Академик Евгений Бертелс: Сохти чеҳраҳо ва сабки «Шоҳнома». Охираш

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ намоишгоҳе аз симои паҳлавонон аст. Дуруст аст, ки миёни инон ҳаммонандии бисёре аст, аммо шоир дар ноҳамсўӣ бо чеҳраҳои ғайриҳунарии куҳани рўзгорон мекўшад аз ҳар як паҳлавонони хеш чеҳраи воқеӣ тасвир кунад. Ногуфта пайдост, ки ҳамаи онон диловар, таковар ва дар ҳамовардӣ устоданд, аммо сарояндаи «Шоҳнома» ба ҳеч рўй кори худ намедонад, ки ҳамаи ононро яксара ҳамсон биёварад. Чунончи Тўс бегумон яле аст диловар, аммо ба тухма ва гавҳари шаҳриёрии худ беандоза менозад, саркаш аст ва ситезаҷў ва барои ҳамин ҳам сипаҳсолори чандон хубе нест. Дар миёни озотон «некнажод» палидоне чун Гургини зинҳорхор ҳам ҳастанд.

Дар «Шоҳнома» симои занон бисёр дархўри нигариш аст. Менамояд, ки Фирдавсӣ дар ин ҷо ба суннатҳои куҳан сахт вафодор монда бошад. Занони номдори «Шоҳнома» канизакон ва парастандагони гўш ба фармон ва даст ба сина нестанд. Ин занон ёрон ва ҳамроҳони шоистаи паҳлавононанд. Инон медонанд, ки чӣ мехоҳанд ва дар роҳи расидан ба ҳадаф мекўшанд. Рўдоба, модари Рустам ва Таҳминаро ба ёд биёварем. Аммо ҳангоме ки ҳавас чашми хиради ононро мебандад, ба бадтарин корҳо, дурўғ, бадгўӣ ва ҳатто табаҳкорӣ ҳам даст меёзанд. Намунаи ин гуна занон ҳамоно Судобаи нобакор аст. По ба по наздиктар шудан ба бахши таърихии «Шоҳнома» чеҳраи занон ба тадриҷ ранг мебозад. Симои вопасин зан Ширин дар асари Фирдавсӣ он накўиҳоеро, ки Низомии Ганҷавӣ барои ў баршумурда, надорад. Бо он ки асари Фирдавсӣ «Шоҳнома» ном дорад, аммо воқеият ин аст, ки достони подшоҳон танҳо риштаи борике аст, ки ривоятҳоро ба якдигар пайванд медиҳад ва худ шаҳриёрон чандон нақше дар «Шоҳнома» надоранд. Ҳатто Кайхусрав, ки дар бахши паҳлавонии «Шоҳнома» бегумон ҷои арзандае дорад, бештар паҳлавононро ба коре фармон медиҳад ва танҳо дар андак ҷое ночор ба 260 тани худ даст ба кор мешавад. Менамояд, ки ба андешаи Фирдавсӣ, шаҳриёрон мебоист чунин кунанд, Рустам мегўяд:

Ки нанг аст бар шоҳ рафтан ба ҷанг,

Агар ҳамнабарди ту бошад паланг.

Фирдавсӣ ба ҳеҷ рўй аз подшоҳон чеҳраи пуробуранг ва пайваста тасвир намекунад. Агар дар бораи чирамандон худкомагоне чун Заҳҳок сухане нагўем, дорандагони фарро борҳо ҳавасбозони зўргў ва афзунҷўе бармешуморад, ки танҳо ба сабаби бадхўӣ ва хунхорагии хеш мардумро сад-саду, ҳазор-ҳазор куштаанд. Ҳатто аз намунатарин ва баргузидатарини шоҳаншоҳон ҳам метавон бедодгарӣ ва корҳои нобихрадона сар занад.

Достони Анўшервон ва ройзани хирадвараш Меҳбуд, ки омоҷи рашки бадхоҳон гардид ва кушта шуд, дар ин бора намунаи дархўри нигариш аст. Ин достон бегумон аз он панду андарзномаҳои бешуморест, ки адабиёти феодалӣ саршор аз он аст ва ҳадафи гирдовардагони он боздоштани фармонраво аз куштани шитобомези душманони хаёлӣ будааст. Фирдавсӣ пештар ҳам чунин андарзеро аз забони Кайхусрави додгар овардааст:

Ки вақте маро мўбаде дод панд,

Ки чун душманат зинда ёбӣ, бубанд.

