Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 5
ПАЙРОҲАИ ҚИСМАТ
То барафрӯзӣ чароғе дар замир,
Ибрате аз саргузашти мо бигир.
(Муҳаммад Иқбол)
Моҳи августи соли 1914. Аз қалъаи Хоруғ гурӯҳи низомиёни аспсавор баромада, ба самти офтоббаро роҳ пеш гирифт. Дар байни ин гурӯҳ ҷавонписари чашмуабрӯсиёҳи тоқипӯше низ буд, ки диққати ҳар бинандаро беихтиёр ба худ ҷалб менамуд. Ин ҷавонписар Шириншоҳ Шоҳтемур буд, ки ҳамроҳи штабс –капитан Д.С. Топорнин ба шаҳри Тошканд мерафт.
Шириншоҳ раҳораҳ аз болои асп ба гирду атроф шитобон назар меафканд, то манзараҳои марғуби диёри азизашро бори охир дар лавҳи хотир нақш созад. Дар заминҳою боғоти канори роҳ одамон ба алафдаравӣ, ҷамъоварии зироат, ғунучини тут, себу зардолу машғул буданд. Ва гоҳе, ки садои бомароми наъли аспони низомӣ баланд мешуд, одамон аз кор бозистода, бо як эҳтирому самимияте, ки хоси мизбонони кӯҳистонист, меҳмонони азизро бо чеҳраҳои хандон гусел мекарданд. Баъзеҳо аз меваҳои чиндаашон табақеро ба мусофирон пешкаш менамуданд. Шириншоҳ ҳамаи инро мушоҳида карда, ба ваҷд меомад, аз ифтихори амиқи ба ин мардуми соҳибдилу покниҳод мансуб буданаш сар ба осмон меафрохт.
Дар даромадгоҳи деҳаи Вибист Шириншоҳ ба штабс–капитан муроҷиат намуда гуфт, ки лаҳзае таваққуф кунанд, то вай бо хоҳараш, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунад, хайрухуш намояд. Бо амри сардори гурӯҳ, аспҳо бозистоданд ва Шириншоҳ ба сӯи хонае, ки аз роҳ поёнтар воқеъ буд, шитофт. Ин хонаи апааш Оинамоҳ–ҳамсари сокини ин деҳа Шоҳмуроди Мамадсаид буд. Оинамоҳ додарашро дида, хеле шод гашт, андешид, ки пешаш ба меҳмонӣ омадааст, вале чун аз мақсади омаданаш огоҳ гардид, музтар шуда оби чашм рехт ва шитобон барояш тӯшаи роҳ омода намуда, бо дили аз ҳасрати ҷудоӣ пуралам бо ӯ видоъ кард. Язнааш Шоҳмурод барои ба асп савор шудани Шириншоҳ ёрӣ расонда, ҷилавро ба дасташ дод. Вай хоҳарашро тасаллӣ дода, бо азму боварии қатъӣ гуфт: ”Аз ман дилпур бош, хоҳарҷон ғам махӯр, ман мактаб хонда бозгашта меоям”.
ТОШКАНД 25 моҳи август гурӯҳи низомиёни аспсавор ба шаҳри Тошканд расид. Д.С. Топорнин, ки дар ин ҷо хонаю ҳавлӣ дошт, Шириншоҳро ҳамроҳаш бурд ва маслиҳат дод, ки то вақти ба мактаб дохил шуданаш, ҷои кору зист пайдо карданаш дар манзили ӯ истиқомат мекунад. Худаш бошад дар штаби Округи ҳарбии Туркистон ба хизмат пардохт ва тамоми рӯз, баъзан шабона ҳам дар ҷои кораш буд. Шириншоҳ ҳамаи корҳои рӯзгор ва нигоҳдории хонаю ҳавлиро ба ӯҳдаи худ гирифт. Рӯзона пас аз анҷоми корҳои хоҷагӣ вай ба шаҳр мебаромад, кӯчаҳоро давр зада, дар ҷустуҷӯи таълимгоҳи мувофиқе мешуд. Бетоқатии ӯро пай бурда, Топорнин ҳам аз паи пайдо кардани ҷои таҳсил буд. Вале азбаски оғози соли хониш дар мактабу омӯзишгоҳҳо хеле наздик ва қабулкунии шогирдон анҷом ёфта