Академик Бертелс: Чакомаҳои ғаноии Фирдавсӣ

ФирдавсӣЧАКОМАҲОИ ҒАНОӢ. Додаҳое дар даст аст, ки Фирдавсӣ гузашта аз асарҳои ҳамосӣ, чакомаҳои ғаноӣ ҳам доштааст. Ҳатто кўшише ҳам нашуда буд, то ҳамаи пораҳои ин гуна шеърҳои ўро, ки дар тазкираҳои гуногун парокандааст, дар як ҷо гирд биёварем. Аммо гумон намеравад битавон равшан сохт, ки кадом як аз ин пораҳо ба ростӣ аз они Фирдавсӣ аст.н

Акнун каму беш огоҳем, ки ҳамаи додаҳои чунин манобеъ то чӣ андоза метавонад нодуруст бошад. Бо ин ҳама, дар бархе аз пораҳое, ки мондааст, метавон сабки Фирдавсиро дарёфт ва рўҳияеро, ки аз они ў бошад, мешавад дид. Инҳо байтҳое аст, ки ба назар мерасад, онҳоро дар пирӣ суруда бошад ва гўёи ҳол ва рўзи фоҷиаомези шоири куҳансол аст:

Басе ранҷ бурдам, басе нома хондам,
Зи гуфтори тозиву ҳам паҳлавонӣ.

Ба чандин ҳунар шастуду сол будам,
Ки тўша барам з-ошкору ниҳонӣ.

Ба ҷуз ҳасрату ҷуз вуболи гуноҳон,
Надорам кунун аз ҷавонӣ нишоне.

Ба ёди ҷавонӣ кунун мўя орам,
Бар он байти Бутоҳиру Хусравонӣ.

Ҷавонӣ ман аз кўдакӣ ёд дорам,
Дареғ аз ҷавонӣ, дареғ аз ҷавонӣ.

Ногуфта пайдост, ки наметавон ин шеърро бебару баргард аз они ў донист, аммо бо доварӣ аз рўи забон ва андешаҳое, ки дар он омадааст, бегумон метавонад аз Фирдавсӣ ҳам бошад. Ёдоварии Фирдавсӣ аз шеъри Абўтоҳири Хусравонӣ ҳамрўзгори Фирдавсӣ низ, ки таронаҳояш то он ҷо ки метавон доварӣ кард, дар оғози садаи ёздаҳуми тарсоӣ аз шўҳрате бузург бархўрдор будаанд, коре номумкин будааст. Бо ин ҳама, набояд аз ёд бурд, ки пазируфтани бечуну чарои додаҳои сарчашмаҳо бисёр душвор аст, зеро шеърҳо ба гунае бисёр густурда таҳриф шудаанд Дигар ин ки бо таваҷҷуҳи равшан наслҳои баъд ба ҳар байти Фирдавсӣ барои котибону истинсохкунандагон фароҳам овардани шеърҳои «Фирдавсивор» ва сабти шеърҳои шоире на чандон шинохташуда ба номи Фирдавсӣ васвасаи фиребандаи бузурге будааст. Акнун бо ҳол ва рўзи имрўзӣ манобеъ ва маъхаз ҳатто андаке ҳам бовар ба воқеӣ будани тааллуқи ин шеърҳо ба Фирдавсӣ номумкин менамояд.

МАТОЛИБИ БЕШТАР АЗ ИН КИТОБ:

  1. ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: “ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ”. ДАҚИҚӢ
  2. ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: “ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ”. ДАҚИҚӢ. ИДОМА
  3. ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: “ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ”. ДАҚИҚӢ. АНҶОМ
  4. АКАДЕМИК ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: СОХТИ ЧЕҲРАҲО ВА САБКИ «ШОҲНОМА»

АКАДЕМИК ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: ДОСТОНИ «ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»-И ФИРДАВСӢ. БУД Ё НАБУД?

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.