Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 16
Аз хотираҳои собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи
халқ Шакармамад Назаров:
Соли 1930 маро ҳамроҳи якчанд нафар бачаҳо барои давом додани таҳсил ба шаҳри Сталинобод фиристоданд. Ба Дорулмуаллимин дохил шудам. Ба саршавии дарс ҳанӯз 10-12 рӯз монда буд. Бо ҳамроҳии шарикдарсонам Шоҳмуродов Карамалишоҳ ва Имомназаров Раҳматназар якҷоя шаҳрро тамошо кардем.
Рӯзе онҳо таклиф карданд, ки вақти имрӯзӣ ҳамроҳашон ба хонаи Сайфулло Абдуллоев ва Шириншоҳ Шоҳтемур равам. Ман рад кардам, гуфтам, ки онҳоро намешиносам, онҳо низ маро намедонанд. Карамалишоҳ ба ман рӯ оварда гуфт: Шириншоҳ тағои ман буда, зани Сайфулло апаи Раҳматназар аст. Мо туро ҳам бо онҳо шинос мекунем.
Ман розӣ шуда, ҳамроҳашон рафтам. Он вақтҳо хонаи истиқоматии роҳбарони ҳизбию ҳукуматии ҷумҳурӣ рӯ ба рӯи Боғи марказии маданияту истироҳат ҷой гирифта буд. Иморатҳо якошёна буданд.
Вақте ки ба даромадгоҳи ҳавлӣ расидем, милитсионери навбатдор иҷозатнома талаб кард. Рафиқонам, ки иҷозатнома доштанд, нишон доданд, маро милитсионер даромадан намонд. Ин вақт Раҳматназар даромаду ҳамроҳи апааш пеши милитсионер омаданд. Апааш ба навбатдор фаҳмонд, ки “бача хеши мо буда, нав аз Помир омадааст, иҷозат диҳед, дарояд”.
Вақте ки наздики хонаашон расидем, дидам, ки чор нафар марди босалобат назди миз нишаста, шатранҷбозӣ мекунанд. Ман шарм карда аз онҳо дуртар истодам. Зани Сайфулло маро дилпурӣ дода гуфт:
“Инҳо ҳама одамони худӣ: Сайфулло, Шириншоҳ, Иброҳим, Валдош ҳастанд”. Ман беҷуръатона пештар омада салом кардам. Ҳамроҳи Карамалишоҳ ва Раҳматназар рӯбарӯи онҳо дар диван нишастем. Сайфулло бо Валдош машғули шатранҷбозӣ буданд, Шириншоҳ ва Иброҳим тамошо мекарданд.
Баъди чанд дақиқаи хомӯшӣ Шириншоҳ Шоҳтемур сӯи мо нигоҳ карду аз Карамалишоҳ пурсид:- Ин рафиқат аз куҷои Помир? Вай ҷавоб дод, ки ин ҳам аз Шуғнон, Совети қишлоқи Поршинев аст. Шириншоҳ ба ман рӯ оварда пурсид:
–Писарам, аз кадом қишлоқӣ ва писари кӣ мешавӣ?
Ман ҷавоб додам:- Аз қишлоқи Кӯшк, писари Назармамад ҳастам.
Шириншоҳ курсии худро назди мо оварда нишаст ва маро саволборон кард. Аз сабаби он, ки дар он солҳо ҳанӯз алоқаи Помир бо Сталинобод аз ҳар ҷиҳат хеле душвор буд, мусофирон аспакӣ соле 1-2 бор ба Сталинобод рафта, баъди қариб 20 рӯз мерасиданд, одамон аз аҳволи хешу табор муддати дароз бехабар мемонданд. Шояд барои ҳамин Шириншоҳ дар бораи зиндагии мардуми Поршинев, хусусан одамони калонсолро ёдовар шуда, аз ман мепурсид.
Баъди таомхӯрӣ мо хайрухуш карда рафтанӣ шудем. Шириншоҳ ба Сайфулло рӯ оварда гуфт:
– Сайфҷон, ба ҳамқишлоқии ман Шакармамад ҳам иҷозатнома фармоед, то ки ҳамроҳи шариконаш Карамалишоҳ ва Раҳматназар пеши мо биёяд. Ба саршавии дарси инҳо камаш 10-12 рӯзи дигар мондааст. Шояд ҳозир дар мактаб барои инҳо хӯрок ҳам намепазанд. Аҷаб не, пулашон ҳам намондагист, гурусна намонанд. Ҳар се омада, дар ошхонаи мо таом хӯрда раванд.
Ин якумин шиносоии ман бо Шириншоҳ Шоҳтемур, Сайфулло Абдуллоев, Иброҳим Исмоилов, Валдош Гулмамадов буд, ки моҳи авгуси соли 1930 ба вуқӯъ омад.
