Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 14

Ростӣ кун, то ба дил чун чашми сар бино шавӣ,

Ростӣ дар дил туро чашми дигар бино кунад.

(Ҳаким Носири Хусрав)

Бо чашми дил

Вақте ки Шириншоҳ Шоҳтемур 16 январи соли 1925 ба маркази маъмурии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон – қишлоқи Душанбе омад, дар ин ҷо ҳамагӣ чил кулбаи похсагӣ мавҷуд буда, тахминан дусад нафар аҳолӣ истиқомат дошт. Аз роҳи оҳан 250 километр дур будани қишлоқ, тохтутози доимии босмачиёнро дида, Ш. Шоҳтемур дарк намуд, ки ў ва ҳамсафонашро чӣ қадар душвориҳо. Корҳои азими бунёдкорию созандагӣ интизоранд. Дар ин кишвари пурнеъмату мардумаш қашшоқхиштҳои аввалинро ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон гузоштан лозим омад. Шоҳтемур ва ҳаммаслаконаш тамоми қувваю қобилияти худро баҳри он равона намуданд, ки ҷумҳирии мухтор ҳар чи зудтар душвориҳои марҳилаи мавлудро паси сар намуда, ба маҷрои мўътадили инкишоф дохил гардад, баҳри эҳёи давлатдории мустақили тоҷикон заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд оварда шаванд.

Нарасидани мутахассисон, кормандони дилсўзу қобилиятноки мақомоти ҳокимият душвориҳои иловагиро пеш меоварад. Ш. Шоҳтемур дар чунин шароит лозим донист, ки вазифаҳои зиёди ҷамъиятро ба зиммаи худ гирад.

Солҳои 1925-26 вазифаҳои намояндаи ваколатдори Комиссариати халқии инспексияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Ўзбекистон, Комиссари халқии Инспексияи коргару деҳқони Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ба ҷо оварда, дар айни замон дар ҳайати комиссияҳои гуногун ба ноҳияю вилоятҳои ҷумҳурӣ рафта фаъолият намудааст. Дар зарфи нўҳ моҳ дар ҳайати комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ аз босмачиён дар вилояти Кўлоб фаъолона кор бурдааст.

Ҳамон давра дар ҳудуди ҳамсарҳади ВМКБ, дар Рўшону Шуғнони Афғонистон шўриши халқӣ ба амал омада буд, ки бо номи «Маҳрам балво»машҳур аст. Шириншоҳ Шоҳтемур аз воқеа бохабар шуда, андешаҳои худро доир ба ин шўриш ва умуман вазъияти ҳамондавраи Бадахшон чун фарзанди ҳамин диёр дар мактубаш ба унвони Котиби масъули Бюрои ташкилии ҲК (б) Ўзбекистон дар Тоҷикистон Б. В. Толпиго баён намудааст. Дар ин номаи кўтоҳ тамоми ҳисси ғамхорию дилсўзии самимонааш нисбати мардуми Кўҳистони Бадахшон чун нури хуршед дар қатраи шабнам ба таври дурахшон инъикос ёфтааст:

«Рафиқи мўҳтарам Толпиго.

Дирўз, яъне 17 май аз Ховалинг ва Муъминобод баргаштам. Дар Кўлоб маълумотҳое аз Афғонистон расидаанд, ки дар ноҳияҳои кўҳистони Бадахшони Афғонистон, яъне Рўшон, Шуғнон, Ишкошим ва Вахон дар заминаи сиёсати андози ҳукуматдорони афғон шўриш сар задааст. Ба шўриш гўё волии Читрол (дастнишондаи англисҳо) роҳбарӣ мекунад. Ба ин мақсад ба тоҷикони наздисарҳадӣ аз тарафи вай гўё 68 адад милтиқи англисӣ-карабин ҷудо карда шудааст. Аз ин бештар чизе маълум нест.

Албатта, Шумо медонед, ки соли гузашта ҳам шўриши ба амал буд, вале азбаски шўришчиён яроқ надоштанд, он ба зудӣ пахш карда шуд. Имсол бошад, аз тарафи тоҷикон якчанд амалдори афғон – ҷамъкунандагони андоз кушта шудаанд. Шўришчиён ба андозае мусаллаҳанд, ки вазъият ҷиддист. Чунин шуданаш аз эҳтимол дур нест, ки мо бо англисҳо рў ба рў шавем. Агар ин тавр нашавад ҳам, шояд аз ҷониби англисҳо хонигарии Шуғнон барқарор карда шавад.

