Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 15

Хештанро во намудан зиндагист,

Зарби худро озмудан зиндагист.

(Муҳаммад Иқбол)

АЗ ПАИ ОРЗУИ ДЕРИНА

Шириншоҳ Шоҳтемур барои амалӣ гардонидани мақсади деринааш – донишандўзӣ, ки ҳанўз соли 1916 бо ҳамин нияту орзу тарки диёр карда, мусофирати шаҳри Тошкандро ихтиёр намуда буд, азму талоши пайваста дошт. Соли 1921 ҷиҳати ба кори амалии татбиқи ғояҳои инқилоб дар ҳайати Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ба Помир фиристода шуданаш таҳсили ў мавқуф гузошта шуда буд. Соли 1927 пас аз бунёд гузошта шудани асосҳои пешбурди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар мансаби намояндаи доимии РАСС Тоҷикистон дар РСС Ўзбекистон пас аз илтимосу илтиҷои чандинбора муваффақ шуд, ки барои таҳсил дар Донишгоҳи коммустии меҳнаткашони Шарқ (КУТВ) дар шаҳри Москва роҳхат ба даст оварад. Вале пас аз ду соли таҳсил, ҷиҳати норасоии кормандони ботаҷрибаи ҳизбӣ дар Тоҷикистон бо талаби КМ ВКП (б) маҷбур шуд, ки таҳсилашро боз мавқуф гузорад. Моҳи феврали соли 1929 дар конфронси дуюми ташкилоти ҳизбии Тоҷикистон ўро ғоибона котиби масъули кумитаи ҳизбии вилоят интихоб намуданд. Бинобар ин КМ ПК (б) Ўзбекистон аз КМ ВКП (б) дархост намуд, ки ў аз таҳсил бозхонда шавад.

Пас аз он ки бо талошҳои пайгиронаи Ш. Шоҳтемур соли 1929 Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфт ва заминаҳои пешбурди иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварда шуданд, Шириншоҳ Шоҳтемур қарор дод, ки барои идомаи таҳсили илм шароит фароҳам омадааст. Ба ин мақсад вай соли 1932 ба унвони Кумитаи Марказии ВКП (б) талабнома фиристод. Ин дархости ў қонеъ гардонда шуд, вай донишҷўи Донишкадаи профессураи сурхи Москва гардид. Вале ин маротиба низ мақсадаш ноиҷро монд. Ҷиҳати набудани кормандони болаёқату обутобёфта дар ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 1933 Ш. Шоҳтемур аз таҳсил бозхонда, ба вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

***

Соли 1933 бо пешниҳоди Ш. Шоҳтемур ба Тоҷикистон экспедитсияи комплексии Академияи илмҳои СССР бо роҳбарии олимони машҳур Н. П. Горбунов, О. Ю. Шмидт, Д. И. Шербаков, А. С. Ферсман, Н. И. Вавилов. Е. Н. Павловский омада, оид ба инмкониятҳои пешбурди соҳаҳои гуногуни саноат ва илм дар ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронид ва самтҳои асосии омўзиши қувваҳои истеҳсолкунанда, аз ҷумла захираҳои канданиҳои фоиданоки ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро муайян намуд.

***

Аввали солҳои сиюм дар ҳаёти шахсии Шириншоҳ Шоҳтемур воқеаи муҳим ва вуқуъ омад. Вай ба русдухтар Александра Киселёва хонадор шуд. Александра он вақт донишҷўи Донишкадаи забонҳои Шарқи Москва буд ва барои таҷрибаомўзӣ ба Тоҷикистон омада буд. Бо лафзи ширини тоҷикӣ сухан гуфтани ин духтари гармрўю тилломўи рус диққати Шириншоҳро ҷалб намуд ва онҳо бо ҳам шинос шуданду дере нагузашта издивоҷ намуданд. Аз онҳо ду писар ба дунё омаданд, ки якеро Шириншоҳ ва дигареро Рустам ном ниҳоданд.

