Аҳаммияти омӯзиш ва ҳифзи дастхатҳо

Китоб яке аз бузургтарин арзишҳо ва мероси умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Китоб дар тамоми давраҳои таърихӣ барои ҳар як миллати дорои фарҳанг аҳамияти калидӣ дошта, ҳамчун воситаи асосии интиқоли дониш, тафаккур ва таҷрибаи маънавӣ хизмат кардааст. Маҳз тавассути китоб инсоният бо осори мутафаккирон ва эҷодкорони бузурги ҷаҳон ошно мегардад.

Дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ нусхаҳои хаттӣ, махсусан дастхатҳои Шарқ мақоми хос дошта, ҷузъи муҳимми ганҷинаи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб меёбанд ва арзиши бузурги таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ доранд. Тавре маълум аст, мутафаккирон ва донишмандону шоирони форсу тоҷик асарҳои худро асосан ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ таълиф намудаанд. Ин дастнавиштаҳо имрӯз дар китобхонаҳо ва марказҳои илмии кишварҳои гуногуни ҷаҳон маҳфузанд. Омӯзиши онҳо барои муайян намудани матни аслӣ, таҳияи матнҳои интиқодӣ ва нашри илмии осор аҳамияти ниҳоят муҳим доранд.

Истилоҳи «дастнавис» мафҳуми умумиест, ки тамоми матнҳои бо даст навишташударо фаро мегирад ва ҳаммаънои калимаи «manuscript» мебошад. Манускрипт аз калимаи лотинии manuscriptum, яъне manus –  даст ва scriboменависам буда, ба асарҳои адабӣ ё илмие гуфта мешавад, ки бо даст навишта шудааст.

Мутаассифона, дар ҷараёни ҳаводиси гуногуни таърихӣ қисми зиёди нусхаҳои хаттӣ ё дастнависҳо аз байн рафтаанд. Аз ин рӯ, дар замони муосир ҷамъоварӣ, омӯзиш ва ҳифзи онҳо вазифаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ ва инсонӣ ба шумор меравад. Барои анҷом додани чунин корҳо, албатта, вобаста ба имкон, сафарбар намудани гурўҳҳои корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар зарур аст.

Чуноне зикр намудем, яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ҳифзу нигаҳдории дастхатҳо мебошад. Барои нигоҳдории дурусти дастхатҳо омӯзиши хусусиятҳои физикӣ ва химиявии маводҳо, ки дар сохту сози дастнавис истифода гардидаанд, аз қабили пўст, сиёҳӣ, коғаз,матоъ рангҳо (пигментҳо) ва ғайра аҳамияти калон дорад. Яке аз роҳҳои самараноки ҳифзи дастхатҳо, омӯзиши тарзи таҳия ва истифодаи дастхатҳо дар даврони гузашта, инчунин муносибат бо онҳо дар замони ҳозира мебошад.

Дар замони муосир усулҳои гуногуни таъмиру тармим (реставратсия) ва ҳифзу нигаҳдорӣ (консерватсия) мавҷуданд, аз ҷумла: омўзиши ранг ё сиёҳии истифодашуда, усулҳои таъмир ва барқарорсозӣ, баррасии мушкилоти асосии ҳифзу нигаҳдорӣ, нигаҳ доштан дар намуди рақамӣ ва ғайра

Ҳифзи дастхатҳо, махсусан дастхатҳои тазҳибу тазйин, наққошӣ ва рангуборшуда масъулияти хеле баландро тақозо менамояд. Барои пешгирии осеб ба дастхатҳо ва китобҳои нодир риояи қоидаҳои нигоҳдорӣ муҳим аст. Махзани нигаҳдорӣ бояд камнур ё моил ба торикӣ бошад ва китобҳо аз нурҳои мустақими офтоб муҳофизат карда шаванд. Рутубат ё намии ҳаво набояд аз 45–55% зиёд бошад, ҳарорати оптималӣ бошад 1820 дараҷа ҳисобида мешавад.

Нусхаҳои дастнавис бояд дар қуттиҳои махсусгадонидашудаи картонӣ (қуттиҳои кислотанейтралӣ), ки орӣ аз таркиботи гуногуни кимиёвӣ ҳастанд, дар ҷевонҳои чўбин ё ҷевонҳои оҳанӣ (сайфҳо) нигаҳдорӣ шаванд.

Қуттиҳо бояд аз андозаи дастнависҳо ё ҳуҷҷатҳои таърихӣ, барои фишор наовардан ба онҳо 1-2 сантиметр бештар бошанд. Инчунин, ҷевонҳо ё қуттиҳои дастнависҳоро аз чангу ғубор ва ҳар гуна ҳашарот ва микроорганизмҳо ҳимоя менамоянд. Ин тадбирҳо китобҳоро аз вайроншавии кимиёвӣ, биологӣ ва осебҳои механикӣ пешгирӣ мекунанд ва риоя нагардидани ин меъёрҳо боиси пиршавӣ ва фарсудашавии зудтари коғаз, рангҳо (пигментҳо) ва пергаментҳо мегардад.

Дар шароити муосир истифодаи технологияҳои рақамӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст. Архивкунонии рақамӣ низ имкон медиҳад, ки дастхатҳо, бахусус нусхаҳои осебпазир, ҳифз ва барои таҳқиқоти илмӣ дастрас гарданд. Нусхаҳои рақамӣ беҳтарин роҳи коҳиш додани фарсудашавӣ ва таъмин намудани дастрасии дарозмуддат ба нусхаҳои аслӣ мебошанд. Нусхаҳои рақамӣ дастрасии ҷисмониро ба дастнависҳо маҳдуд намуда, танҳо дар ҳолатҳои хеле кам ва истисноӣ метавонем аз нусхаи асл истифода барем.

Хулоса, рўйи даст гирифтани чунин тадбирҳо, омўзишҳо ва риояи талаботи собитшуда барои ҳифзи осори таърихӣ, бахусус дастнависҳо зарур ва саривақтӣ буда, имкон медиҳад, ки онҳоро беосеб ба наслҳои оянда таҳвил диҳем.

Рамзӣ Ҷумъақулов,
сардори шуъбаи Дастхатҳои Шарқ
ва китобҳои нодир