Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 13

Роҳбарияти Кумитаи Марказии ҲК Туркистон донишу ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти кордонӣ ва ташкилотчигии Ш. Шоҳтемурро ба ҳисоб гирифта, таклиф намуд, ки вай минбаъд корро дар дастгоҳи Кумитаи Марказӣ идома диҳад. Вай ин таклифро қабул намуд ва ба воситаи намояндагони вилоят, ки ҳамон вақт ба Тошканд омада буданд, ба бародаронаш мактуб навишта фиристод, дар он хоҳиш намуд, ки ҳамсарашро назди ў фиристонанд. Бародаронаш Мамадаслам ва Бобошо аз паи иҷрои ин дархост шуданд. Вале волидайн, хешу пайвандони завҷааш дурию душвории роҳ (он вақтбайни Хоруғу Уш роҳи мошин набуд, мусофирон аспсавору пиёда мерафтанд), нооромии замона, надонистани забонҳо ва дигар сабабҳоро ба назар гирифта, хоҳиши Шириншоҳро иҷронашаванда ҳисоб намуданд.

ДАР РОҲИ ЭҲЁИ МИЛЛАТ

То ранҷ таҳаммул накунӣ, ганҷ намебинӣ,

То шаб наравад, рўз падидор нагардад.

                                                                      (Ҳаким Носири Хусрав)

Шириншоҳ Шоҳтемур то охири соли 1924 дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Туркистон ба вазифаи инструктори зершўъбаи ақаллиятҳои миллӣ кор карда, ҳамзамон ба бахши тоҷикии он роҳбарӣ намуд.

Дар ин давра дар дафтари ҳаёту фаъолияти вай саҳифаҳои нави рангин боз шуданд. Вай масъалаҳои сиёсати миллӣ, ҳаллӣ онҳо дар шароити мураккаби сермиллатии Осиёи Миёна аз наздик ба таври ҷиддӣ шинос шуда, дарк намуд, ки ин масъалаҳоро ҳамаҷониба чуқур омўхтан ва дар ҳалли одилонаи онҳо саҳмгузор шуданаш зарур меояд.

Мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм баҳри амалӣ гардонидани тақсимоти ҳудудҳои миллӣ корҳои зиёди ташкилотчигию фаҳмондадиҳиро пеш мебуданд. Ш. Шоҳтемур ба амвоҷи пурихтилофи ин масъалаи ҳаёти муҳим ғўтавар гардида, дарк намуд, ки он дар тақдири таърихии халқи тоҷик аҳамияти ҳалкунанда дорад. Вай аз асарҳои сайёҳону олимони таърихшиноси машҳури Шарқу Ғарб, ки ба мутолиаи онҳо рағбати калон дошт, нағз медонист, ки тоҷикон қадимтарину сершумортарин халқи бумии ин сарзамин буда, дорои таъриху фарҳанги бои бостонӣ мебошанд. Вале дар ҳуҷҷатҳои расмию давлатӣ ин нуқта сарфи назар мешуд, зиёда аз ин, ҳатто маълумотҳои расмии оморӣ низ ба эътибор гирифта намешуданд. Мувофиқи ин маълумотҳо теъдоди тоҷикон дар кишвари Туркистон соли 1897-ум 1,3 миллион нафар буд, соли 1920, се баробар кам шуда, ба 399 ҳазор нафар фуромад, теъдоди ўзбекҳо бошад, баръакс се баробар афзудааст.

Вай бо ҳўҷҷатҳое, ки доир ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби Кумитаи Марказии ҲК Туркистон ба унвони КМ РКП (б), шахсан ба В. И. Ленин фиристода шуда буданд, шинос гардида, бештар ба ҳайрат меомад, ки дар онҳо оид ба мавҷудияти халқи тоҷик дар ҳудуди Туркистон ишорае ҳам намешуд, гўё чунин миллат умуман вуҷуд надошт.