ТАЛОШҲО БАҲРИ ИНКИШОФИ МАДАНИЯТ

Моҳи июни соли 1930 Анҷумани муассисони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Ш. Шоҳтемур доир ба масъалаи “Вазифаҳои ҳизб дар соҳаи сохтмони маданӣ” маърӯза карда, вазъият ва роҳҳои пешбурди минбаъдаи маданият ва маорифи халқро ҳарҷониба таҳлилу асоснок намуд. Вай аз рӯи масъалаи инкишофи маданияти ақаллиятҳои миллӣ пешниҳоду таклифҳои муҳим ба миён гузошт, ки онҳо дар қарори анҷуман инъикос ёфтанд. Ба Комиссариати халқии маориф супориш дода шуд, ки дар фаъолияти амалиаш хидматрасониро ба ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҷумҳурӣ дар бобати кушодани мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва маҳви бесаводии калонсолон, муассисаҳои кӯдакона, тайёркунии мутахассисон дар маркази диққат гирад.

Дар ҷаласаи баъди анҷуман барпогардида Ш. Шоҳтемур котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон интихоб гардид. Вай диққатро ба ҳалли яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳамон давра–бартараф намудани бесаводии мардум нигаронида, зарурияти тайёркунии мутахассисонро аз байни худи тоҷикон ҷасурона ба миён гузошт. Дар пешбурди маданияту маорифи халқ аҳмияти аввалиндараҷаи нашр намудани китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, рӯзномаю маҷаллаҳоро гаштаю баргашта таъкид намуда, баҳри ҳалли амалии ин масъалаҳои муҳим қувваю ғайраташро дареғ намедошт. Маҳз бо талабу исрори бевоситаи вай соли 1930 рӯзномаҳои нави “Деҳқони камбағал”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, соли 1931 вилоятии “Бадахшони сурх” таъсис ёфтанд.

  Соли 1934 дар Тоҷикистон 1000-солагии шоири бузурги форсу тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ ҷашн гирифта мешуд. Моҳи июни ҳамон сол бо мақсади ба дараҷаи баланди ғоявӣ таҷлил намудани он Раёсати КИМ Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҷашниро иборат аз 13 нафар таъсис дода ва Раиси он Шириншоҳ Шоҳтемур таъин гардид. Ш. Шоҳтемур ҳамроҳи устод Садриддин Айнӣ нақнаи чорабиниҳои маданию фарҳангиро ба муносибати ҷашн таҳия карда, адибон, ҳунармандон ва дигар зиёиёни машҳури ҷумҳуриро баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашн ҷалб намуданд. Устод Айнӣ, Фитрат, Ҳошимӣ ӯҳдадор шуданд, ки дар мавзуъҳои “Забони Фирдавсӣ- забони зиндаи ҳозираи тоҷик”, “Фирдавсӣ дар Осиёи Миёна”, “Замони Фирдавсӣ” мақолаҳо таълиф намуда, дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ нашр кунанд. Ба Комиссариати халқии маориф таклиф шуд, ки китобхонаи марказии ҷумҳуриявиро дар шаҳри Душанбе ба номи Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ кунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

      Ш. Шоҳтемур баҳри фароҳам овардани шароиту имконоти васеъ баҳри инкишофи маданият ва забони ҳамаи халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ, зудтар аз байн бурдани бесаводии оммавии халқ талош меварзид, роҳу усулҳои нави ҳалли ин масъалаҳои муҳимро ҷустуҷӯ менамуд. Таҳти раёсати ӯ моҳи сентябри соли 1930 Бюрои иҷроияи КМ ҲК Тоҷикистон масъаларо аз рӯи маърӯзаи хаттии Алексей Михайлович Дяков “Дар бораи забони адабӣ барои халқиятҳои тоҷики кӯҳистон” муҳокима намуд. Дар қарори қабулшуда баробари пешбурди таълими забони адабии тоҷикӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани таълими забонҳои помирӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд: ”Бо мақсади кӯтоҳ намудани мӯҳлати маҳви бесаводӣ ва ба маданияти пролетарӣ пайвастани тоҷикони кӯҳистон, ки ба забонҳои махсуси худ гуфтугӯ менамоянд, дар асоси сиёсати миллии ҳизб воҷиб дониста шавад, ки дар мактабҳои дараҷаи аввал ва маҳви бесаводӣ таълим ба забони модарии аҳолии Помир ба роҳ монда, барои шуғнониён имконияти таълими ибтидоӣ ба забони модарии онҳо дода шавад”.     

  Дар қарор зарурияти тайёр намудани мутахассисон аз байни яғнобиён, язгуломиҳо, вахиҳо ва ишкошимиҳо бо мақсади таҳқиқи забони онҳо ва тартиб додани алифбои лотиниасоси хат ба забони модариашон қайд гардид.

