Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 11
Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун роҳбари мақомоти давлатӣ дар Помир дар роҳи ба амал баровардани дигаргуниҳои қатъии иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳар қадам ба монеаҳо дучор меомад. Яке аз монеаҳои ҷиддӣ сустии мавқеи ҳуқуқии Кўҳистони Бадахшон буд, ки ҳамчун воҳиди маъмурии ноҳиявӣ тобеи вилояти Фарғона буд ва ҳар як масъаларо мебоист ба воситаи ҳукумати ин вилоят ҳал менамуд. Вале аҳволи ин минтақаи кўҳсору дурдасти аз ҳар ҷиҳат қафомонда роҳбарияти вилояти Фарғонаро ба ташвиш намеовард.
Помир ба дастгирию кўмаки бевоситаи ҳукумати марказии Туркистон ниёз дошт. Набудани алоқаи доимию устувор бо марказ, нарасидани коркунони ихтисосманди дилсўз фаъолияти мақомоти ҳокимиятро боз ҳам душвор мегардонд.
Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Туркистон дар бораи зарурияти гузариш ба системаи нави ҳокимият моҳи маи соли 1922 ба интихоби Шўроҳои маҳаллӣ дар Помири Ғарбӣ шурўъ намуд. Ҳарчанд кумитаҳои инқилобӣ низ дар ин ҷо асосан бо роҳи интихобот ташкил ёфта буданд, вале дар он давра бо таъсири омилҳои гуногун занон ва як қисми мардони камбағал дар интихобот ширкат накарданд.
Бинобар ин, Кумитаи инқилобии Помир Ғарбӣ бо роҳбарии бевоситаи Ш. Шоҳтемур бо мақсади пурра фаро гирифтани тамоми табақаҳои аҳолӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ кори таблиғотиро дар деҳот вусъат дод, аъзоёни кумитаҳои инқилобӣ ва фаъолон ба мардум бартарии шакли нави ҳокимият – Шуроҳоро фаҳмонда медоданд. Ба маъракаи интихобот занон низ фаъолона ҳамроҳ шуданд. Дар кенти Рўшон бошад занон ҳатто ба ҳайати Шуроҳо интихоб гардиданд. Баъди чанде анҷуманҳои кентӣ баргузор шуданд. Мардум беш аз пеш ба ҷараёни ҳаёти сиёсӣ дохил мешуд, фаъолияту шуурнокии он меафзуд.
Дар анҷумани шуроҳои кенти Шуғнон, ки моҳи июли соли 1922 баргузор шуд, масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти замину об низ баррасӣ гардиданд. Вакилон гузаронидани ислоҳоти заминро маъқул дониста, қарор доданд, ки бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои камбағал дар ҳар қишлоқ анбори халқӣ ташкил карда, аз ҳосили ҳар як анбор ғалла (6 пуд) 12 кило ба ин анбор супорида захира карда шавад. Бо қарори Шуроҳои қишлоқ аз ин анборҳо ба камбағалон ғалла дода мешуд.
Ин тадбирҳо аксуламали мухолифони сохти навро ба вуҷуд меоваранд. Дар айни авҷи ислоҳоти замин бо дасисаи мухолифин раиси кумитаи инқилобии кенти Шуғнон Миликбек Қурбонмамадов, узви фаъоли комиссияи ислоҳоти замин Мулкамон Назармамадов ба ҳалокат расонда шуданд.
Дар анҷумани якуми Шўроҳои Помири Ғарбӣ, моҳи июли соли 1922 ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои ислоҳоти замин, кооперативонӣ, маорифи халқ, ҳамчунин вазъияти нашъамандӣ таҳлил намуда, тадбирҳои амалӣ пешбинӣ шуданд. Анҷуман Ш. Шоҳтемурро раиси Кумитаи иҷроияи Шўроҳои Помири Ғарбӣ интихоб кард.
Моҳи октябри ҳамон сол мўҳлати ваколати отряди ҳарбӣ бо сардории Т. М. Дяков ба охир расид ва он Пормирро тарк намуд. Ба ҷои он отряди нав бо сардории И. И. Кузнесов фиристода шуд. Дар асоси қарори КИМ Туркистон Ш. Шоҳтемур раиси Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Помир таъин гардид. Бо роҳбарии ў дар вилоят доир ба мустаҳкам намудани мақомоти ҳакимияти Шуравӣ кори зиёди пурсамар ба ҷо оварда шуд.