Баъди тамом кардани мактаб маро ба ихтиёри шӯъбаи маъорифи райони Ғарм фиристоданд. Дар он ҷо ба вазифаи муаллим ва инспектори шӯъбаи маориф кор кардам. Баъдтар пас аз тамом кардани курси 6-моҳаи методистии назди Институти педагогии ба номи Шевченкои шаҳри Сталинобод, Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон маро ба вазифаи мудири шӯъбаи маорифи собиқ райони Ҳоит таъин карда фиристод. Он вақт раиси кумитаи иҷроияи райони Ҳоит Шогадоев Мунаввар буд.
Моҳи июли соли 1936 Раиси Комитети Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ба райони Ҳоит ба сафари хидматӣ омада буд. Ҳамроҳи вай сардори управленияи ГПУ-и райони Ғарм Лапин ва боз як коркуни ГПУ аз худи шаҳри Сталинобод, инчунин ёрдамчии Раиси КИМ Мамадсаидов Ёдгор (вайро пешакӣ нағз мешинохтам, аз райони Ишкошим буд) омаданд.
Шириншоҳ вақти вохўрӣ ва ҳолпурсӣ аз ман пурсид, ки дар кадом вазифа кор мекунам. Ман ҷавоб додам, ки мудири шўъбаи маориф ҳастам. Шириншоҳ табассумкунон гуфт:
– Ҳаракат кунед бо ҳамроҳи рафиқ Шогадоев ҳарчи тезтар бесаводии халқро барҳам диҳед.
Он вақт дар райони Ҳоит аз Помир якчанд нафар кор мекардем. Гадолиев Қурбоншоҳ инструктори комитети партиявии район, Насуллобеков Шодибек ҷонишини мудири шўъбаи хоҷагии қишлоқ буд. Ман ҳамроҳи Шодибек дар хонаи як муаллим зиндагӣ мекардем. Соҳиби хона, модари он муаллим моро чун фарзандони худ меҳрубонӣ мекард ва мо вайро модархонд гуфтем.
Рўзе Мамадсаидов Ёдгор ба ман омада гуфт, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ба сафари хидматӣ омадааст, фамуд, ки ҳамроҳи Қурбоншоҳ ва Шодибек баъди кор пешаш равед.
Ман онҳоро ҳамроҳ гирифта рафтам. Баъди салому ҳолпурсӣ Шириншоҳ пурсид:
– Шумоён имконияти тайёр намудани таомҳои помирӣ доред? Ман ҷавоб додам, ки мо модархонд дорем, одами хубу боҳунар, ҳамагуна таомро нағз мепазад. Шириншоҳ аз қисааш коғази 100-сўмаро бароварда, ба ман дароз карда гуфт:
– Ба ин пул мурғ, тухм, гўшт харед.
Ман тоқат накарда гуфтам:
– Раис, мо худамон пул дорем.
Вай хандида гуфт:
– Шумо коркуни масъул бошед ҳам, якум, баробари ман ҳар сеятон моҳона надоред, дуюм ҳарчи бошад ҳам, мусофир ҳастед. Ин ҷо хонаи падаратон нест.
Азбаски ҳамон рўзҳо муаллимони райони Ҳоит дар Ғарм дар курси такмили ихтисос мехонданд, ман пули отпускаи онҳоро гирифта, баъди як рўз ба роҳ даромадам. Ҳангоми дар райони Ғарм кор карданам бо ҳамроҳии Давронов Элчибек дар ҳавлии шахсии Салимов Саъдулло, ки худаш ғармӣ буду ҳардуяшон дар мақомоти ГПУ кор мекарданд, ҷой гирифта будам. Ҳоло боз ба хонаи Салимов Саъдулло рафтам ва ҳар се маслиҳат кардем, ки Шириншоҳ Шоҳтемурро меҳмон кунем. Ман бо ҳамроҳии Синавбар ном милитсионери рўшонӣ ба бозор рафта, як гўсфанд харида овардем. Баъд ҳама чизро тайёр карда, Шириншоҳро бо ҳамроҳонаш ба меҳмонӣ даъват намудем. Хеле хурсандӣ кардем. Элчибек ҳамроҳи Шириншоҳ бо доира ашўла мехонданд, ман ҳамроҳи Сафар Мастибеки муаллим рақс мекардем. Рўзи дигар Шириншоҳро ба Сталинобод гусел намудем.
Дар он вақт аз рафиқони ғармӣ дар бораи хислатҳои хуби инсонии Шириншоҳ Шоҳтемур нақлҳо шунида будам. Онҳо ба Шириншоҳ ҳамчун роҳбари боадолату ғамхор ва некдил эҳтироми зиёд доштанд.
Дар яке аз сафарҳояш ба Ғарм Шириншоҳ дарак ёфтааст, ки дар ҳабсхонаи ин ҷо як гурўҳ босмачиён нигоҳ дошта мешаванд. Дар прокуратура парвандаҳои онҳоро аз назар мегузаронад, сипас мефармояд, ки ҳамаи онҳоро ҳозир созанд. Бо ҳар кадом маҳбус сўҳбат намуда, ба хулоса омадааст, ки ҳамаашон деҳқонони камбағал буда, саркардагони босмачиён бо таҳдиду зўроварӣ онҳоро ба дастаҳои худ ҳамроҳ намудаанд.
