Академик Евгений Бертелс:  Сухане ҳам чанд дар бораи шакли «Шоҳнома»

ШоҳномаКулли «Шоҳнома» ба баҳре суруда шудааст, ки дар чакомасароии фазлфурўшона онро мутақориб гўянд. Шакли ин баҳр чунин аст: ҳар сатр дорои чаҳор банд ва ҳар банд дорои се ҳиҷост, яке кўтоҳ ва дуи дигар дароз. Вопасин банд дар ҳар сатр (мисраъ) як ҳиҷо камтар дорад. Пас байти баҳри мутақорибро метавон чунин намудор сохт:

Ховаршиносии гузашта, ҳам русӣ ва ҳам аврупои бохтарӣ чунин бармешумурд, ки ин баҳр низ ҳамчун ҳамаи баҳрҳои шеъри порсӣ-тоҷикӣ аз арабҳо гирифта шудааст. Аммо К. Г. Залеман бар ин бовар буд, ки баҳри мутақориб ва бархе баҳрҳои дигар «мурдареги (мерос) Эрони бостон ҳастанд, ки пас аз гузар аз чорчўби баҳрҳои шеъри араб, мактаб дида ва назм ёфта ва ба дарбор роҳ ёфтааст».

Таҳқиқоти бисёре аз арабшиносон ҳам, ки мегўянд дар шеъри оғозини араб баҳри мутақориб бисёру бисёр андак дида шудааст, ин пиндорро устувортар мекунад. Бархе аз эроншиносони шуравӣ бо пайравӣ аз ин ду дидгоҳ ва бе он ки ба гунае дар паи исботи он бароянд, бар ин андеша, ки ба ҳеч рўй намешавад онро пазируфт, по мефишоранд, ки баҳри «Шоҳнома» «бегумон баҳрест миллӣ» ва решаҳои онро бояд дар Эрон ҷустуҷў кард. Ба пиндори мо ҷустуҷўи решаҳои баҳри «Шоҳнома» дар Эрон корест беҳуда, зеро решаҳои онро дар ҳамон ҷое бояд ҷуст, ки афсонаҳои «Шоҳнома» аз ҳамон ҷо бархостаанд. Яъне дар Осиёи Миёна, ки тираҳои куҳани ховари Эрон дар он ҷо зистанд. Акнун дигар бахубӣ медонем, ки ин тираҳо рўзгоре пеш аз падид омадани ислом шеър доштаанд. Аммо ҳамаи намунаҳои ин шеър, ки ба дасти мо расида, дорои вазнҳои ҳиҷоӣ будааст. Пайдост, ҳангоме ки ин чакомаҳоро ҳамроҳ бо нағма мехондаанд, онҳо метавонистанд навоҳои гуногуне дошта бошанд, аммо аз шакли онҳо огоҳие дар даст нест. Бо ин ҳама ба назар мерасад, ки бояд аз миёни ҳамаи пиндорҳо дар бораи пайдоиши баҳри мутақориб ҳамон андешаи Залеменро бипазирем, ки мегўяд чакомаҳои ҳамосии эрониён пеш аз ислом вазни ҳиҷоӣ дошта, ки ба гумон дар ҳар мисрааш даҳ ҳиҷо будааст. Ҳангоме ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон порсии дарӣ пой гирифт, бунёнгузорони он дар паи гунаи созишдиҳӣ миёни авзони шеърии худ ва баҳрҳои араб баромаданд ва пас аз бовар ба ин, ки баҳри камистеъмоли мутақориб дар шеъри араб чандон таваҷҷуҳе ба он нест, беш аз ҳама бо вазни суннатии ҳамосии онон ҳамхонӣ дорад, онро барои шеъри худ ҳамсоз карданд.