Хусусан ташкил додани мактабҳо, тайёр намудани кормандони саводнок аз байни аҳолии маҳаллӣ ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа дар маркази диққати Ш. Шоҳтемур меистоданд. Вай дар маърўзаи хаттии ба унвони котиби масъули КМ ҲК (б) Туркистон Турақулов моҳи июни соли 1922 фиристодааш зарурати ҳалли бетаъхири ин масъалаҳоро таъкид намуда, қайд кардааст, ки мутахассисони аз ҷойҳои дигар ба Кўҳистони Бадахшон фиристодашуда ба душвориҳои табиию иқтисодӣ, бо марказ алоқаи устувор надоштани ин макон тоб наоварда, бо ҳар баҳона хеста мераванд. Комиҷроияи Марказӣ ва КМ ҲК Туркистон дархосту талаби боисрори Ш. Шоҳтемурро дар хусуси кушодани мактабҳо дар Кўҳистони Бадахшон маъқул донистанд.
ВОҚЕАИ ФАВҚУЛОДДА
Хирад кимиёи салоҳ асту неъмат,
Хирад маъдани хайру ад ласту эҳсон.
(Ҳаким Носири Хусрав)
Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҷустуҷўи роҳу воситаҳои ҳалли вазифаи муҳимтарин – пешбурди маорифу фарҳанги мардум буд, ки дар Кўҳистони Бадахшон як воқеаи дар шароити он замон фавқулодда ба вуқўъ омад. Намояндагони ваколатдори пешвои мазҳаби исмоилияи дини Ислом Имом Султон Муҳаммадшоҳ (Оғохони III) Машнарӣ Сабзалӣ ва Саид Мунириддин ба Кўҳистони Бадахшон ташриф оварданд, бо пайравони ин мазҳаб дар деҳот вохўрию маҷлисҳо баргузор менамуданд.
Дар бораи яке аз ин мулоқотҳо собиқадори меҳнат, сокини деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон Мамадҳасан Додализода чунин ёдоварӣ намудааст:
«Вақте ки Машнарӣ Сабзалӣ ба Шуғнон омада буд, ман даҳсола будам. Нағз дар хотир дорам, ки дар қишлоқ маҷлиси калоне барпо шуд, мо, бачаҳо ҳам ба он ҷо рафта будем. Баъдҳо падарам чандин маротиба дар сўҳбатҳое, ки дар хонаи мо бо мўйсафедон, ҳамсолонаш баргузор мешуданд, аз он маҷлис ёдоварӣ менамуд ва суханони Машнариро такрор ба такрор айнан хотирнишон месохт ва онҳо дар хотирам пурра нақш бастанд.
Машнарӣ Сабзалӣ ба мардум муроҷиаткунон пурсид: – Шумоён муридони мукиҳои (пирҳои) худ ҳастед, ё муридони Мавлои Замон Султон Муҳаммадшоҳ ҳастед?
Аз ҳар ҷониби маҷлисгоҳ садоҳо баланд шуданд, ки мо муридони Мавлои Замон ҳастем.
Машнарӣ Сабзалӣ қаноатманд шуд ва се маротиба бо овози баландгуфт: «Хонаи ҷамоати Мавло обод!» Баъд вай дар бораи мақсади ба ин ҷо омаданаш, вазифаҳои ҷамоати исмоилия, иршодоти Имом бисёр сухан ронд. Аз суханрониаш нуқтаҳои зайл дар хотирам нақш бастаанд: «Ман бо супориши Мавлои Замон пеши шумо омадаам. Чизе ки ҳозир ба шумо мегўям, ин сухани Мавлои Замон аст. Забони ман забони Мавлост, чашми ман чашми Мавлост, чизе ки мегўям, маҳкам дар гўшу ҳуши худ бигиред ва аз рўи он амал кунед. Фарзандони худро ба мактаб диҳед, мактаб созед, муаллим гиред. Китоб, дафтару қаламро ман медиҳам. Мулки худро обод кунед. Бадахшон Ҳиндустон мешавад. Балшавекро бад нагўед, балшавек монанди падару модар ба шумо хидмат хоҳад кард. Вақташ ояд, монанди барфи баҳор худ ба худ гум мешавад».
