Академик Евгений Бертелс: Адабиёти нимаи нахустини садаи ёздаҳуми тарсоӣ. Бахши 3
Дар моҳи майи соли 1029-и тарсоӣ, худи Султон лашкаркашии саркўбгаронаро алайҳи инон фармондиҳӣ ва дар назди яке Фарова куштори ҳавлноке аз онон кард. Аммо солҳои зиндагии Маҳмуд на ҳамон солҳои пешин буд ва ба тангии нафас дучор шуда буд.
Дар баҳори соли 1030-и тарсоӣ, бемории Маҳмуд чунон шиддат гирифта буд, ки Султон дигар наметавонист дароз бикашад ва рўи сандалии дастадор, нишаста мехобид. Ин мард, ки на танҳо ба дигарон, балки ба хештан ҳам сахтгир буд, мекўшид дардашро пинҳон дорад ва ба рағми ҳама чиз ба идораи корҳо идома диҳад. Саранҷом, яке аз ҳамлаҳои тангнафас ҷонашро бигрифт (23-и рабе-ул-сонии соли 421-и ҳиҷрӣ-1 моҳи май соли 1030-и тарсоӣ). Аз он ҷо ки ҳатто наздикони дарбор ҳам аз бемории Маҳмуд огоҳ набуданд, маргаш ҳаяҷоне бузург дар Fазнин барпо кард. Фаррухӣ, яке аз беҳтарин чакомасароёни он даврон марсияе дар ин бора суруд, ки ҳарчанд дар дарунмояаш муболиға барои чунин чакомаҳо андак нест, бо ин ҳама тасвире бисёр равшан медиҳад ва менамоёнад, ки бозтобе аз сўгвории ростини чакомасаро бошад. Ин сўгнома, дархўри нигарише аст бузург ва барои ҳамин ҳам ҳамаи онро дар зер меоварем:
Шаҳри Fазнин на ҳамон аст, ки ман дидам пор,
Чӣ фитодаст, ки имсол дигаргун шуда кор?
Хонаҳо бинам пурнавҳаву пурбонгу хурўш,
Навҳаву бонгу хурўше, ки кунад рўҳ фигор.
Кўйҳо бинам пуршўру сар то сари кўй,
Ҳама пурҷўшу ҳама ҷўшиш аз хайли савор.
Растаҳо бинам пурмардуму дарҳои дукон,
Ҳама барбаставу зи дар зада ҳар як мисмор
Кохҳо бинам пардохта аз муҳташамон,
Ҳама як сар зи рабаз бурда ба шористон бор.
Меҳтарон бинам бар рўй занон, ҳамчу занон,
Чашмҳо карда зи хуноба ба ранги гулнор.
Ҳоҷибон бинам хастадилу пўшида сияҳ,
Кулаҳ афканда яке аз сару дигар дастор.
Бонувон бинам берун шуда аз хона ба кўй,
Бар дари майдон гирёну хурўшон ҳамвор.
Хоҷагон бинам аз пеш бардошта давот,
Дастҳо бар сару сарҳо зада андар девор.
Омилон бинам боз омада ғамгин зи амал,
Кор нокардаву норафта ба девон шумор.
Мутрибон бинам гирёну даҳ ангушт газон,
Рўдҳо бар сару бар рўй зада шефтавор.
Лашкаре бинам саргашта саросема шуда,
Чашмҳо пурнаму аз ҳасрату ғам гашта низор.
Ин ҳамон лашкариёнанд, ки ман дидам дӣ?
В-ин ҳамон шаҳру замин аст, ки ман дидам пор?
Магар имсол малик боз наёмад зи ғазо!?
Душмане рўй ниҳодаст бар ин шаҳру диёр?
Магар имсол зи ҳар хона азизе гум шуд?
То шуд аз ҳасрату ғам рўз ҳама чун шаби тор.
Магар имсол чу пир ар бинолид малик?
Не ман ошўб аз ин гуна надидам перор.
Ту нагуӣ, ки чӣ афтодаст, бигў гар битавон,
Ман на бегонаам, ин ҳол зи ман боз мадор.
Ин чӣ шуғласту чӣ ошўбу чӣ бонгасту хурўш,
Ин чӣ кор асту чӣ бор асту чӣ чандин гуфтор?