Макуш зуд ўро абар хир-хир,

Ки ҳар гаҳ, ки хоҳӣ, тавон кушт асир.

Чу кушта шавад, зинда кардан-ш боз

Касе кай тавонад ба умри дароз.

Бояд пиндошт, ки дар кулл дар андешаи Фирдавсӣ бисёре аз панду андарзҳои Кайхусрав метавонист барои фармонравоёни рўзгори шоир ҳам аз аҳаммият бархўрдор бошад. Ба осонӣ метавон дарёфт, ки ба рўзгори Султон Маҳмуд, ки сипоҳ ҳамвора дар кишвар дар рафтуо буда, бар мардуми вилоятҳое, ки лашкар аз он ҷо мегузашта, чӣ рафтааст. Ба ёд биёварем, ки дар рўзгори қочор, ҳангоме ки ҷор мезаданд, ки шоҳ дар андешаи рафтан ба яке аз вилоятҳои кишвар аст, ба «раёсати шоҳи дўст» туморе навишта мехостанд, ки шоҳ бар онон бубахшояд ва аз вилояти онон нагзарад, зеро онон тобу тавони чунин бехонумониро надоранд. Барои ҳамин ҳаст, ки Фирдавсӣ аз забони Кайхусрав ба Тўс, ки лашкар ба Турон мекашад, чунин мегўяд:

Кишоварз ё мардуми пешавар,

Касе к-ў ба размат набандад камар.

Набояд, ки бар вай равад боди сард,

Макўшед ҷуз бо касе ҳамнабард.

Гумон намеравад, ки Фирдавсӣ метавонистааст бо манораҳое, ки Темурланг аз сари одамиён месохта, созгорӣ дошта бошад. Боре падид омадани чунин андарзҳое дар манзума гувоҳи он аст, ки фармонравоёни садаи даҳуми тарсоӣ, он чунон ки орзу ва хости Фирдавсӣ буда, амал намекардаанд. Шиблии Нўъмонӣ дар бахшҳои китоби худ дар бораи «Шоҳнома» моро мутаваҷҷеҳи ин нукта месозад, ки Фирдавсӣ танҳо дар поёни манзумаи хеш дар бахши марбут ба подшоҳии Анўшервон аст, ки пурсумонҳои фарҳангиро меоварад.

Метавон гуфт, ки ҳамаи шоҳони пеш аз вай яксара бесавод буданд ва на танҳо худ паёмҳоро наменавиштанд, (росташ ин аст, ки шояд ба азамати онҳо ҳамхонӣ набуда), балки пас аз дарёфти нома ҳам «дабире кордон»  фаро мехонданд, то номаро барояшон бихонад, зеро аз хондан низ бебаҳра буданд. Ба пиндори шоир аз рўзгори фармонравоии Анўшервон аст, ки фарҳехтагӣ нақше пураҳмияттар меёбад. Чунончи дар ин бахш аз манзума дар бораи шоҳон чунин сухан меравад:

Ба ҳар барзан-андар дабистон будӣ,

Ҳамон ҷои оташпарастон будӣ.

МАТЛАБИ БЕШТАР АЗ БЕРТЕЛС:

Аммо по ба пои ин Фирдавсӣ низ ёдовар мешавад, ки дар он рўзгор фарҳехтагӣ баҳраи бузургон будаасту бас. Ҳангоме ки пешаварон аз Анўшервон мехоҳанд иҷоза диҳад фарзандони инон ҳам дониш биёмўзанд, ў бо хашм мегўяд:

Ҳунар ёбад ар марди мўзафурўш,
Супорад бад-ў чашми бинову гўш.

Ба дасти хирадманд марди нажод
Намонад ҷуз аз ҳасрату мушти бод.