Дар «Низомномаи мухторияти Туркистон», ки онро 8 марти соли 1920 КМ РКП (б) тасдиқ карда буд, омадааст: «Туркистон ҷумҳурии мухтори халқҳои асосии маскуни ин сарзамин: туркманҳо, ўзбекҳо, қирғизҳо мебошад». Дар Конститутсияи Ҷумҳурии мухтори Туркистон, ки соли 1920 қабул шудааст, низ миллатҳои бумии ин ҷо фақат қирғизҳо, ўзбекҳо ва туркманҳо эътироф шудаанд. Сокинони бумии қадимтарини ин кишвар тоҷикон ба гўшаи фаромўшӣ монда буданд.

«Чаро ин тавр?»- суол медод Ш. Шоҳтемур ба худаш ва барои дарёфти ҷавоб ба дастурҳои роҳбарони ҳизбу давлати Шўравӣ муроҷиат намуд.

И. В. Сталин соли 1923 дар Анҷумани XII РКП (б) оид ба масъалаи миллӣ маърўза карда, қайд намудааст: «Он ҷо, дар Бухоро, се миллат ҳаст: ўзбекҳо – миллати асосӣ, туркманҳо, ки аз нигоҳи шовинизми бухориён миллати «камаҳамият» аст ва қирғизҳо. Онҳо боз ҳам камшумортаранд ва аҳамияти камтар доранд». Аён аст, ки ин пешвои ҳизбу давлат миллати тоҷикро, ки дар Бухоро аксарияти аҳолиро ташкил дода, забонаш дар давоми асрҳо забони давлатии аморат буд, дар қатори миллатҳои «камаҳамият» ҳам ном набурдааст.

Ш. Шоҳтемур бо нутқу баромадҳои роҳбарони ҳизбию давлатии ҶМ Туркистон шинос шуда, дарк намуд, ки миллатгароёни ўзбек ниқоби сиёсати миллии ҳизби коммунист ва Давлати Шўравӣ мақсади ниҳоии хешро дар хусуси ташкил додани давлати ягонаи муқтадири турк дар ҳудуди Осиёи Миёна устуворона ба амал мебароварданд.

Бо фармони мансабдорони ўзбек дар асноду ҳуҷҷатҳои тоҷикони бумӣ бидуни ризоияти онҳо миллати ўзбек сабт карда мешуд. Тоҷиконе ҳам кам набуданд, ки барои соҳиби мансаб шудан худро тамаллуқкорона «ўзбек» номнавис мекарданд. Аз ҷумла, котиби масъули КМ ҲК (б) Ўзбекистон Абдулло Раҳимбоев, ки аслан тоҷик буд, аз мансубияти миллии худ даст кашида, мегуфт: «Осиёи Миёна аз рўи таркиби миллӣ мамлакатест, ки миллатҳои асосии он ўзбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо мебошанд».

Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамаи инро дида истода, торафт бештар боварӣ ҳосил менамуд, ки пантуркҳо сиёсати устуворонаи барпо намудани давлати ягонаи туркро дар сарзамини паҳновари Осиёи Миёна пеш гирифтаанд, онҳо бо ҳар роҳ кўшиш менамоянд, ки мавҷудияти халқи тоҷикро чун халқи бумии сершумор ва дорои сарватҳои бузурги моддию маънавӣ, маданияту санъат ва адабиёти ғании бостонӣ инкор кунанд. Баҳри муттаҳидшавии қисмҳои парокандаи ин халқ монеаҳои зиёд эҷод намуда, бо ҳамин мехостанд, ки мулкҳои тоҷиконро абадан зери тасарруфи худ нигоҳ доранд.

Ба ин мақсад чунин ақидаро боисрор тарғиб менамуданд, ки халқҳои ўзбек, қирғиз, туркман, қазоқ дар ҳақиқат ҷузъҳои як миллати турканд. Тоҷикзабонҳои Осиёи Миёна ҳам дар асл турк буда, зери таъсири фарҳангу адабиёти форс забону миллати худро аз даст додаанд. Бинобар ин онҳоро боз ба миллати турк баргардонида, аз тамомияти онҳо як миллати бузурги турк ва як давлати муқтадири турк ба вуҷуд оварда шавад.