буд, кӯшишу даводавиҳои Топорнин ҳам натиҷае надоданд ва Шириншоҳ то моҳи декабр дар хонаи штабс –капитан ба сифати хизматгор монд. Аҳли оилаи Топорнинҳо чун ҳар хонадони бомаърифат китобхонаи бое гирд оварда буданд ва Шириншоҳ аксар вақташро дар ин китобхона мегузаронд. Асарҳои оид ба таъриху фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна, кишвари Туркистон хусусан тоҷикон таваҷҷӯҳи ӯро бештар ба худ ҷалб менамуданд. Аз ҷумла, китобҳои А. Шишов “Тоҷикон”, ки соли 1910 дар Тошканд чоп шудааст, асари муҳаққиқи дигари рус Н.Г. Павлов “Таърихи Туркистон”, ки ба қарибӣ чоп гардида буд, бо шавқи калон мутолиа намуд. Аз китоби Павлов ҳатто порчаеро, ки ба тавсифи халқи тоҷик бахшида шудааст, ба дафтари қайдҳояш иқтибос намуда буд: “Мо дар арафаи эҳёи тозаи ин халқи қобил ва ҷонсахт ҳастем. То дами ин эҳё тоҷикон зиндагӣ надоштанд, балки як рӯзгори сардро аз сар мегузаронданд. Ва ин рӯзгори сард натиҷаи се зарбаи ҷонкоҳ буд, ки аз ҷониби Чингизхон, Темур ва хонҳои манғит расидааст”. Моҳи декабр Д.С. Топорнин ногаҳон фармон гирифт, ки ба фронт равад. Аз чунин сурат гирифтани кор аз Шириншоҳ дида худаш бештар ба изтироб афтод. Вай меандешид, навраси ятимро ҳамроҳи худ ба шаҳри бегона оварда, акнун маҷбур аст, ки ӯро монанди моҳии дар соҳил афтода бе ягон воситаи рӯзгузаронӣ ба ҳолаш гузораду ба майдони ҷанг равад, ки аз он ҷо гашта омаданаш багумон аст. Бинобар ин, дар фикри пайдо намудани ҷои кор шуд. Шириншоҳро ҳамроҳ гирифта, назди шиноси деринааш, мудири омӯзишгоҳи ҳаштуми русӣ–маҳаллии Тошканд Радугин бурд ва шарҳи ҳолашро баён намуда, илтимос кард, ки сарпарастии ин бачаи бекасу куйро ба ӯҳда гирифта, ба вай ҳарҷониба ёрӣ расонад.
Мудири омӯзишгоҳ Аполлон Петрович Радугин, ки марди бомаърифату некдиле буд, Шириншоҳро ба васояти худ гирифт. Ӯро дар омӯзишгоҳ посбон таъин карда, хӯроку ҷои хоб муқаррар намуд. Баъд аз рӯи барномаи таълимии омӯзишгоҳ бо вай дар хонааш машғулият мегузаронд. То моҳи маи соли 1915 Шириншоҳ бо ҳамин минвол зиндагию таҳсил кард. Пас аз ба охир расидани соли таҳсил ва ба таътил баромадани омӯзгорону шогирдон А.П Радугин илоҷи минбаъд дар омӯзишгоҳ нигоҳ доштани Шириншоҳро наёфта, ба вай маслиҳат дод, ки дар ягон корхона ба кор дарояд. Шириншоҳ бо кӯмаку тавсияи ӯ ба заводи Иванов (Беш Оғоч)) ба сифати мардикор қабул шуд ва то моҳи август хиДмат кард. Вале ба сабаби набудани шароити мӯътадили зист аз он ҷо рафта, дар идораи нақлиёти “Трамваи Тошканд” ба кор дохил шуд ва то моҳи октябри соли 1916 ба вазифаҳои мушоияткунандаи вагон ва баъд кондуктор фаъолият намуд. Вале вазифаи кондуктор бо табиати орому нармдилиаш созгор наомад ва ӯ аз ин кор даст кашида, дар корхонаи роҳи оҳан –“Артели Матвеев”ба ҳайси тақсимгари бағочи қатораи боркашон шомили вазифа шуд.