Ин қарор дар ҳамон шароит баҳри суръатбахшии пешрафти маданият ва зудтар аз байн бурдани бесаводии мардум аҳаммияти таърихӣ дошт. Он ҳаргиз мақсади суст гардондани обрӯю нуфузи забони тоҷикӣ дар Кӯҳистони Бадахшон надошт, мардуми ин минтақаро аз маданияту фарҳанги бостонии халқи тоҷик ҷудо намекард, чуноне баъзе таърихшиносони баъдинаи шуравӣ онро исбот карданӣ мешуданд.

Маълум аст, ки халқиятҳои сокини Кӯҳистони Бадахшон худро тоҷики аслӣ мешуморанд ва аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз хату забони форсӣ- тоҷикӣ истифода мебаранд, худро ворисони ҳақиқии илму фарҳанги бостонии тоҷику форс, чунин нобиғаҳои оламшумул, монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Абуалӣ Сино, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз ва дигарон мешуморанд. Осори ин бузургонро аз насл ба насл омӯхтаю аз бар кардаанд ва ба таълимоти маънавию ахлоқии онҳо пайравӣ намудаанд. Ҳатто маросимҳои никоҳу азои ин мардум ба забони тоҷикӣ анҷом дода мешуд.

  Худи Шириншоҳ Шоҳтемур низ, ки забони модариаш шуғнонӣ буд, дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои расмӣ худро тоҷик сабт намудаю аз ин ифтихор мекард, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллии халқи тоҷик ҷоннисорӣ менамуд. Вай дар баромадҳо, мактубҳо ва мақолаҳояш пайваста таъкид кардааст, ки забонҳои помирӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил шуда, халқиятҳои Кӯҳистони Бадахшон авлодони халқҳои бостонии тоҷик мебошанд. Ин нуқтаро тадқиқотчиёни машҳури Шарқу Ғарб эътироф намудаанд.

Дар бораи амалӣ гардондани нишондоди қарор доир ба истифодаи забонҳои помирӣ Муаллими шоистаи Тоҷикистон Сафармамад АМДИНОВ чунин ёдоварӣ намудааст:

“Вақте ки Конститутсияи нави СССР қабул шуд, Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б) дар бораи ба ҳамаи забонҳои дар Осиёи Миёна амалкунанда (аз ҷумла забонҳои помирӣ) тарҷума кардани он қарор қабул намуд. Мувофиқи ин қарор дар Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур раиси комиссияи доир ба тарҷумаи Конститутсия ба забонҳои дар ҷумҳурӣ амалкунанда таъин шуд. Вай аз байни одамоне, ки дар кори тарҷумонӣ ба забонҳои помирӣ қобилият доштанд, гурӯҳ ташкил дод. Ба он Мастибек Раҷаббеков, Нодир Шанбезода, Сайфулло Абдуллоев ва ман, ки он вақт дар вазифаи муовини мудири шӯъбаи маорифи халқи ВМКБ кор мекардам, шомил будем.

  Мо дар долони хонаи Ш. Шоҳтемур дар шаҳри Душанбе кор мекардем. Мастибек матнро мехонду мо фикрамонро оиди чи тавр тарҷума карданаш баён менамудем. Аҷибаш ҳамин буд, ки гарчанде Ш. Шоҳтемур солҳои дароз аз Помир дур буд, бо вуҷуди он баъзе калимаю ибораҳоро, ки мо аз тарҷумаи онҳо оҷиз мемондем, ба осонӣ бо забонӣ шуғнонӣ шаҳр дода, ҷои корбурди онҳоро дар матн фаҳмонда медод.

Муаллими шоистаи Тоҷикистон Шерон Мамадшоев низ дар ин хусус дар хотираҳояш навиштааст:

“Моҳи сентябри соли 1936 маро, ки дар донишкадаи педагогии Сталинобод таҳсил мекардам, ба қабулгоҳи Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур талаб намуданд. Бо супориши вай ба тарҷумаи китобҳои дарсӣ, китобчаҳои оммавӣ-сиёсӣ аз забони русӣ ба забони шуғнонӣ машғул шудам. Ҳафтае ду бор, бегоҳӣ ба хонааш рафта, аз рафти кор ҳисобот медодам. Вай матнҳои тарҷумакардаамро бодиққат мехонд, баъзан эрод мегирифт, фикру мулоҳизаҳо баён менамуд. Ман рафта, матнро ислоҳ мекардам ва боз оварда нишон медодам. Дар ин давра ман ягон бист маротиба бо Шириншоҳ ҳамсӯҳбат шуда будам, оид ба масъалаҳои гуногуни сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ ва вилояти  Бадахшон саволҳо дода, ҷавоб мегирифтам. Яке аз саволҳоям чунин буд, ки оё тарҷумаи китобҳо ба забони шуғнонӣ зарур аст? Охир, дар Бадахшон мардум ба чандин забон гап мезанад.