Душвор аст бигўем, ки оё худи шоир ҳам бар ҳамин бовар будааст ё на. Ба ҳар ҳол метавон гуфт, ки дар манзума ба кишоварзон ва пешаварон ҳеҷ таваҷҷуҳе надоштааст ва агар ҳам сухане аз онон меояд ё аз рўи кибр аст ва ё бо ришханд ҳамроҳ аст. «Шоҳнома» бо номаш ҳамхон аст: дар он танҳо аз шоҳон ба тафсил сухан меравад. Равшан аст, ки дар манобее ҳам, ки Фирдавсӣ аз он баҳра гирифта, аз зиндагии мардуми сода сухан набудааст. Танҳо дар достони Маздак аст, ки то андозае ҳамдардӣ бо ранҷҳои тўдаи мардум дида мешавад ва низ ногуфта намонад, ки дар ин бора ҳам манобеи расмӣ мавзеи хасмона доштаанд. Дарунмояи «Шоҳнома» чунон ғанӣ ва аз ин нигоҳ беҳамтост, ки ҳатто воқeияти андаке аз он ҳам муяссар нест. Метавон гуфт, ки манзумаи Фирдавсӣ Доиратулмаорифе аст, ки ҷавониби гуногуни зиндагии тираҳои куҳани эрониро бозменамояд. Бо баҳрагирӣ аз сохтмояи дарунии «Шоҳнома» метавон вижаномаҳои бешумор ва гуногуне ҳамчун «Кори ҷанг аз рўи «Шоҳнома», «Ҷангафзор, шикор ва базм», «Нағма ва наво», «Омўзиш ва парвариш» ва ҷуз инҳо нигошт. Аммо пайдост ки корҳое аз ин даст ҳушёрӣ ва нуктасанҷии бисёреро талаб мекунад, зеро медонем, ки Фирдавсӣ паҳлавонони худро дар чӣ гузаштае меоварад.

Ин, ки кадом як аз овардаҳои ў ба рўзгорони куҳанбостон марбут мешавад ва кадоминро шоир аз даврони хеш ба куҳанрўзгорон мебарад дар «Шоҳнома» дида мешавад. Лекин ба ҳар ҳол, метавон гуфт, ки дар ҳар барги ин чакомаи воло ва нағз додаҳое гуногун ва дархўри нигариш дар бораи масоили мутаннавеи фарҳанг ва зиндагии мардумӣ метавон ёфт, ки дар рўзгороне дур ва дар Осиёи Миёна ва Эрон мезистаанд. Намунаро бахубӣ медонем, ки одамизод дар даврони оғозини рушд чӣ аҳамияти бузурге ба ном медода ва бар ин пиндор будааст, ки агар дигаре бар ин ном огоҳӣ ёбад, бар дорандаи ном мусаллат хоҳад шуд. Инро низ медонем, ки фармонравоён дар Осиёи Миёна ва Эрон дар давраҳои гуногун дорои ду ном будаанд, яке расмӣ ва дигаре хонагӣ. Фирдавсӣ сабаби ин одатро равшан месозад. Ў номгузории навзодро чунин меоварад:

Ба гўшаш яке ном гуфтӣ падар,
Ниҳонӣ дигар, ошкоро дигар.

Аз чунин байтҳое бармеояд, ки ҳадаф аз ин расм дифоъ аз кўдак дар баробари куниши душманонаи ҷоду буда, ки бе донистани ном таъсире намедоштааст. Фирдавсӣ мегўяд, ки ин расм ба рўзгори Сосониён низ будааст. Чунонки ҳангоме ки Хусрав (Парвиз) мешунавад, ки писараш барои дигарон Шируя ном доштааст ва ба номи Қубод бар тахти шоҳӣ менишинад, меҳаросад ва мегўяд:

Ки ин бадкуниш чун зи модар бизод,

Ниҳонӣ варо ном кардам Қубод.

Ба овоз Ширўя гуфтам ҳаме,

Дигар ном-ш андар нуҳуфтам ҳаме.

Шояд ҳам ин суннат то рўзгори фармонравоии Салҷуқиён низ поида бошад, зеро медонем инон ҳамагӣ гузашта аз номҳои пуробутобе, ки бино бар маъмул аз афсонаҳои куҳани эронӣ ва бо решаи эронӣ гирифта мешавад, дорои номҳои куҳани туркӣ ҳам будаанд, ки менамояд, танҳо дар доираи танги хонавода ба кор мерафтааст.

(ПОЁН)

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин

Маркази “Тоҷикшиносӣ”.