Кошки он шабу он рўз, ки тарсидам аз он,
На фитодастиву шодӣ нашудастӣ тимор.
Кошки чашми бад анадар нарасидӣ ба Амир,
Оҳ, тарсам, ки расиду шуда маҳ зери ғубор.
Рафт, ки моро ҳама бечораву дармонда бимонд,
Ман надонам, ки чӣ дармон кунам инрову чӣ чор?
Оҳу дардо, ки ҳаме лаъл ба кон боз шавад,
Ў миёни гилу аз гил нашавад бархўрдор.
Оҳу дардо, ки бе ў ҳар касе натвонад дид,
Боғи пирўзии пурлолаву гулҳои ба бор.
Оҳу дардо, ки кунун қарматиён шод шаванд,
Эманӣ ёбанд аз санг парокандаву дор.
Оҳу дардо, ки кунун қайсари румӣ бираҳад,
Аз такопўю баровардани бурҷу девор.
Оҳу дардо, ки кунун барҳаманони ҳама Ҳинд,
Ҷой созанд дигар бутонро аз навбаҳор.
Мири мо хуфта ба хок андару мо аз бари хок,
Ин чӣ рўз аст бад-ин зорӣ, ё раб зинҳор?
Фоли бад чун занам ин ҳол ҷуз ин аст магар?
Занам он фол, ки гирад дил аз он фол қарор.
Мир май хўрда, магар диву бихуфтаст имрўз?
Дер бархост магар ранҷ расидаш зи хумор?
Дуҳлаву кўс ҳамоно, ки ҳаме з-он назананд,
То бихусбад хушу камтар будаш бар дил бор.
Эй амири ҳама мирону Шаҳаншоҳи ҷаҳон,
Хезу аз ҳуҷра бурун ой, ки хуфтӣ бисёр!
Хез, шоҳо, ки ҷаҳон пуршағабу шўр шудаст!
Шўр бинишону шабу рўз ба шодӣ бигузор!
Хез, шоҳо, ки ба қунуҷ сипаҳ гирд шудаст,
Рўй з-он сўй неҳу бар торакашон оташ бор!
Хез, шоҳо, ки расулони шаҳон омадаанд,
Ҳама ҳадяҳо доранд оварда фаровону нисор!
Хез, шоҳо, ки ба фирўзӣ гул боз шудааст,
Бар гули нав қадаҳе чанд майи лаъл гусор!
Хез, шоҳо, ки чу ҳар сол ба арз омадаанд,
Аз паси кохи туву боғи ту пиле ду ҳазор!
Хез, шоҳо, ки ҳама дўхтаву сохта гашт,
Хилъати лашкару гардид ба як ҷой анбор.
Хез, шоҳо, ки ба дидори ту фарзанди азиз,
Ба шитоб омад, бинмой мар ўро дидор!
Кӣ тавонад, ки барангезад з-ин хоб туро,
Хуфтӣ, он хуфтан к-аз бонг нагардӣ бедор.
Гар чунон хуфтӣ, эй шаҳ, ки нахоҳӣ бархост,
Эй худованди ҷаҳон, хезу ба фарзанд супор!
Хуфтани бисёр, эй Хусрав, хўи ту набуд,
Ҳеч кас хуфта надидаст туро з-ин кирдор.
Хўи ту сохтану шуғли сафар буд мудом,
Беҳ наёсудӣ ҳар чанд, ки будӣ бемор.
Дар сафар будӣ, то будӣ дар кори сафар,
Тани чун кўҳи ту аз ранҷи сафар гашта низор.
Сафаре к-онро боз омадан умед буд,
Fами ў кам буд арчанд, ки бошад душвор.
Сафаре дорӣ имсол шаҳо, андар пеш,
Ки мар онро на карон аст падиду на канор.
Як дамак боре дар хона бубояст нишаст,
То бидидандӣ рўи ту азизону табор.
Рафтани ту ба хазон будӣ ҳар сол, шаҳо!
Чӣ шитоб омад, ки бирафтӣ имсол ба баҳор?
Чун кунӣ сабру ҷудо чанд тавонӣ будан,
З-он бародар, ки бипавардӣ ўро ба канор?
Тани ў аз ғаму тимори ту чун мўй шудаст,
Рухи чун лолаи ў зард ба ранги динор.