Аз як тараф, хуб мешавад, ки ин тоҷикони бечора аз зулми афғон халос мешаванд… Мана, асосан он чизе, ки ман хостам ба Шумо нависам. Ман хеле ва хеле ҳам хурсанд мешудам, агар онҳо, яъне тоҷикон бо яроқи худи англисҳо аз асорати англисҳо озод шуда метавонистанд ва бо тоҷикони Кўҳистони Бадахшони мо муттаҳид мешуданд.

Рафиқ Толпиго, агар шуғнониҳо ҳоло дар Душанбе бошанд ва ҳанӯз нарафтаанд, ба онҳо саломи маро расонед, рад накунед, зеро албатта бо онҳо вомехўред. Ва агар аллакай рафта бошанд, ба воситаи рафиқ Федко, ки ба зудӣтавассути тайёра ба ин ҷо бармегардад, ба таври шифоҳӣ ба ман хабар диҳед…».

***

Дар ҳайати комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ аз босмачиён фаъолият намуда, Ш. Шоҳтемур боре ҳамроҳи фармондеҳи гурўҳи аскарони сурх Путовский ба Кўктош назди қабилаи лақайҳои ўзбек мераванд. Бо мардум вохўрию мулоқот ташкил карда, деҳқононро ба меҳнати осоишта, намунавор гузаронидани маъракаи кишту кор даъват мекунанд. Онҳоро аз таҳдиди дастаҳои босмачиён огоҳонида, таклиф мекунанд, ки барои таъмини меҳнату зиндагии осоишта, бартараф сохтани ҳуҷуми босмачиён дастаҳои ихтиёриён ташкил кунанд, ба аскарони сурх ёрӣ расонанд.

Аз байни ҷамъомадагон Қувондиқ Тошев ном ҷавони камбағал суханони самимонаи Шоҳтемурро шунида, мутаассир гардид ва беихтиёр аз ҷо хеста, гуфт, ки мо аз бедодгариҳои босмачиён ба танг омадаем ва ман барои ҳимояи мардум аввалин шуда, яроқ ба даст мегирам. Баъди ин сухани Қувондиқ боз чанд нафар ҷавонони лақай ба даъвати ў ҳамовоз шуда, изҳор намуданд, ки ба дастаи ихтиёриёни зидди босмачигарӣ ҳамроҳмешаванд.

Ҳамин тавр, дастаи ихтиёриён ташкил ёфт. Ситораи Қувондиқ ба Шоҳтемур гарм тофт, баъди анҷоми ҷамъомад бо вай наздиктар шинос шуд. Минбаъд онҳо дўсти қарин гардиданд ва ҳар дафъае, ки гузари Шоҳтемур ба ин ноҳия меафтод, ҳатман ба хонаи Қувондиқ меомад, аз ҳар хусус сўҳбат мекарданд. Қувондиқ ба аҳдаш вафо карда, яке аз муборизони далери зидди босмачигарӣ, дастёри фаъоли аскарони сурх шуд.

Боре хабар расид, ки гурўҳи сершумори босмачиён бо сардории Искандар ҚўрбошӣСултонободро муҳосира кардаанд. Ш. Шоҳтемур ҳамроҳи ҳамроҳи отряди аскарони сурх ба он ҷо шитофт. Маълум шуд, ки босмачиён Султонободро ноаён аз чор тараф иҳота карда, ба ҳамлаи қатъӣомодагӣ мебинанд. Азбаски аскарони сурх камшумор буданд, Шоҳтемур ба Қувондиқ нома фиристод, ки агар ихтиёриён ба ҳамин зудӣ ба ёрӣнашитобанд, Султонобод аз даст меравад.

