Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 12

Вале фаъолияти бунёдкоронаи мақомоти нави ҳокимият дар ҳар қадам ба аксуламали қувваҳои мухолиф, ҳомиёни тартиботи кўҳна, ки аз байни мансабдорони аз ҷиҳати сиёсӣ ва ахлоқӣ ноустувори мақомоти ҳукуматӣ тарафдорону ҳомиён пайдо карда буданд, дучор меомад. Душвории дигари ҷиддӣ он буд, ки ҷиҳати камии маоши кормандони мақомоти давлатӣ, одамони бомаълумоту кордон аз иҷрои вазифаҳои душвору масъулиятноки мақомоти шўроҳо канораҷўӣ менамуданд. Ин ҳолат низ амалӣ гардонидани тадбирҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва маданиро ба таъхир меандохт.

Шириншоҳ Шоҳтемур дар бораи ҳамаи ин масъалаҳои ҷиддӣ ба КИМ Туркистон пайваста арз намуда, кўмак мепурсид.

ПОМИР ДАР МАҚОМИ ВИЛОЯТ

    Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омўз, 

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

                                                                (Муҳаммад Иқбол) 

 Аввалҳои августи соли 1923 Ш. Шоҳтемурро бо Тошканд даъват намуданд. Вай дар маҷлиси КИМ Туркистон дар бораи вазъияти Помир бо маърўзаи муфассал баромад карда, бори дигар таъкид намуд, ки вазъият дар ин гўшаи дурдаст дар сурате комилан беҳбудӣ ёфта метавонад, ки агар мақомоти ҳокимият бо тамоми воситаҳои зарурии кор таъмин карда, барои коркунон шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда, дар худи маҳал кормандон тайёр карда шаванд. Дар асоси дархосту талаби Ш. Шоҳтемур котиботи КИМ пешниҳод намуд, ки хусусиятҳои хоси Помир ба эътибор гирифта, бо мақсади суръатафзоии пешрафти иқтисодию мадании ин кишвари дурдасти кўҳистон он ба вилояти мустақил табдил дода шавад. Раёсати КИМ Туркистон ин пешниҳодро маъқул дониста, 15 августи соли 1923 қарор қабул кард, ки «Райони Помир» ва «Вилояти Помир» табдил дода, ҳамчун воҳиди алоҳидаи маъмурӣ тавассути шўъбаи ташкилии КИМ дар итоати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Туркистон қарор дода шавад.

Дар асоси ҳамин қарор Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ аз Помир бозхонда, ба ҷои он Кумитаи инқилобии вилояти Помир дар ҳайати раис ва чор нафар аъзо таъсис дода шуд.

Бо супориши Раёсати КИМ Шириншоҳ Шоҳтемур дар давоми як моҳ дар Тошканд ба тартиб додани лоиҳаи Низомномаи вилояти Помир, тартиби ҳалли масъалаҳои вобаста ба ваколати шуроҳо, ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва маданӣ, муносибатҳои дипломатию тиҷоратӣ бо мамлакатҳои ҳамҷавори хориҷа, барқарор намудани алоқаи доимии радио бо маркази ҷумҳурӣ ҳамчун тадбирҳои аввалиндараҷаи сиёсию хоҷагӣ машғул буд. Сипас то моҳи июли соли 1924 вай дар котиботи Шурои Комиссарони халқи Ҷумҳурии Туркистон фаъолият намуда, дар ҳалли бисёр масъалаҳои вобаста ба сохтмони давлатӣ ва пешбурди хоҷагии кишвар ҳиссагузорӣ кард.

Дар асоси таклифу пешниҳодоти Шириншоҳ Шоҳтемур Раёсати КИМ Туркистон ҳангоми муҳокимаи масъалаи «Вазъият дар Помир» 30 июли соли 1924 диққатро ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти Шуравӣ дар сохтмони хоҷагию мадании кўҳистон нигаронида, қарор қабул кард, ки дар назди Кумитаи инқилобии вилояти Помир мақомоти зайл: котибот, шуъбаҳои маъмурӣ, умумӣ, маорифи халқ, молия, замину об, идораи сиёсии давлатӣ (ГПУ) ташкил дода, шумораи умумии кормандон қариб 100 нафар муқаррар карда шуд.

Дар қарори Раёсати КИМ Туркистон ба фаъолияти Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Помир бо сардори Шириншоҳ Шоҳтемур баҳои мусбат дода, қайд гардид, ки он дар мўҳлати кўтоҳ доир ба мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, таҳкими фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию мадании Кўҳистони Бадахшон кори пурсамар ба ҷо овардааст. Барои фаъолияти софдилонаю серғайрат, кори пурсамари ташкилотчигӣ дар бобати ташкил додан ва мустаҳкам намудани мақомоти давлатӣ, гузаронидани ислоҳоти замину об, кушодани мактабҳо ва муассисаҳои маданӣ Шириншоҳ Шоҳтемур бо Ифтихорномаи Раёсати КИМ Туркистон мукофонида шуд. Як гурўҳ иштирокчиёни фаъоли барқарору мустакамкунии ҳокимияти Шўравӣ дар Помир: Мулкамон Назармамадов – узви кумитаи инқилобии кенти Шуғнон, Телевалди Умарбоев – узви кумитаи инқилобии кенти Мурғоб, Иброҳим Исмоилов – раиси кумитаи инқилобии Ишкошим, Зайдулло Абдуллоев – раиси кумитаи инқилобии кенти Рўшон, Мирзобек Бодуров, Абдулалишоҳ Зинатшоев, Бозича Қосимбеков, Саидқуддус Мансуров бо соати нуқрагӣ сарфароз гардонида шуданд.

Роҳбарияти Кумитаи Марказии ҲК Туркистон донишу ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти кордонӣ ва ташкилотчигии Ш. Шоҳтемурро ба ҳисоб гирифта, таклиф намуд, ки вай минбаъд корро дар дастгоҳи Кумитаи Марказӣ идома диҳад. Вай ин таклифро қабул намуд ва ба воситаи намояндагони вилоят, ки ҳамон вақт ба Тошканд омада буданд, ба бародаронаш мактуб навишта фиристод, дар он хоҳиш намуд, ки ҳамсарашро назди ў фиристонанд. Бародаронаш Мамадаслам ва Бобошо аз паи иҷрои ин дархост шуданд. Вале волидайн, хешу пайвандони завҷааш дурию душвории роҳ (он вақтбайни Хоруғу Уш роҳи мошин набуд, мусофирон аспсавору пиёда мерафтанд), нооромии замона, надонистани забонҳо ва дигар сабабҳоро ба назар гирифта, хоҳиши Шириншоҳро иҷронашаванда ҳисоб намуданд.

(Давом дорад)

Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”.  Хоруғ, 2014.

Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд. 

Таҳияи Фарзона Раҳмонова, 

мутахассиси Маркази забони                                                                                                                                     

тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