, равоншод Амрияздон Алимардонов // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 1 феврал.
Библиографияи миллӣ
Дар расм: аз чап ба рост: Савлатшо Мерганов, Амиряздон Алимардонов, Сулаймон Лоиқ (шоири афғон) ва Дӯстмурод Саидмуродов.
Суратгир Р.Поздняков. Соли 1981.