Агар хонӣ ту боре шеъри пурсўзу гудози ман…

Агар умр бевафо намебуд Мавҷигул Зардодхонова – ин шоираи ширинсухан ба синни 59 қадам мегузошт. Вале сад ҳайфу дареғо, ки умраш басо кутоҳ буд: ҳамагӣ  48 сол зист. Ва озодаву зебо зист. Тирамоҳ ба дунё омад ва зимистони сард тарки олам кард. Дар ин умри басо кутоҳ аз худ бастаи шеъри ноб ба ёдгор гузошт, ки дар чанд китоб ва маҷмуаҳо дастаҷамъӣ гирд омадааст. Ва гӯё медониста, ки кам мезияд. Фармуда:

Ҳар кӣ будам, ҳарчӣ будам суст ё вологуҳар,

Шеър мегуфтам зи умқи синаи худ пур аз шарар.

Мавҷигул 27 сентябри соли 1963 дар деҳаи Буведи ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон, дар оилаи хидматчӣ дида ба олам кушод. Вай таҳсилкардаи риштаи забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Мавҷигул ба шеъргўӣ аз давраи шогирдии мактаб оғоз кард. Вай аз фаъолони шеър таҳти роҳбарии Ширин Бунёд дар Бадахшон буд.

Нашри аввалин шеърҳояш дар китоби «Навсафар»  дар соли 1983 буд. Баъди хатми мактаби олӣ дар соли 1983 Мавҷигул муддате дар нашрияҳои давлатӣ дар шаҳри Душнабе кор кард. Вай бисёр шеърҳои пурмаънию пурғановат ва бо мавзуъҳои гуногун навиштааст.

Вай чанд сол дар радио ва телевизиони вилояти Бадахшон кор мекард. Баъдан муаллиф ва муҳаррири яке аз сомонаҳои байналхалқӣ будааст. Соли 2004 Мавҷигулро ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд.

Мавҷигул  9 сентябри соли 2011 аз олам чашм пўшиданд.

Китобҳои  ў «Шаббода»,  «Ҳарими ғунчаҳои сабз», «Таваллуди фарёд», «Чашмаи ташна» ва ғайраҳо мебошанд.

Шеър мегўям барои аммаи ҷонам,

Ашк мерезад зи чашмонам.

Ҳамчу мавҷе дар хами дарё

Омаду гардид нопайдо.

 Оре, аммаам буд, аммаи дӯстдорам ва хеле поксиришту хоксор буд. Дар лабонаш ҳамеша табассум ҳувайдо буд. Сафедрўйу сияҳмўй, абрувони чун камон ва чашмони сиёҳу пурҷилло дошт. Эҳ…афсўс ин дарди бедаво ўро аз дарун мехўрд. Аммо вай дардашро аҳамият намедод, чун медонист зиндагӣ дубора барнамегардад. Медонист, ки рўзе фақат дар хотираҳо мемонаду  бас. Вай ҳар дақиқаи зиндагиро ғанимат медонист, ҳамаи зиндагиашро бари хешу наздикон бахшида буд. Вале баъзе  шабҳои бехобӣ аз дарди бедавояш ашк мерехт, ашкҳои пинҳонӣ. Вай чун гавҳари Лаъли Бадахшон хамеша пурҷиллою пур пурнур буд.

 Агар хонӣ ту боре шеъри пурсўзу гудози ман,

Бидон, бо ёди ту аз риштаи ҷон шеър мебофам.

Маро аз шеъри ман ҷўед, дарёбед аз шеърам,

Ба нармӣ шеъраму покизадил чун чашмаи софам.

Аммаам ҳарчанд барои фаъолият дар созмоне ғайридавлатӣ ҷалб шуда буд, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ аз эҷоди шеър худро канор нагирифт. Ҳамеша менавишт, чоп мекард…Афсӯс, ки ҳоло ҳам на ҳама сурудаҳояш рӯйи чопро дидаанд…

Аё Мавҷигули ҳайфи дили хок,

Ғамат моро ба хокистар нишонда.

На танҳо хонаам баъди ту холист,

Бадахшон баъди ту бе лаъл монда!

 Ёд дорам дар суҳбате устод Лаълҷубаи Мирзоҳасан гуфта буд, ки солҳои охири умраш Мавҷуда ба баҳри нопайдоканори орфон ғӯтидаву чандин маснавиҳои ҷолибе ҳам офарид ва ин маснавиҳо “бо қолаби куҳан печидагиҳои замони навро тараннум ва боз мекард”.”

Ҳар боре ин масраҳоро аз девони ашъораш мехонам, гумон мекунам ӯ пеш аз он ки ҷонашро ба Ҷонофаринаш таслим кунад, аввал бо хонандаи худ хайрбод карда буд:

Хонаи ободи ту обод бод,

Хонаи уммеди ту бунёд бод.

Меравам ман, меравам бебозгашт,

Хотират бо ёди дигар шод бод…

 

Ё худ:

 

Аз азал одати дунё ин аст,

Умри шоир ҳамагӣ вазнин аст…

Байти тозаст давоми умрам,

Ин бувад расму чунин ойин аст…

 Марзия Зардодхонова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ

 Дар Китобхонаи миллӣ аз Мавҷигул Зардодхонова ва дар бораи ӯ ин матолибро метавон хонд:

 Зардодхонова, М. Модарам: Шеър // Бадахшони советӣ. – 1982. – 8 март.

Зардодхонова, М. Эй шеър // Бадахшони советӣ. – 1982. – 4 сентябр.

Зардодхонова, М. Ману ту: Шеър // Бадахшони советӣ. – 1982. – 30 декабр.

Зардодхононва, М. Баҳор: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 6 феврал.

Зардодхонова, М. Коргар: Шеър // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 19 ноябр.

Зардодхонова, М. Тоҷикистон: Шеър // Бадахшони советӣ. – 1989. – 15 июл.

  «Шаббода»;

  «Ҳарими ғунчаҳои сабз»;

 «Таваллуди фарёд»;

 «Чашмаи ташна».

Дар борааш

Расулова, Н. Мавҷи гул – мавҷи шеър: Дар бораи шоираи ҷавон Мавҷигул Зардодхонова // Занони Тоҷикистон. – 1988. – №6. – С.12.