– Бале, дар ҳақиқат забони мардуми ноҳияҳои гуногуни вилоят аз ҳамдигар фарқ дорад. Вале аксари мардуми ин ноҳияҳо забони шуғнониро то андозае медонад. Ноҳияи Шуғнон дар вилоят калонтарин буда, аз замонҳои пешин маркази маданӣ ҳисоб меёбад. Ҳоло маркази вилоят ҳам дар ҳудуди ҳамин ноҳия воқеъ аст. Бинобар ин дар навбати аввал китобҳоро ба ҳамин забон тарҷума кардан беҳтар аст. Минбаъд бо муҳайё шудани имконият ба ҳамаи забонҳои помирӣ китоб нашр кардан мумкин мегардад.

  Ҷиҳати дигари муҳити ин кор он аст, ки китобҳо ба забони шуғнонӣ барои бародарони мо аз он соҳили дарёи Панҷ низ шояд лозим шавад. Мо орзумандем, ки ин мардуми ҳамхуну ҳамзабони мо низ аз азобу уқубати сохти феодалӣ халосӣ меёбад.

Саволи дигари муҳиме, ки ҳангоми таҳсилам дар Донишкадаи майдамиллатҳои Шарқ дар Ленинград аз рӯи он баҳсу мунозираи зиёд ба амал омада буд, ба Шириншоҳ пешниҳод намудам, чунин буд:

– Замони ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар мансаби баланд кор мекардед. Чаро марказҳои қадимаи илму фарҳанги тоҷик Самарқанду Бухоро берун аз ҳудуди Тоҷикистон монданд?

  Шириншоҳ маънидорона арз намуд: Аз суолат маълум мешавад, ки ту аз муборизаи устуворонаю давомдори намояндагони Тоҷикистон аз рӯи ин масъала хабар надорӣ. Бинобар ин акнун ба як суолам ҷавоб бигӯ: Чӣ кор мекардӣ, агар дар пеши ту чунин ду шарт мегузоштанд: ё Помирро ба Ӯзбекистон бидеҳ, ки бо Хитою Афғонистон ҳамсарҳад бошаду мақоми ҷумҳурии иттифоқиро гирад, ё Самарқанду Бухороро бидеҳ, ки бо мамолики хориҷа ҳамсарҳад шавад?

  Ман чанд дақиқа хомӯш истода, ба андеша афтодам. Ростӣ, се шарти таъсиси ҷумҳурии иттифоқиро медонистам, вале аз он бехабар будам, ки Ӯзбекистон ба Помир ҳам дастдарозӣ кардааст. Шириншоҳ бо ҳаяҷон сухан мекард:

– Вазъияти сиёсии давраи тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна хеле мураккаб буд. Миллатчиёни ӯзбек дар ҳамаи мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбию давлатии Туркистон сар дароварда буданд ва бо тамоми қувва кӯшиш менамуданд, ки марказҳои саноатию маданӣ, водиҳои ҳосилхези Осиёи Миёнаро зери тасарруфи худ гиранд, аҳолии ин маҳалҳоро бо ҳар роҳу восита маҷбур менамуданд, ки дар ҳуҷҷатҳои шахсӣ худро ӯзбек номнавис кунанд. Шояд дар хотират ҳаст, ки солҳои 1921-1922 дар болои дари мағозаи шаҳри Хоруғ ҳам” Ӯзбекторг” навишта шуда буд. Беҳтараш бо ин гуна саволҳо маро озор надеҳу захми диламро тоза накун. Барои соли нави таҳсил китобҳоро зудтар тарҷума кардан даркор…”.

(Давом дорад)

Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”.  Хоруғ, 2014.

Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Фарзона Раҳмонова,

мутахассиси Маркази забони                                                                                                                                     

тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