Аз фаровон, кӣ бигиряд ба сари кўи ту шоҳ?
Оби дида бишухудаст мар ўро рухсор.
Оташе дорад дар дил, ки ҳама рўзи равон,
Ба сўи чархи барафканда аз он дуду шарор.
Гар бародар ғами ту хўрд, шаҳо, нест аҷаб,
Душманат бе ғами ту нест ба лайлу ба наҳор.
Мурғу моҳӣ чу занон бар ту ҳаме навҳа кунанд,
Ҳама бо мо шуда андар ғаму андўҳи ту ёр.
Рўзу шаб бар сари тобути ту аз ҳасрати ту,
Кохи пирўзии чун абр ҳамегиряд зор.
Ба ҳисор аз фазъу бими ту рафтанд шаҳон,
Ту шаҳо, аз фазъу бими кӣ рафтӣ ба ҳисор?
Ту ба боғе чу биёбоне дилтанг шудӣ,
Чун гирифтастӣ дар ҷойгаҳе танг қарор?
На ҳамоно, ки ҷаҳон қадри ту донист ҳаме,
Лоҷарам назди хирадманд надорад миқдор.
Зиннату қиммату миқдори ҷаҳонро ба ту буд,
То ту рафтӣ зи ҷаҳон ин се бурун шуд якбор.
Шуароро ба ту бозор барафрўхта буд,
Рафтиву бо ту ба як бор шикаст он бозор.
Эй Амире, ки ватан дошт ба наздики ту фахр,
Эй Амире, ки нагаштаст ба даргоҳи ту ор.
Ҳама ҷаҳди ту дар он буд, ки эзад фармуд,
Ранҷкаш будӣ дар тоати эзад ҳамвор.
Бигузорад ва ба рўи ту маёрад ҳаргиз,
Зиллатеро, ки накардӣ ту бад-он истиғфор.
Зинда бодо, ба валиаҳди ту номи ту мудом,
Эй шаҳи некдили некхўи некўкор.
Дили пажмон ба валиаҳди ту хурсанд кунад,
Ин бародар, ки зад андар дил, аз дарди ту нор.
Андар он гетӣ эзад дили ту шод кунад,
Ба биҳишту ба савобу ба фаровон кирдор.
Ҳангоме ки Маҳмуд мурд, писари меҳтар ва ҷонишини Амир Муҳаммад дар Гузгонон буд ва умур ба даст гирифта ва фармондиҳии сипоҳро ба амакаш, Амир Юсуф дод. Ба навиштаи Гардузӣ, бозорҳои Fазнинро ҷунбу ҷўше фаро гирифт ва савдогарони колоҳои гаронбаҳо, аз ҳар сў ба он ҷо рўй оварданд. Аммо сардорони тўдаи мардум кўшише ба сўи Муҳаммад надоштанд. Абулнаҷми Аёз ибни Оймоқ – дурдонаи Маҳмуд, ки дар гирди ў афсонаҳо ва достонҳо сохтаву пардохта шудааст, ҳамон ғуломе, ки султони пешин амираш карда буд, бо шитоб назди Масъуд рафта, савганди вафодорӣ ёд кард. Масъуд дар Нишобур сипоҳ гирд меовард ва Муҳаммад, ки аз омода шудани ў огоҳ буд, шароб мехўрд ва бо раққосону мутрибон саргарм буд. Саранҷом, ҳангоме ки ў ба сўи Масъуд ба роҳ афтод, сипоҳаш бисёр ба содагӣ ўро тарк гуфт ва ба бародараш пайваст. Муҳаммад асир шуд ва дар диже бандӣ гардид. Яке аз надимони Муҳаммад, ин рухдодро чунин овардааст:
Эй шоҳ чӣ буд ин ки туро пеш омад?
Душман-т ҳам аз пираҳани хеш омад.
Аз меҳнатҳо, меҳнати ту беш омад,
Аз мулки падар баҳри ту Мандиш омад.