Дар тамоми ин давраи кораш Шириншоҳро орзуи таҳсили илм ягон лаҳза ҳам тарк накарда буд ва ӯ тамоми вақти холиашро ба хондани китобҳо сарф менамуд. Моҳи апрели соли 1917 вай аз шиноси деринааш, марди меҳрубону ғамхор А.П. Радугин хоҳиш намуд, ки барои ба имтиҳони қабули омӯзишгоҳи дусолаи педагогӣ тайёр шуданаш ёрӣ расонад. Аполлон Петрович ин хоҳишашро бо майли том пазируфт ва мувофиқи барномаи таълимӣ адабиёти заруриро барояш фароҳам оварда, машғулият мегузаронид. Азму ғайрати бепоён ба иҷрои мақсад, зеҳну қобилияти расояш ба Шириншоҳ имкон доданд, ки ҳамаи имтиҳонҳои чор синфи мактаби русиро сарбаландона супорида, ба курси аввали омӯзишгоҳи омӯзгории русӣ шомил гардад. Вале бо оғози соли таҳсил ин омӯзишгоҳ баста шуд. Шириншоҳ муваффақ гардид, ки ба семинарияи муаллимтайёркунии Тошканд, ки таҳсил дар он низ ба забони русӣ буд, қабул гардад ва орзуи деринаашро ҷомаи амал пӯшонад.
ИНҚИЛОБ
Андар балои сахт падид ояд Фазли бузургмардию солорӣ. (Ҳаким Носири Хусрав).
Аз оғози таҳсил қариб ду моҳ гузашт, ки хабари дар Петроград ғалаба кардани Инқилоби Октябр паҳн гардид. Дар ин ҳангом ӯ ба синни 18- солагӣ қадам мемонд. Шириншоҳ ба инқилоб таваҷҷӯҳи зиёде надошт, ҳарчанд шиорҳои он: “Сулҳу озодӣ – ба халқҳо!”, “Заводу фабрикаҳо – ба коргарон!”, “Замин – ба деҳқонон!” ба дилаш хеле наздик буданд. Вале вай ботинан муқобили ҳамагуна зӯрию фишор буд, мехост ҳамааш ба таври осоишта ҳал шавад. Боварӣ дошт, ҳаёти халқ бо роҳи маърифатнок шудани он беҳбудӣ меёбад, фақат дониш, илму маърифат инсонҳоро аз бадбахтӣ наҷот дода метавонад. Вай, ки худаш аз байни мардуми заҳматкаш баромада буд ва шароити вазнини зиндагии ин мардумро дар мисоли ҳаёти аҳли оилааш, ҳамдиёронаш нағз медонист, пай мебурд, ки сабаби асосии ҳамаи азобу кулфатҳои мардум бесаводию ҷаҳолат аст. Дар ин бобат вай бо штабс-капитан Топорнин, омӯзгор Радугин комилан ҳамфикр буд.
Чуноне ки баъдҳо Шириншоҳ дар шарҳи ҳоли худаш навиштааст, то ғалабаи инқилоб дар бораи сотсиализм, муборизаи синфӣ ва ҳоказо тасаввурот надоштааст. Инқилоб ба мисоли як тӯфони азиме буд, ки ҳар чизу ҳар касеро, ки сари роҳаш меистод, ба комаш фурӯ бурда, фишору тазъиқ дода, ба марому мақсадаш мувофиқ менамуд. Ва Шириншоҳ, ки дар маҷрои асосии ин тӯфон, дар Тошканд барин шаҳри калон қарор дошт, аз он барканор буда наметавонист, ногузир ба он ҳамроҳ гардид. Вай шоҳиди митингу ҷамъомадҳое мешуд, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ҳар рӯз барпо мегаштанд ва нотиқон бо қаҳру ғазаб мардумро ба шикастану сӯзондану нобудкунӣ даъват менамуданд. Вақте ки Шириншоҳ моҳияти ингуна даъватҳоро аз устодаш Радугин мепурсид, Аполлон Петровичи хирадманд бо тамкини ба худаш хос ҷавоб медод: – Ана ҳаминро, писарҷон, муборизаи синфӣ, диктатураи пролетариат мегӯянд ва Худо ба ту умри дароз диҳад, оқибати даҳшатноки ин мубориза ва ин диктатураро бо чашмони худат хоҳӣ дид. 1 ноябри соли 1917 пас аз ҷангу бетартибиҳои чоррӯза дар кӯчаҳои Тошканд байни қувваҳои инқилобӣ ва муқобилони он ҳокимият ба дасти Шӯрои намояндагони коргарону сарбозон гузашт. Баъди 15 рӯз Анҷумани кишварии Шӯроҳои намояндагони коргарон, сарбозон, деҳқонон ва мусулмонон дар Тошканд ҷамъ омада, ғалабаи Ҳокимияти Шӯравиро дар кишвари Туркистон ба расмият даровард. Моҳи апрели соли 1918 Анҷумани Шӯроҳои кишвар Туркистонро Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати Федератсияи Руссия эълон намуд
(Давом дорад)
Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”. Хоруғ, 2014.
Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Мафтуна Алихонзода,
мутахассиси пешбари Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ
теги: маркази забон