Агар Султон Шоҳзода зинда мебуд…

Агар Султон Шоҳзода, ин шоири хубу навгӯи тоҷик дар қайди ҳаёт мебуд, имрӯз ба синни мубораки 80 қадам мемонд. Дардову дареғо, ки миқрози аҷал хеле бармаҳал риштаи умри ӯро бурид. Ёдаш ба хайр.

СУЛТОН ШОҲЗОДА 1 апрели соли 1943 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ шоири тоҷик Султон Шоҳзода таваллуд шуд. Вай соли 1949 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Корманди рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» будааст. Солҳои 1979-1981 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Баъдан дар рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» ва шуъбаи адабиёти бачагони нашриёти «Маориф» кор кардааст.

Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-ум чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Чашмаи Носир» (1975), «Ману борон» (1982), «Ошёни уқобон» (1985), «Сояи кӯҳ» (1986), «Парандаи кабуд» (1989) ва «Афсонаи баҳор» (1994) мебошад.

Иддае аз шеърҳояш ба забонҳои украинӣ, ӯзбекӣ, чехӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Ашъори алоҳидаи М. Луконин, С.Островой ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1997 (пас аз марг) сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

27 феврали соли 1995 аз олам даргузашт.

Аз Султон Шоҳзода ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавон хонд:

  1. Чашмаи Носир: шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 80 с.
  2. Ману борон: маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 47 с.
  3. Ошёни уқоб: маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 96 саҳ.
  4. Сояи кўҳ: шеърҳо барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1986. – 96 с.
  5. Паррандаҳои кабуд: Маҷмўа. – Душанбе: Адиб, 1988. – 144 с.
  6. Ба шаҳри Душанбе: шеър // Машъал. – 1964. – №6. – с. 13.
  7. «Пас онро бахш бар Аскар»; Нигаҳдори оромӣ: шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1964. – 22 феврал.
  8. Ҳамраҳи Хуршед: шеър // Тоҷикистони Советӣ. – 1965. – 21 август.
  9. Ба ёди бародарам: шеър // Маориф ва маданият. – 1966. – 8 май.
  10. Бўсаҳои аввалин; Тулўъи Хуршед: шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1967. – 13 май.
  11. Бачагони қишлоқ; Орзў: шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1968. – 1 май.
  12. Қиссаи сарбозони мусиқачӣ: шеър // Бадахшони Советӣ. – 1969. – 13 апрел.
  13. Асрори наво; Ёд: шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1970. – 15 март.
  14. Модари тоҷик; Шеъри Модар: шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1971. – 25 июл.
  15. Сарои баҳор; Манзараи саҳар: шеърҳо // Садои Шарқ. – 1979. – №7. – С. 45-46.
  16. Алафдаравон: шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 10 июн.
  17. Бо роҳи Вахш; Эй мард, мард бош!: шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 29 апрел.
  18. Мўйсафедон; Шеър; Оҳу; Суруди қадима: шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 5 феврал.
  19. Ҳофиз: шеър ба Ҳофизи Шерозӣ // Газетаи муаллимон. – 1984. – 17 апрел.
  20. Барфҳо: шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 9 январ.
  21. Аскари ҷавонмарг: шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1986. – 3 декабр.
  22. Шеъри Сабз: шеър // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 20 март.
  23. Кўдакон: шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 2 сентябр.
  24. Китоби Офтоб; Шаби чўпонӣ: шеърҳо // Бадахшони Советӣ. – 1990. – 14 июл.
  25. Рақси модарам: шеър // Адабиёт ва санъат. – 1990 . – 25 январ.
  26. Роҳи Помир: шеър // Бадахшони Советӣ. – 1990. – 23 июн.
  27. Субҳона: шеър // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 25 январ.
  28. Давоми рақси Ховаршо: ҳикоя // Тоҷикистони Шўравӣ. – 1991. – 2 май.
  29. Достони Шарора // Паёми Душанбе. – 1991. – 31 май.
  30. Гитори Наргис Бандишоева; Ағбаи Анзоб; Шабистони қабрҳо: шеърҳо // Садои мардум. – 1992. – 17 октябр.
  31. Дар зимистон: шеър // Машъал. – 1992. – №9-10. – С. 6.
  32. Ҷангалбон; Тифли ҷангал, Кўпруки деҳа: шеърҳо // Машъал. – 1992. – №5. – С. 9.
  33. Шоҳдара нури махмалӣ дорад; Ду ғазал: шеърҳо // Ҳафтганҷ. – 1992. – №4(35). – С. 4.
  34. Шеъри кўхистонӣ; Хумори дил; Ҷавобия бар ғазали Адо; Дилам меларзад; Паймони лабҳо: шеърҳо // Бадахшон. – 1993. – 28 май.
  35. Ба Бадахшон баҳор меояд: шеър // Бадахшон. – 1993. – 19 март.
  36. Хушёр бош; Ғазали гуреза; Меваҳои биҳиштӣ; Ёдҳои сабз: шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 1 апрел.
  37. Бечора модар: ҳикоя // Ҷумҳурият. – 1994. – 1 октябр.
  38. Варақи тоза бувад паҳнои дарё; Саҳари дарё; Борони биёбон; Сафедорони хаёлӣ; Барраҳо мечаранд дар пушта: шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1995. – №3-4. –  С. 2.
  39. Деҳаи ман; Духтари хуфта; Дарёи Панҷ; Аз роҳи дилам мегузаред; Бўи ҷон овардаам; Ман ба фардо: шеърҳо // Ҷумҳурият. – 2003. – 4 сентябр.
  40. Маҷро; Дар сояи сафар; Салом Модар; Барои ту: шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 23 июн.
  41. Тарҷумаҳои Султон Шоҳзода:
  42. Абдиршоев, Ж. Меҳри Ҳофиз: шеър ба ёдбуди М.Авезов / тарҷумаи С.Шоҳзода // Маориф ва маданият. – 1976, – 23 ноябр.
  43. Муқашева, Р. Саҳаргоҳон: шеър / аз қирғизӣ тарҷумаи С.Шоҳзода // Маориф ва маданият. – 1976. – 22 май.
  44. Атоҷонов, А. Қиссаи комиссар; Ба коммунисти куҳансол: шеърҳо / тарҷ. С.Шоҳзода // Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 4 май.
  45. Шленский, В. Шаби чўпонҳо; Танўр; Дар фабрикаи қолинбофӣ шеърҳо / тарҷумаи Султон Шоҳзода // Комсомоли Тоҷик. – 1984. – 23 ноябр.
  46. Собиров, Қ. Сайёди шеър: шеър / тарҷ. Шоҳзода, С. // Маориф ва маданият. – 1976. – 27 ноябр.
  47. Дар борааш:

 Табрикоти Раёсати ИНТ ба шоири варзида Султон Шоҳзода нисбати 50-солагии зодрўзаш // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 1 апрел.

Таҳияи Ҳусния Назарова ва
Дилафрўз Назарова
кормандони
шуъбаи билиографияи миллӣ
.