Аксарияти зиёиёни тоҷик, ки дар муҳити инкишофёбии назарияи пантуркӣ таълиму тарбия гирифта, таҳти таъсири нуфузи ин ҷараён монда буданд, ба мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбию давлатии Ҷумҳурии Туркистон дохил шуда, аз манфиатҳои миллии худ комилан фаромўш намуда буданд. Пантуркҳо дар роҳи иҷрои мақсадҳои ғаразноки худ ингуна зиёиёни тоҷик ва ҳамчунин ноогоҳӣ ё бетафовутии пешвоёни ҳизби коммунистро дар масъалаи ҳайати миллии кишвари Туркистон моҳирона истифода мебурданд.

Вале муносибати беэътиноёна нисбати тақдири халқи тоҷик дар давраи ҳассоси тақсимоти миллӣ равшанфикрони баору номуси ин халқ: Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев барин фарзандони сарсупурдаи хирадманди миллатро ҳаргиз ором намегузошт. Онҳо ба воситаи матбуот, мактубу муроҷиатномаҳо ба унвони Бюрои осиёимиёнагии КМ РКП (б) ва КИМ Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии халқи худро қотеъона талаб мекарданд. Ин аст, ки ҳангоми тақсимоти ҳудуди миллӣ Тоҷикистон аввал дар шакли вилояти мухтор ва баъдан ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон таъсис дода шуд.

Комиссияи марказии муқарраркунии ҳудуди Тоҷикистон ҳангоми муҳокимаи масъалаи вилояти Помир талабҳои қатъии Шириншоҳ Шоҳтемурро дар бораи ташкил додани вилояти мухтор ба эътибор нагирифта натавонист. Вай хусусиятҳо ва тафовутҳои тоҷикони помирро нисбати тоҷикони дигар минтақаҳои Туркистон аз ҷиҳати иҷтимоию фарҳангӣ, динию забонӣ шарҳ додани, нишон дод, ки қафомонии иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании ин минтақаи кўҳистон, аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ аз дигар вилоятҳои тоҷикнишин канда буданаш, баробари мардуми тоҷик дар ин ҷо мавҷуд будани халқи қирғиз тақозо менамояд, ки дар ҳудуди пешинаи вилояти Помир вилояти мухтор таъсис дода шавад. Ин пешниҳод дар қарори комиссия оид ба масъалаи Помир, ки ба Бюрои Сиёсии КМ РКП (б) фиристода шуда буд, инъикос ёфт. Бо қарори КИМ СССР аз 2 январи соли 1925 вилояти маъмурии Помир ба вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон табдил шуд.

Раиси Бюрои осиёимиёнагии КМ РКП (б) И. А. Зеленский дар яке аз гузоришҳояш роҷеъ ба саҳву хатоҳои ҷиддии дар ҷараёни тақсимбандии ҳудудҳои миллии Осиёи Миёна роҳёфта ишора намуда, таъкид кардааст: «Иқдоми нахустине, ки мо гузоштем, аз тақсимбандии ҳудудҳои миллӣ, таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ иборат буд. Ин корро мо «сиёҳнавис» кардем, он «тозанавис» нашудааст, дар ин боб корҳои ҳалталаб зиёданд. Ин амали дуруштест, ки бо табар анҷом дода шудааст».

Дар рафти ин «табартақсим» марказҳои қадимаи фарҳангии тоҷикон-Самарқанду Бухоро, Хуҷанд ва бисёр дигар ноҳияҳои калони тоҷикнишин дар ҳудуди Ҷумҳурии Ўзбекистон монданд. Пантуркҳо, ки нақшаи онҳо дар бобати ташкил додани давлати ягонаи туркзабон дар Осиёи Миёна барбод рафта буд, ниқоби ҷорикунандагони сиёсати миллии шўравиро ба рўй кашида. Узбеккунонии тоҷикони ин маҳалҳоро вусъат доданд.

Онҳо дар ҳамаи мактабҳои тоҷикӣ таълимро ба забони ўзбекӣ ҷорӣ намуданд, ошкоро мегуфтанд, ки ҳудуди Ўзбекистон барои ўзбекон аст, касе ки худро тоҷик шуморад, ба Тоҷикистон равад.

Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, ки мавзеъҳои аз ҳар ҷиҳат қафомондаи кўҳсорро ба мерос гирифта буд, барои кормандони мақомоти давлатӣ ҷои бадарға ҳисоб мешуд ва ҳатто кормандони масъул аз байни тоҷикон худро ўзбек номнавис карда, аз рафтан ба Тоҷикистон саркашӣ менамуданд. Ин гуна коркунон беихтиёр ғояҳои панўзбекиро дастгирӣ намуда, ба амал мебароварданд.

Ягона шахсе ки, ки сиёсати авомфиребонаи миллатчиёни ўзбек, мансабдорони идораҳои давлатӣ ва созмонҳои ҳизбии Ўзбекистонро бо қатъият то охир фош намудааст, Шириншоҳ Шоҳтемур буд. Вай, ки аз таассуботи динию миллӣ ва маҳалчигӣ комилан озод буд, ҳамчун тоҷики асил бо тамоми воситаҳо баҳри ҳимояи манфиатҳои миллии халқ, эҳёи истиқлолияту давлатдории тоҷикон ҷоннисорӣ намудааст, ба муқобили миллатчиёни ва пантуркони ҳиллагар муборизаи оштинопазир бурдааст.

Шаҳодати равшани ин муборизаи устуворонааш «Гузориш ба И. В. Сталин, дар бораи мавқеи маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон» мебошад. Дар ин гузориш Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҷасорати ба худ хосаш ниқобро аз рўи мухолифони эҳёи халқи тоҷик бар канор андохтааст. Вай қайд намудааст: «дар ибтидо худи мавҷудияти тоҷикон ба ғайр аз тоҷикони ҳудуди Кўҳистони Бадахшон – Помири Ғарбӣ инкор мешуд… Ҳизби коммунисти Ўзбекистон ба ҳалли масъалаи тоҷикон фурсат намедиҳад, зеро худи ташкилотҳои маҳалии ҳизбии Ўзбекистон қисман аз унсурҳои зери таъсири доираҳои шовинистӣ монда иборатанд. Чунин муносибати ташкилотҳои маҳаллӣ нисбати масъалаи тоҷикон хавфу хатарро пеш меоварад…

Қисман бештар мутамаддину муташаккили аҳолиии тоҷик (сокинони шаҳрҳо, ки ба тиҷорат, саноат, косибӣ машғуланд ва зиёиёни меҳнатӣ) ҳамааш дар ҳудуди Ўзбекистон мемонад. Ҳол он ки маҳз ҳамин қисми аҳолии тоҷикро бо роҳу усулҳои гуногуни фишори ваҳшиёнаи маъмурӣ ва худсарии шовинистона ўзбек кунониданианд. Аз ин ҷо пайдост, ки чунин вазъи номўътадил маҳз байни тоҷикон аксуамал ва вокуниши ҷавобии шовинистона ва дар қисми маълуми ташкилотҳои маҳаллӣ ҳар гуна зуҳуроти зиддишўравию зиддиҳизбиро ба вуҷуд меорад.

Забони тоҷикӣ баъди тақсимбандии Осиёи Миёна ба таъқиби боз ҳам бераҳмонатар дучор шуд… Дарсдиҳӣ ба забони модарӣ, таълими забони модарӣ на фақат дар мактабҳои тоҷикӣ, ки аз ҳисоби давлат ва буҷети маҳаллӣ амал мекунанд, манъ аст, балки дар мактабҳое, ки дар асоси воситаҳои аз заминҳо ва молу мулки ташкилотҳои динӣ (вақфӣ) бадастомада вуҷуд доранд, иҷозат дода намешавад…

Оид ба хидматгузории маданӣ-миллии тоҷикони Ўзбекистон аз тарафи Ҳизби коммунисти Ўзбекистон қариб, ки коре сомон дода нашудааст…».

Ин гузоришнома далели нотарсӣ, далерию шуҷоат, ҳисси баланди ватанпарастӣ, нишони меҳру муҳаббати беинтиҳои Шириншоҳ Шоҳтемур нисбати халқаш буда, дар шароити ҳамон давраи ҳассос қаҳрамонии ҳақиқӣ буд.

(Давом дорад)

Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”.  Хоруғ, 2014.

Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Фарзона Раҳмонова,

мутахассиси Маркази забони                                                                                                                                     

тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