Қувондиқ баробари гирифтани номаи Шоҳтемур бо дастаи мусаллаҳи худ ба босмачиён ҳуҷум овард. Босмачиён, ки аз самти рости худ ҳуҷумро интизор набуданд, бесаранҷом шуда, ба самти чап рў оварданд ва ба зарбаи аскарони сурх дучор шуданд. Пас аз задухўрд босмачиёни зиндамонда роҳи гурезро пеш гирифтанд. Қувондиқ ҳамчун сарбози далер бо тавсияи Шоҳтемур ба мукофоти ҳукуматӣ пешниҳод шуд. Дар маросими ба Қ. Тошев супоридани мукофоти баланд – ордени «Байрақи сурх» Шоҳтемур шахсан иштирок намуда, дўсташро самимона табрик намуд. – ба хотир овардааст он рўзҳоро писари ҚувондиқХолмамад Тошев ва илова мекунад:

– Меҳру муҳаббати Шоҳтемур дар дили халқи заҳматкаш ончунон ҷой гирифт, ҳар бори ба ин диёр омаданаш байни сокинони муқимӣ – тоҷикону ўзбекҳо баҳс ба амал меомад: тоҷикон ўро тоҷик мегуфтанду ўзбекҳо ўзбек. Сабаб он буд, ки вай ҳам ба тоҷикию ҳам ўзбекӣ нағз сухан мегуфт. Барояш таассуби миллӣ бегона буд, вай бо намояндагони ҳар ду миллат баробар, дўстонаю бародарона муомила мекард.

Вақте ки ман хонадор шудам, – мегўяд Холмамад, – модарам ба ману ҳамсарам рў оварда гуфт: «Агар насибатон писар бошад, хоҳиши ман ин аст, ки ба вай ба хотири дўсти падарат Шоҳтемур ном гузоред». Ва чунин ҳам кардем. Ҳоло Шоҳтемур дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) дар айни камолот аст.

***

Ш. Шириншоҳ баҳри амалӣ гардонидани орзуи деринаи худ – сарҷамъ намудани қисмҳои парокандаи халқи тоҷик ва ташкили давлати мустақили тоҷикон устуворона кор мебурд. Ҳангоми ба вазифаи котиби масъули Бюрои ташкилии КМ ҲК Ўзбекистон дар Тоҷикистон интихоб шуданаш ин масъалаи муҳимтарини ҳаётиро дар мактуби худ ба унвони Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) қатъиян ба миён гузошта, зарурияти ба Тоҷикистон ҳамроҳ намудани округи Хуҷанд ва ташкил кардани ҷумҳурии мустақили иттифоқиро ҳамаҷониба асоснок намуд. Бюрои Сиёси КМ ВКП (б) ин талабу пешниҳоди Ш. Шоҳтемурро маъқулдонист. Соли 1929 округи Хуҷанд, ки то ин давра дар ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон буд, бо шонздаҳноҳияю се шаҳри бостониаш ба ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд.

16 октябри ҳамон сол Анҷумани сеюми фавқулодаи Шуроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкил додани Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ба ҳайати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ худихтиёрона дохил шудани он қарор қабул кард. Ҳамин тариқ, бо ташаббус ва фаъолияти суботкоронаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар тақдири таърихии халқи тоҷик дигаргунии куллӣ ба амал омада, барои пешбурди босуръати иқтисодиёту маданият, инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, ташаккулёбии миллати тоҷикзаминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд.

Доктори илмҳои таърих А. Я. Вишневский ба азму талошҳои устуворонаи Ш. Шоҳтемур чунин баҳо додааст: «Бояд қайд намуд ки ин иқдоми ҷасуронае дар шароити он давра буд, вақте ки ба ҳар кўшиши ҳалли масъалаи баҳсноки миллӣтамғаи миллатгароӣ часпонда мешуд. Бинобар ин баҳри рўиросту ошкоро баён намудани ҳақиқат ва ихтилофоти зери пардаи «сиёсати миллии ленинии ҳизби коммунистӣ» пардапўшшуда ҷасорату нотарсии ҳақиқии мардона лозим буд. Ҳаққо, ки Ш. Шоҳтемур ингуна сифатҳои олиро доро буд. Ва халқи тоҷик бояд барои ҳамаи он заҳмату кўшишҳои зиёде, ки Шириншоҳ Шоҳтемур баҳри эҳёи ин миллати ба дами нобудӣ расонда шуда, ташаккули давлатдории он анҷом дода буд, аз насл ба насл миннатдор бошад, номи ўро дар хотирҳо абадӣ маҳфуз дорад».

 

(Давом дорад)

 

Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”.  Хоруғ, 2014.

Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

 

Таҳияи Фарзона Раҳмонова,

мутахассиси Маркази забони                                                                                                                                    

тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