Агар хоҳӣ, ки битвонӣ…

mahvash-ibrohimovaДар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Маҳваш Иброҳимова аз иштирокчиёнест, ки дар қироати шеъру ғазал садои хеле ҷаззоб дорад. Бурро сухан меронад, дар гуфтугӯ озод аст. Ӯ хонандаи синфи 11-уми литсеи № 1 ба номи Исмоили Сомонӣ-и шаҳри Кулоб буда, соли чаҳорум аст, ки фаъолонаву хастанопазирона дар озмуни ҷумҳуриявӣ  ширкат меварзад ва умед аз он дорад, ки аз солҳои пешин сабақҳо андухтаву имсол фирӯз мегардад. “Ҳарчанд,- мегӯяд ӯ, – иштирок  ва ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфтан ин худ алакай руҳияро баланд месозад”.

Маҳваш, ки қироати ғазалро хеле меписандад, мегӯяд ”аз аввал эҷодиёти Саъдиву Ҳофиз, Камоли Хуҷандиву Сақои Бухороӣ ба дилам роҳ ёфтаву маро мафтуни адабиёти классикии тоҷик сохтаанд”.

Ӯ беш аз 200 ғазал, 200 рубоӣ ва дубайтӣ, зиёда аз 500 байт достон, 200 қасида ва 150 байт дигар намудҳои шеърӣ ва теъдоди зиёди асарҳои насриро мутолиаву азхуд намудааст. Новобаста аз ин ҳама, Маҳваш  аз мутолиаи «Самаки айёр» ба шӯру ҳаяҷон омадааст, зеро саргузашти қаҳрамонон ҳисси кунҷкобии хонандаро боло мебаранд, то бо чӣ анҷом ёфтани ҳодисаҳову воқеаҳоро зудтар бихонад. Дар умқи ин намунаи осори насри форс-тоҷик, ки аз ривоятҳои пароканда ҷамъоварӣ шудааст,  накӯтарин пиндорҳои мардуми одӣ ҷой ёфтаанд ва дар мафҳуми «ҷавонмардӣ» фароҳам омадаанд.

Ба гуфтаи Маҳваш, аз марҳалаи аввали озмун аъзоёни хонаводааш, устодаш Абдулвосит Расулов ва аммааш ӯро дастгирӣ намудаву болидарӯҳ месохтанд. Дар дарёфти китобҳо кӯмак намуда, онҳоро барояш дастрас мекарданд. Дар баробари мутолиаи адабиёт тибқи Низомномаи озмун дар китобхонаи муассисаи таълимӣ ва китобхонаи вилоятӣ, Маҳваш Иброҳимова ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омада китоб мутолиа менамуд.

Бардошти муҳиме, ки Маҳваш аз ин озмун барои худ кардааст ин аст: “ман фаҳмидам, ки бояд дониши худро сайқал диҳам, бештар китоб хонам ва кӯшиш намоям маводи лозимаро дар хотираам мустаҳкам ҷой диҳам”.

Аз суҳбат бо ин духтараки пурэнержи мо ҳам болида гаштаву таманно мекунем, ки кабутари иқбол ҳамеша ӯро раҳнамун бошад.

Махфират Муҳиддинова, бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа