Академик Евгений Бертелс: Адабиёти нимаи нахустини садаи ёздаҳуми тарсоӣ. Бахши 1

Евгений БертелсСомониён дар вопасин даҳаҳои садаи даҳуми тарсоӣ, талошҳои беҳуда ва навмедонае мекунанд, то фармонравоиро, ки аз дасташон лағзида, ҳамчунон дар даст дошта бошанд. Аммо феодалони бузург чашм ба роҳ мебуданд, ки сомониён вожгун шаванд ва он маркази мадории сиёсӣ, ки ҳуқуқи гузаштаи ин шоҳакзодагонро аз дасташон гирифта буд, сустӣ гирад.

Сардорони турк, ки дар хидмати фармонравоёни Бухоро буданд, умед доштанд, ки бо сарнагунии инон худашон фармонравои мустақил шаванд. Сомониён мекўшиданд аз пуштибонии тўдаҳо бархўрдор гарданд ва бо миёнҷии рўҳонияти мусалмон будан, бо онон тамос мегирифтанд. Аммо фақеҳони барҷастаи Бухоро аз ҳамон садаи нуҳум, бо таассубе сахт, ин бовари Сомониёнро ба бод доданд. Ин фақеҳон ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд пуштибонии Сомониён ва чакомасароёне бошанд, ки дар васфи набиз ва лаззатҳои заминӣ ва бадтар аз ҳама, дар ситоши паҳлавонони куҳани рўзгорони бостон, ки фурўғи ислом бар онон натобида буд, месуруданд.

НУҲИ ДУВУМ. Фарморавони сомонӣ аз фармонбардори хеш Сабуктегин ва писараш Маҳмуд, сардорони кордоне, ки дар сари сипоҳиён роҳбар буданд, ёрӣ хост. То ҳангоме ки Нуҳ аз инон дар пайкор бо фармонравоёни саркаши шаҳристонҳо баҳра мегирифт, Сабуктегин ва Маҳмуд ба ростӣ, ки хидматҳои бузурге ба ў карданд. Аммо ин ҳам ҳаст, ки Сабуктегин ба ҳангоми дидор бо Нуҳ, дар Кеш (Шаҳри сабз) бо ёдоварии пирии хеш, аз Амир хоҳиш кард, ки бигзорад аз асбаш пиёда нашавад ва замини адаб набўсад. Бо ин ҳама Нуҳ бо гирифтани паймон аз ин муттаҳидони неруманд, то андозае оромиш ёфт. Аммо умедаш ба инон беҳуда буд ва нофарҷом. Фоиқ, яке аз сардорони саркаш, ки аз зарби шасти сипоҳи Маҳмуд сахт осеб дида буд, бар он шуд, ки нерўе саҳмгинтар ба сўи хеш биёварад ва Насри қарохонӣ, фармонравои Ҳафтрўдро қонеъ кард, ки ба Осиёи Миёна битозад ва дар он ҷо заминҳои зархезу неъматҳои бешумор ба даст орад.

Нуҳ ҳамин ки аз наздик шудани фавҷҳои Қарахониён огоҳ шуд аз Сабуктегин ёрӣ хост. Ў сипоҳеро гирд оварда, ба роҳ афтод ва миёни Кешу Насаф (Қаршӣ) ўрду зад. Маҳмуд ҳам бо сипоҳ ба ҳамон ҷо омад. Сабуктегин саворе назди Нуҳ фиристод ва хоҳиш кард, ки Амир низ бо ин сипоҳ бипайвандад. Аммо Нуҳ нахост, ин хоҳиши сардорашро бипазирад. Сабуктегин ҳаминро барои буридан аз вай дастовези нек баршумурд ва бар он шуд, ки бо Қарахонӣ аз дари оштӣ дарояд. Амир Нуҳ дар ҳамин ҳангом пас аз бемории кўтоҳе даргузашт ва писараш, Абулҳориси Мансур бар тахт нишаст. Амир эҳсос мекард, ки танҳо лашкари худаш метавонист пушту паноҳаш бошад ва бас. Дари хизонаро гушуд ва метавон гуфт, ки ҳамаи онро пахш кард. Ў Бектузани туркро ба сипоҳсолорӣ ва фармонравоии Хуросон баргумошт. Дар ин гиру дор, Сабуктегин ҷаҳонро бадруд гуфт ва писараш Маҳмуд яксара ба пайкор барои тахт бархост ва онро саранҷом, аз бародараш Исмоил гирифт. Маҳмуд, пас аз устувор кардани кори худ номае ба Бухоро навишта ва дар он бо лаҳни саҳмгин пурсид, ки чаро ҷои ўро ба Бектузон додаанд, дар ҳоле ки он ҷо аз они ў ва мурдареги Сабуктегин аст ва Маҳмуд ҷонишини Сабуктегин. Мансур посух дод, ки вай Бектузонро амир карда ва ҳукумати Балх, Тирмиз, ва Ҳиротро ба ў додааст, зеро ў навкари куҳансоли хонадони онҳост ва намешавад ўро бозпас гирифтан, ҷое ки ба ростӣ аз они ўст, намешавад ўро ранҷонид. Маҳмуд, ки дарёфт рўзу рўзгори ба чанг овардани ҳукумат фаро расида аст, роҳии Нишобур шуд ва Бектузон, ки забунии хешро дарёфта буд, аз Хуросон берун рафт ва хатари саҳмгинро ба Бухоро гузориш дод. Мансур, ки менамояд сахтӣ ва бузургии корро дарнаёфта бошад, бар он шуд, ки ба раҷазхонии Маҳмуд посух диҳад. То Сархас бе он ки садде дар роҳаш бошад пеш рафт, зеро Маҳмуд, ки намехост ба нофармонӣ аз сарвар сифоташ кунанд, бар он шуд, ки аз даргирӣ рўй бартобад ва ба Марв вопас нишинад.

Дар ин ҳангома Бектузон ба ин андеша афтод, ки ба гумоне бисёр ҳеч гоҳ аз бахшише, ки Мансур барояш фароҳам карда буд, бархўрдор нахоҳад гашт ва бо Фоиқи зинҳорхор дар тамос шуд. Ў низ ба дастовезе Амир Мансурро ба хонаи хеш овард ва хиёнаткорона бар ў ҳамлавар гашт ва чашмонашро бо оҳани тафта кўр кард. Аз он ҷо ки марди нобино наметавонист амир бошад, Фоиқ Абдулмалик ибни Нуҳ, бародари хурдсоли Мансурро бар тахт нишонид. Чун Маҳмуд аз ин хиёнати саҳмгин огоҳ шуд, менамояд, ки барои нахустин бор, ба шевае даст бурда бошад, ки сипас борҳо аз он бо комёбии бисёр баҳрабардорӣ карда ва он ин будааст, ки дар нақши кинхоҳ ва пушту паноҳ, додгари дилозурдагон дарояд.

Ў дар ҳамон дам, роҳии Бухоро шуд. Фоиқу Бектузон, бо дидани хатар ба Марв гурехтанд ва аз он ҷо ба номи Абдулмалик хирманҳои зар ба Маҳмуд ваъда медоданд. Аммо Маҳмуд ба ин зинҳорхорон бовар накарда, чобуку чолок ба сўи Марв шитофт. Сардорони номард ва носипос аз биму ҳароси марг ба лобаву зорӣ даромаданд, ки ононро бубахшад. Дар ҳамин ҳангома буд, ки дасти рўзгор ҳолу рўзро барои Сомониён душвортар кард. Яке аз саворони Фоиқ, ки дар роҳи хеш ба бору бунаи Маҳмуд расида буд, онро ғорат кард. Маҳмуди хашмгин дар сипоҳи Фоиқ ва Бектузон, ки чандон дилу ҳаваси набард надоштанд, шикасте сахт афканд. Сардорон ҳамроҳ бо амири хурдсол ба Бухоро гурехтанд. Фоиқ дар ҳамон дам, ки ба Бухоро расид, мурд. Дар Бухоро даҳшату валвала афтода буд. Дар ин ҳангом номаи Қарахонӣ аз Қошғар расид, ки дар он ҳушдор дода буд барои дифоъ аз Амир дар баробари зўргўён ва номардон меояд. Бектузан ва сардори дигар Янолтегин ба пешвози Қарохонӣ шитофта, бо лоба аз ў хоҳиши бахшудагӣ карданд. Ў фармон дод, ки инонро дар занҷир бигиранд ва рўзи шанбе, даҳуми моҳи зулқаъдаи соли 389-и ҳиҷрӣ (23 октябри соли 999) ба Бухоро даромад. Абдулмаликро, ки Қарахонӣ барои «пуштибонӣ» аз вай омада буд, ба Узганд фиристод ва ў дар он ҷо мурд. Ҳамаи касонеро, ки аз хонадони Сомониён монда буданд, асир карданд ва ба шаҳрҳои гуногун фиристоданд. Аммо дар миёни Сомониён касе ҳам пайдо шуд, ки намехост дар баробари чирамандон сар хам кунад. Ў Абуиброҳими Исмоил, писари Нуҳ буд, ки ба номи Мунтасар мешинохтандаш. Ў низ ба сони дигар касони дудмони Сомонӣ ба хубӣ омўзиш ёфта, чакомаҳое ҳам месурудааст. Пораҳое, ки аз чакомаҳои вай бар ҷо монда, вижагиҳои ин Амири размҷўро бахубӣ менамоёнад. Ба яке аз онҳо менигарем:

Гўянд маро: «зи чӣ рў хуб насозӣ,

Манзилгаҳи ороставу фарши мулавван?»