Халифаи Бағдод, чун ҳамеша омода буд кори анҷомшударо ба расмият бишносад ва дар оғози шавволи соли 421-и ҳиҷрӣ (октябри соли 1030) маншури тахту тоҷеро, ки Масъуд тасоҳуб карда буд, барояш бифиристод. Таърихнависон овардаанд, ки Масъуд беш аз дигар писарони Маҳмуд ба падараш ҳаммонандӣ дошт ва тафовуташ бо падар, танҳо ҳайкали танумандиаш буд. Неруи ҷисмии Масъуд ва диловариаш дар ҷанг забонзади ҳамагон буд. Аммо зиракии Маҳмудро дар сардаргарм кардани душманон бо сиёсати маккорона, ба мерос набурда буд ва артиш ҳам, ки дар зери фармондиҳии Маҳмуд шикастнопазир буд, дигар шикастнопазир набуд. Дигар ҳокимоне, ки дар қаламрави ҳинд гумошта шуда буданд ба сўиистифодаҳое бовар накарданӣ даст меёзиданд. Масъуд дигар наметавонист сиёсати падарро идома дода ва наздик ба соле як бор ба Ҳинд лашкар бикашад. Росташ ин аст, ки ба чанд лашкаркашии хурд даст бурда буд, аммо заҳраи он надошт, ки мутасарифоташро дар Осиёи Миёна бесарпараст бигзорад.
Шикоят аз салҷуқиҳо афзоиш меёфт ва саркардагони инон, дар посух ба таҳдид хостор шуданд, ки заминҳое барои кўч ба онон бидиҳанд ва ваъда доданд, ки дар сурати анҷоми хостаашон ба тохту тоз поён бидиҳанд. Салҷуқиҳо омодаи ҳар гузаште буданд, аммо сардорони ғазнавӣ рафтори мутаккаббирона бо онон доштанд ва саранҷом корро ба душмании ошкор кашиданд. Дар баҳори соли 1040 тарсоӣ, Масъуд сипоҳе дар Нишобур гирд овард ва ба ҷанги салҷуқиҳо рафт. Саворнизоми салҷуқиҳо, дар наздикии Дандонакан роҳро бар Масъуд барбастанд. Дар ҳамон оғози набард, бахше аз сипоҳи Масъуд ба Салҷуқиҳо пайваст. Пас Амир бар хилофи одоб ва русум, худаш ба пайкор оғоз кард ва менамояд, ки андаке ҳам комёб буда, раванди ҷангро дигаргун кардааст. Аммо сардорони ў пой ба фирор гузоштанд ва Масъуд ночор шуд аз онон пайравӣ кунад ва ин, дар рўзи 8 рамазони соли 431-и ҳиҷрӣ (24-и моҳи майи соли 1040) рух дода буд. Масъуд, ки худро ба душворӣ ба Fазнин расонида буд, сардоронро кайфар дод ва ононро ба дижҳои ҳиндӣ фиристод, ки барои ҳамеша дар он ҷо бандӣ бошанд ва чунонки Гардезӣ мегўяд, онҳо дар ҳамон рўзи нахуст дар он ҷо мурданд.
Масъуд дарёфт, ки қудраташ дар Хуросон ба поён расидааст. Ганҷи бекаронеро, ки падараш аз Ҳиндустон ҷамъ оварда буд, бо худ гирифт ва роҳии Ҳинд шуд. Дар миёни роҳ сипоҳиён бо огоҳӣ аз он ки чӣ сарватҳоеро Масъуд бо худ мебарад, ба ғорат оғоз карданд. Дар ҳамин ҳангом корвоне, ки аз дигар сў меомад фаро расид ва Муҳаммадро, ки аз банд озод карда буданд, бо он корвон меоварданд. Fоратгарон, ки мехостанд аз кайфар бечуну чаро вораҳанд, дар ҳамон дам Муҳаммадро Амир эълом ва Масъудро дастгир карда, дар ғулу занҷир гузоштанд ва ба яке аз дижҳои Ҳинд бурданд. 11-ҷамод-ул-аввали соли 432-и ҳиҷрӣ (18 – уми январи соли 1041), яке аз дарбориёни Муҳаммад фармоне дурўғин барои фармондеҳи диж фиристод, ки Амир Масъудро бикушанд ва ин фармон иҷро шуд. Аммо Муҳаммад натавонист ин бор ҳам подшоҳӣ кунад. Мавдуд, писари Масъуд тавонист фармондеҳи низомии Муҳаммадро бо худ ҳамроҳ кунад. Муҳаммад ва писараш Аҳмад ва низ Амир Юсуф, Сулаймон асир ва кушта шуданд.
(Поёни матлаб)
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.