Раиси Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Помир, ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи Шўроҳои Помир Шириншоҳ Шоҳтемур бо намояндагони Имом мулоқот намуда, аз мақсади он огоҳ шуд ва қарор дод, ки бо мақсади суръат бахшидан ба пешбурди маориф, маърифатнок намудани мардуми кўҳистон аз имкониятҳои дини мубини ислом, ки мақсади он низ рушди маърифату фарҳанг мебошад, пурра истифода барад. Бинобар ин бо маслиҳат ва розигии Ҳукумати Туркистон бо намояндагони ваколатдори дин аҳднома баст. Нусхаи ин ҳуҷҷати нодири таърихӣ дар хона-музеи Ш. Шоҳтемур воқеъ дар деҳаи Тишори ноҳияи Шуғнон маҳфуз аст.
Дар он, аз ҷумла омадааст: «Сегонаи фавқулоддаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Помир кушодани мактабро барои таълими бачагон аз рўи усули нави меҳнатӣ ба нақша гирифта, мақсад дорад бинои кўҳнаи мактабро дар деҳаи Хоруғи поён аз таъмир бароварда ҷиҳозонад, сохтмони давлатии биноҳои мактабро дар деҳаҳои Нуди кенти Ишкошим ва Лангари кенти Вахон оғоз намояд, бо даст додани имконият дар яке аз деҳаҳои сераҳолии кенти Рўшон мактаб кушояд. Шумораи умумии хонандагон ба навад нафар хоҳад расид.
Дар ҳамаи мактабҳо таълими озодаи дин барои хонандагони тоҷик иҷозат дода мешавад.
Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ўҳдадор мешавад, ки ҳамаи хонандагонро бо либос, китобҳои дарсӣ (ғайр аз динӣ), лавозимоти таълимӣ (қоғаз, қалам, бўр ва ғайра) таъмин намояд.
Намояндаи дин ўҳдадор мешавад, ки хонандагонро аз рўи меъёри пешниҳодшаванда бо хўрокворӣ таъмин кунад, ба омўзгори дин аз ҳисоби худ маош диҳад, ба таълими муаллимони аз ҷониби Сегона таъиншуда мудохила нанамояд, ба ҳеҷ гуна таъсиррасонии сиёсӣ нисбати хонандагон роҳ намедиҳад…».
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити басо мураккаби сиёсию иҷтимоии ҳамон давра, ки байни ҳизби коммунист ва ҳомиёни дин муборизаи шадид мерафт ва ташвиқоти зиддидинӣ қисми таркибии сиёсати ҳизби коммунист буд, ба вуҷуд омадани чунин як аҳднома воқеаи фавқулоддаест. Онро танҳо инсонҳои ҳақиқатан хирадманду ватанпарвст, дилсўзу пуштибони фарҳанги бостонии халқи худ тартиб додаю имзо карда метавонистанд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Саид Мунириддин ҳамингуна фарзандони фарзонаи халқ буданд.
Охирҳои соли 1922 бо кўмаку дастгирии отряди сарҳадчиён дар Хоруғ мактаби нахустини шуравӣ кушода шуд. Аскарони сурх розӣ шуданд, ки 5 дарсади меъёри хўрокаи онҳо барои хонандагони мактаб, ки асосан ятимон ва фарзандони камбағалон буданд, дода шавад. Дар назди мактаб интернат бо фарогирии 50 нафар ятимон, бепарасторон, фарзандони батракҳо ташкил дода шуд. Ҳамин тавр, ҳаёти нав оҳиста-оҳиста реша медавонд.
Вале фаъолияти бунёдкоронаи мақомоти нави ҳокимият дар ҳар қадам ба аксуламали қувваҳои мухолиф, ҳомиёни тартиботи кўҳна, ки аз байни мансабдорони аз ҷиҳати сиёсӣ ва ахлоқӣ ноустувори мақомоти ҳукуматӣ тарафдорону ҳомиён пайдо карда буданд, дучор меомад. Душвории дигари ҷиддӣ он буд, ки ҷиҳати камии маоши кормандони мақомоти давлатӣ, одамони бомаълумоту кордон аз иҷрои вазифаҳои душвору масъулиятноки мақомоти шўроҳо канораҷўӣ менамуданд. Ин ҳолат низ амалӣ гардонидани тадбирҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва маданиро ба таъхир меандохт.
Шириншоҳ Шоҳтемур дар бораи ҳамаи ин масъалаҳои ҷиддӣ ба КИМ Туркистон пайваста арз намуда, кўмак мепурсид.
(Давом дорад)
Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”. Хоруғ, 2014.
Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