Зорию таваллои маҳбусон, пушаймонӣ аз кардаи худ, ваъдаи ҳамкорӣ бо ҳукумат, ба назди оилаҳои худ баргашта ба ҳаёти осоишта, ба кори деҳқонӣ машғул шудан, дили ҳассоси Шоҳтемурро нарм сохтанд ва ў мартабаю мақоми худро чун Раиси Шўрои Олӣ истифода бурда, талаб намуд, ки ҳамаи маҳбусон озод карда шаванд.
Дар он замон босмачигарӣ дар ҷумҳурӣ расман барҳам дода шуда буд ва Шоҳтемур дар ин кор саҳми арзанда дошт. Амали ў дар бобати авфи гуноҳи иштирокдорони ҳаракати босмачигарӣ воқеаи фавқулодае буд, ки ба он ҳар кас ба қадри донишу тафаккури худ баҳо медод. Аксарият онро ҳамчун ифодаи хирадмандӣ ва иродаи нек дар роҳи таъмини сулҳу оромии кишвар, ба фаъолияти бунёдкорона ҷалб намудани онҳое медонистанд, ки ҷиҳати бесаводӣ, ноогоҳӣ аз мақсаду мароми давлати шўравӣ раҳгум зада буданд.
Баъд аз райони Ҳоит ба Ғарм ба кор омаданам, соли 1937 овоза шуд, ки Шириншоҳ Шоҳтемурро ҳамчун “душмани халқ” ҳабс кардаанд. Сипас таъқибу ҷазодиҳии онҳое, ки бо Шоҳтемур кор кардаанду ўро мешинохтанд, сар шуд. Як рўз Маҳрамов Ойбек, ки аз райони Ишкошим буду дар вазифаи инструктори комитети партиявии райони Ғарм кор мекард, дар пеши одамон аз шунидани хабари ҳабси Шоҳтемур тоқат накарда, аз хафагӣ гиря кардааст. Бо ин сабаб вайро аз ҳизб хориҷ ва аз кор пеш карданд. Мо дар райони Ҳоит ҳамроҳи Шириншоҳ сурат гирифта будем, аз тарсу ҳароси таъқибот онро сўзондем. Шунидем, аз ҳабс озод кардани босмачиёнро ҳамчун санади алоқаю ҳамкорӣ доштани Шоҳтемур бо душманони Ҳокимияти Шўравӣ ба ҳисоб гирифтаанд.
АРЗИ ЗАНИ РӮШОНӢ
Яке аз рўзҳои тобистони соли 1936 Шириншоҳ дар утоқи кориаш машғули азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои расмии ҳукумат буд. Ногаҳ котиба ба утоқ ворид шуда гуфт:
Дар қабулгоҳ зани мушаввашхотире нишастааст, аз афташ хеле дар изтироб аст.
Иҷозат фармоед, дароед, – мегўяд Шириншоҳ, ҳуҷҷатҳои расмиро як сўи миз гузошта. Зан бо авзои парешон ба назди Раиси Комиҷроияи Марказӣ даромада, бо ишораи ў ба курсӣ мешинад. Зан дар симои нуронии раис шахси мушкилкушоеро пай бурд. Раиси КИМ-и Тоҷикистон аз ҳолу аҳволи зан пурсон мешавад. Зан бо садои гирифтаи илтиҷоомез арз мекунад:
– Ман аз шаҳри Қўрғонтеппа омадам. Шавҳарам се рўз пеш аз дунё гузашт, бо сағираҳои кўчаки худ бе парастор мондам. Мехостам ба зодгоҳи худ ба Рўшон баргардам ва назди хешовандонам қарор гирам. Чораи дигар намондааст. Агар мумкин бошад, маро бо кўдаконам ба Рўшон равона созед.
– Албатта, чизу чорае ҳам доштаед.
– Ба қадри ҳоламон ҳаст.
Шириншоҳ ба котиба амр намуд:-
Ба сардори шўъбаи нақлиёти ҳукумат расонед, ки наздам дарояд. Баъди фурсате сардори шўбаи нақлиётӣ ба назди Шириншоҳ ҳозир мешавад.
Бародар, як кори савобе дар пеш аст. Зани мўҳтоҷу бесаробон бо кўдаконаш дар шароити ногувор мондааст ва аз мо мадад мепурсад. Ҳоло таъҷилан мошини боркаше тайёр намоед. Ҳарчанд роҳи тўлоние дар пеш аст, аммо иҷрои он ногузир аст.
Мошин ҷиҳозонида шуд ва ронандааш ба ихтиёри зани кўдакдор супорида шуд. Зан бо ҷигарбандҳояш аз шаҳри Қурғонтеппа ба Сталинобод ва бо ағбаи Анзоб ба шаҳри Ленинобод ва Ўш омада, бо паси сар кардани ағбаҳои осмонбўси Талдик, Оқбайтал ва Кўҳтезак ба Хоруғ ва аз он ҷо ба Рўшон бе осеб расида тавонистанд…
(Давом дорад)
Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”. Хоруғ, 2014.
Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