“Аййоткори Зарирон” чӣ китобест?
«Аййоткори Зарирон» (“Ёдгори Зарирон”) рисолаи ҳамосии кӯтоҳест, ки дар соли 500 мелодӣ ё каме дертар навишта шудааст, қадимитарин достони паҳлавонӣ аст, ки ба забонҳои эронӣ боқӣ мондааст. Асари мазкур дар баъзе аз дастнависҳо «Шоҳномаи Гуштосп» низ номида шудааст.
Ин асар дар бораи ҷанги шоҳи Эрон – Виштосп ва Арҷосп шоҳи Хийунон-хватой дар пазириши оини маздопарастӣ қисса мекунад, ки ҳангоми хабар ёфани Арҷосп аз ин ки Виштосп дини Маздаясноро пазируфтааст. Вай Видрафши Ҷоду ва Номхости Ҳазоронро бо нома ва ду ҳазор сипоҳ ба Эрон мефиристад.
Видрафш ҳамроҳи сипоҳиён раҳсипор шуда, дар Эрон ба дарбори Виштосп мерасанд. Виштосп онҳоро ба ҳузур пазируфта, номаро мутолиа мекунад. Дар нома ба Виштосп навишта буд, ки «Ман шунидам, ки шумо ин дини вижаи Маздеснон аз Ҳурмузд пазируфтаед… ва агар онро пасон ҳам боз мадоред, шояд ба мо зиёну душворӣ бирасад. Ва агар шумо тасмим бигиред, ки ин дини вижа мегузореду боз бо мо ҳамкеш мешавед, фармонфармоӣ шуморо эътироф бикунем ва ба шумо сол ба сол зару сими бештар бидиҳем ва бас аспи хубу ва гоҳе шаҳрдорӣ ва агар шумо ин дини вижаро намегузоред ва бо мо ҳамкеш намебувед, бар сари шумо ҳуҷум биоварем, ҳамаро сарбасар вайрон бикунему бисӯзем ва аз шаҳру вардаки шумо ҳарчӣ аст дупой бигирем ва бандагиву душворӣ бифармоем».
Виштосп – номаро мутолиа карда, ба Зарир бародари худ фармон медиҳад, ки ба Арҷосп ҷавоб гардонда, нависад: Нахуст мо ин дини покро, ки аз Ҳурмузд пазируфтем, нагузорем ва моҳи дигар бо шумо дар набард шавем. Ва дар нома мавқеи набардро ҳам таъйин карда менависад, ки макони баргузории набард Бешаи тиҳӣ ва марғи Зардуштон хоҳад буд, зеро дар он майдон на кӯҳи баланд аст ва на дарёчаи жарф.
Виштосп мақсад мегузорад, ки агар тамоми писарону бародарон ва шоҳзодагони ман бимиранд, ҳам ман аз дини пазируфтаи худ Маздоясно, даст нахоҳам кашид.
Хулоса, дар ин ҷанг бародари Виштосп – Зарир, ба қатл расида ва писари ҳафтсолаи ӯ – Баствар, ба майдони набард баромада интиқоми падарро гирифтан мехоҳад. Арҷосп ба муқобили Баствар Видрафшро ба ҷанги тан ба тан фиристода ва қабл аз фиристодан ба ӯ ваъда медиҳад, ки агар пирӯз шавад зеботарин духтараш – Беҳистанро, ки дар Хиёнон назир надошт, ҷуфти ӯ мегардонад.
Видрафш дар набард табар мезад. Баствар бо дастони фароз бонг зада, ба Зарир мегӯяд: табарро канор гузошта ва аз тирдони хеш тир гирифта, корро тамом кунад. Баствар табарро гузошта, аз тирдон тир гирифта ба дили Видрафш зада, аз пушташ гузашт ва Видрафш бар замин афтонда ҳалок мешавад.
ХУЛЛАС, дар андак замон аз Хийунон-хватой касе ба ҷуз Арҷосп зинда намонд.
«Аййоткори зарирон» бинобар сабаби арзиши баланди таърихӣ ва адабии гузаштаи миллати форсу тоҷик доштанаш дар баробари дигар сарчашмаҳои осори бостонӣ аз ҷониби олим ва авастошиноси тоҷик устод Бобохонов Бобоназар соли 1973 аз паҳлавӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда, дар қисмате аз китоби «Мероси хаттии бостон» китоби 2, ҷилди 1 дар силсилакитоби «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) соли 2014 нашр гардид.
Таҳияи, мутахассиси пешбари Маркази «Тоҷикшиносӣ» Искандаров Орзуҷон