Айёми Аҷуз чист?
Пас аз таҷлили ҷашни Сада хуршед неруи бештар мегирад. Вале тибқи ривоятҳо бадкорони аҳриманӣ бар зидди вай мубориза мебаранд. Кўшиш менамоянд, ки хуршед то Наврўз нарасад, сусту заиф бошад.
Ин мубориза то нимаи аввали моҳи ҳут (тақрибан то 10-уми март) идома меёбад. Нуқтаи баланди мубориза бар зидди хуршед Айёми Аҷуз аст.
Маънии вожаи «айём» рўзгор, давр, замон аст. Аҷуз ба маънои пир, фартут, пиразан, кампир ва «аҷуза» ба маънои зани пир ва пиразани бадкор мебошад. Аҷуз рамзи сармову сардию бориши зиёди барф аст, барои баромадани хуршед халал мерасонад. Аммо мардум бо афрўхтани оташ, сўзондани хўсаи Аҷуза мубориза мебаранд, ки вай пеши роҳи гармию рўшноии хуршедро нагирад.
Айёми Аҷуз низ идомаи расму оинҳои вобаста ба Сада ва Наврўз аст. Дар Айёми Аҷуз мардум бар зидди неруҳои аҳримании зимистонӣ мубориза бурда, барои аз байн бурдани он талош менамуданд. Бо иҷрои оинҳо, оташрўзиҳо, дуд кардани ҳазориспанд қувваҳои бадӣ-абрҳо, барфҳо, шамолҳо, хунукиҳоро аз роҳи хуршед дур мекарданд; ба баромадани хуршед ёрӣ мерасониданд, то деҳқонон ба корҳои кишоварзии худ зудтар машғул шаванд.
Аз китоби Равшани Раҳмонӣ “Ҷашнҳои бостонии тоҷикон”. Душанбе, 2023.
Хоҳишмандон бо ин китоб метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд шинос шаванд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахасиси пешбари шуъбаи
хизматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.