Бо наъраи гурдон чӣ кунам лаҳни ағонӣ,

Бо пуяи асбон чӣ кунам маҷлиси гулшан?

Асп асту силоҳ аст, маро базмгаҳу кох,

Тир асту синон аст, маро лолаву савсан.

Ҷўши маю нўши лаби соқӣ ба чӣ кор аст?

Ҷўшидани хун бояд бар айбаву ҷавшан.

 

Ин ҳам чакомае, ки ба гумон дар паи аз даст рафтани Бухоро бояд суруда бошад:

Эй ба дидан кабуду худ на кабуд,

 Оташ аз табъу дар намояш дуд.

 Эй ду гўши ту карри модарзод,

 Бо туам зориву итоб чӣ суд?

 

Исмоил, ки ба дасти Қарахонӣ асир шуда буд, тавонист бо пўшидани чодари канизаке бигрезад. Ў худро ба Бухоро расонида, дар хонаи пиразани дарюзае пинҳон шуд ва то ҳангоме ки сипоҳиёни Қарахонӣ, сахткўшона дар такопуи ёфтанаш буданд, дар ҳамон хона буд. Ҳамин ки нигариш ба ў ба сустӣ гароид, худро ба Хоразм, ки дар он рўзҳо дар дастрасии Қарахонӣ набуд, расонида ба гирдоварии мардоне, ки ба ў вафодор буданд, оғоз кард. Чанде нагузашт, ки тавонист ҳампои худ, Арслонёлуро ба сўи Бухоро фиристад ва ў бо зиракӣ, Ҷаъфартегин ва ҳафдаҳ тан аз саркардагонеро, ки ҳаводори дудмони тоза буданд, ба асорат даровард. Асиронро ба Ҷурҷон фиристоданд ва сипоҳиёни дарҳамшикастаи Қарахонӣ то худи Самарқанд гурехтанд. Сипоҳи Исмоил дар канори Самарқанд бо гурўҳҳои размии Тегинхон, фармонравои Самарқанд даргир шуда, ононро шикаст дода, ғанимати саршоре ба даст овард. Пас аз ин буд, ки Исмоил бар он шуд, ки дар миёни шодбошу ҳулҳулаи мардум ба Бухоро дарояд.

Аммо Қарахонӣ бо сипоҳе бузург ба пойтахти пешини Сомониён рўйовар шуд ва Исмоил аз он ҷо берун рафта, дар он сўи Амударё роҳи Нишобурро дар пеш гирифт. Лекин дар Хуросон душмане тоза, Маҳмуд чашм ба роҳаш буд. Ў, дар оғоз бародараш, Амир Насрро алайҳи Исмоил гусел кард, аммо аз он ҷо, ки вай аз ўҳдаи анҷоми маъмурияташ барнаёмада буд, худаш пой дар рикоб кард. Исмоил бахубӣ медонист, ки дар баробари Маҳмуд тоби пойдорӣ надорад ва ба Исфароин гурехт. Он ҷо кўшид аз бошандагон молиёте гирд оварад, ки хазинаи ҷангҷўёнашро бупардозад, аммо комёб нагардид. Исмоил, ки оҳе барои пайкорҳои оянда дар бисот надошт, вопасин чорае, ки барояш монда буд аз Қобуспур ва Шамгирзиёрӣ фармонравои Гургон, ки рўзгоре бо сомониён дўстӣ дошт, ёрӣ хост. Қобус хоҳиши Исмоилро пазируфт, пули ҳангу муфте барои ў дод. Қобус ҳамчунин ба ў андарз дод, ки барои ба даст овардани сарзаминҳои пешинаш накўшида, озмоише барои гирифтани Рай кунад.

Аммо Исмоил намехост аз андешаҳои оғозини хеш даст бикашад. Магар ў набуд, ки тавонист Насри қарахониро аз Нишобур биронад ва тавониста буд аз ин шаҳристони пурсарват молиёт ҳам бигирад. Аммо боз Маҳмуд сипоҳи бузург ба сўяш фиристод. Авзоъ аз ин рў ҳам печидатар мешуд, ки сипоҳиёнаш лаб ба шиква ва гила гушуда буданд. Боз ҳам ночор шуд, ки роҳи раҳоиро дар фирор биҷўяд. Ин бор Исмоил дар Сарахас паноҳ ҷуст. Аммо Қарахонӣ бо неруҳои тозанафас дар он ҷо ба ў расида, сипоҳашро дарҳам шикаст ва ҳамаи бекҳояшро асир кард. Исмоил тавонист муъҷизавор ба биёбон паноҳ бибарад ва чанд гоҳе дар он ҷо саргардон бимонад. Дар биёбон ба кўчиҳои ғуз расид, ки ҳамеша гироиши нек ба сомониён доштанд. Исмоил ҳамроҳ бо ғузҳо дубора ба сўи Мовароуннаҳр роҳ афтод. Қарахонӣ сипоҳе бузург дар баробарашон фиристод, лекин ғузон (дар моҳи шавволи соли 393, августи соли 1003), ба ногаҳон ба сипоҳи қарахониҳо юриш бурда, шуморе бузург асир ва ғанимати саршор ба даст оварданд. Аммо дар барномаи бекҳои Ғуз набуд, ки рўзгоре дароз бо душмани неруманд панҷа дар панҷа афкананд. Исмоил, ба ночор мебоист бо вопасин гурўҳи ангуштшумор аз сипоҳиёни вафодораш, дубора пой ба фирор ниҳад. Ў мехост аз рўи яхҳои рўди Омў бигзарад, аммо ҳамин ки ба рўдхона расид, дарёфт, ки ях об шудааст. Исмоил ғарқ дар навмедӣ ба Маҳмуд номае навишт ва хоҳиш кард ўро ба хидмати хеш гирифта, беаҳмияттарин мақомҳоро ба вай вогузор кунад. Маҳмуд бо сахтӣ мусоидат кард, аммо душмане дигар, Хоразмшоҳ дар кор даст андохт ва Исмоил, пас аз даргириҳо ба ночор дубора ба Сарахас вопас нишаст.

Исмоил боз ҳам кўшид ба Мовароуннаҳр рахна кунад ва дар набарди наздикии Самарқанд ҳатто лашкариёни Қарохониро ҳам шикаст дод (шавволи соли 394-январ-августи 1004 масеҳӣ). Аммо рафта-рафта ҳаводоронаш пароканда шуданд ва кораш ба бунбаст кашид. Исмоил ҳангоми фирор савор бар чўб ва тахтаҳое, ки ба ҳам баста буданд аз рўди Омў гузашт. Дар каронаи дигар дубора бо Маҳмуд рў ба рў шуд, ки равиши душманона дар пеш гирифта буд. Кўшиш барои пинҳон шудан дар Бастом суде надод, зеро Қобус ўро аз он ҷо ронд. Дар ин ҳангом буд, ки доме барои ў густурда шуд. Исмоил номае аз Бухоро дарёфт кард, ки дар он гуфта буданд аз вай ҳамагуна пуштибонӣ хоҳанд кард. Ў бедиранг роҳии ҷойгоҳи пешини Сомониён шуд. Аммо сипоҳаш аз роҳпаймоӣ ва набардҳои паёпай чунон хаставу ранҷур шуда буд, ки бунбасти кори Исмоилро ба нафари Қарахонӣ расониданд.

Шабонгоҳ, душман гирдашро гирифта, дастгираш кард. Қарахонӣ ўро ба Ўзганд фиристод, аммо дар он ҷо бо фитнаангезии марде ба номи Маҳрўй, дар моҳи рабеулаввали соли 395 (декабри соли 1004) кушта шуд. Маҳмуд дубора ба чеҳраи хунхоҳии додгар даромад ва фармон дод Маҳрўйро бикушанд. Вопасин намояндаи дудмони неруманд, ки рўзгоре карру фарре дошт, бад-ин гуна ба ҳалокат расид ва хиттаи қаламрави онон ба ду бахш шуд: Аз Қошғар то рўди Омў бахше аз Туркистони ховар, Ҳафтрўд, Чоч (шаҳристони Тошканд), Фарғона ва ҳамаи Суғди бостон ба Қарахониён расид ва аз марзҳои шимоли Ҳинд то наздикиҳои каронаҳои ҷанубии дарёи Мозандарон ба Fазнавиён.

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин

Маркази “Тоҷикшиносӣ”.