Набояд аз ёд бибарем, ки баҳри мутақориб барои порсии дарӣ ноҳинҷориҳое ҳам дошт ва ин гўёи он аст, ки ин баҳр бо сохтмояи забонии дигар падид омада будааст. Касоне, ки «Шоҳнома»-ро ба забони порсӣ мехондаанд, медонанд, ки Фирдавсӣ борҳо ба ночор овоҳои дарозро кўтоҳ ва овоҳоеро, ки дар ниҳод кўтоҳ будаанд, дароз ва кашида кардааст. Низ медонем, ки Фирдавсӣ, шумораи «дувоздаҳ»-ро ҳамвора ба шакли ғайриодӣ «даҳ ва ду» меоварад ва сабабаш ҳам ин аст, ки шакли «дувоздаҳ», ки дар он ҳангом ба кор мерафта, дар баҳри мутақориб намегунҷидааст. Ҳамаи инҳо чунин пурсишеро пеш меоварад, ки оё муяссар аст, ки барои сурудани чакома ба забоне, баҳру вазне падид ояд, ки барои ин забон муносиб нест?

Пайковӣ ва бозҷусти решаи баҳрҳои шеърии мардумони эронӣ, танҳо метавонад бар сохтмояҳои ба даст омада аз баррасии мўшикофонаи адои ово ва ба вижа хондани тарона ва чакома ба забонҳои гуногуни эронӣ устувор бошад. Танҳо аз бозковии таърихӣ аст, ки ба даст омадани паёмадҳое мусбат муяссар мешавад.

Акнун ба забони «Шоҳнома» менигарем. Пайдост пеш аз ҳама бояд ёдовар шавем, ки ҳар гуна доварӣ дар бораи забони манзума метавонад доварии машрут бошад, зеро то дастёбӣ ба матни аслии «Шоҳнома» ҳанўз роҳи бисёр дар пеш аст. Забони «Шоҳнома» бад-он гуна ки имрўз онро мо мебинем, нобтарин намунаи порсии дарӣ аст ва ҳамин аст, ки онро ба гунаи яксон барои хонандаи тоҷик ва эронӣ, мафҳум (ва то андозаи муайяне ҳам номафҳум) мекунад. Ҳангоме ки О. Вамбери, ховаршиноси номии Моҷаристон, забони тоҷикии Осиёи Миёнаро ёдовари сабки Фирдавсӣ медонад, пайдост, ки сахт муболиға намудааст. Аммо чунин гуфтаҳо бахше бузург аз ҳақиқатро ҳам дар бар доранд. Забони форсии садаи нуздаҳуми тарсоӣ чунон бо вожаҳои тозӣ омехта шуда буд, ки барои тўдаҳои густурда луғати тозӣ аз вожаи забони модарӣ, ки дигар ба кор намерафт, бисёр одитар шуда буд. Аммо забони тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз вожагони арабӣ чунин анбошта набудааст, забони инон бисёре аз падидаҳои сарфиро, ки дигар дар забони форсӣ корбурд надоранд, нигоҳ доштааст. Аз ин рў, барои як эронӣ забони тоҷикон мансухтар ва дар натиҷа наздиктар ба порсии дарӣ аст. Равшан аст, ки муносиботи наздик миёни халқи тоҷик ва узбак, сабаби даромадани шуморе бузург аз луғатҳои узбакӣ (забоне, ки пеш аз инқилоби октябр дар русия туркии чиғатоӣ ном дошт) шудааст ва инак ин луғатҳои узбакӣ дар забони тоҷикон чунон реша давонидаанд, ки дигар намешавад онҳоро чун «вожаҳои бегона» арзёбӣ кард. Аммо метавон гуфт, ки ганҷинаи вожагони бунёдӣ дар забони форсӣ ва забони тоҷикон яксон аст. Дар ин миён бояд ёдовар шавем, ки нахустинаҳои вожагони куҳан дар забони тоҷикон бештар аз забони форсӣ аст. Нахустинаҳои сохти дастурӣ ҳам дар ин ҷо бештар мондааст. Чунонки ҳангоме ки як нафар тоҷик аз Конибодом мегўяд китобанда, шаҳранда, ба дурустӣ бо сабки Фирдавсӣ, ки ҳарфи изофии «андар»-ро на дар пешвожаи намоёнгар, ҷо ва макон, балки пас аз он меоварад, ҳамхон аст.

МАТЛАБИ БЕШТАР АЗ БЕРТЕЛС:

Забони Фирдавсӣ ҳам аз назари вожагонӣ ва ҳам аз назари наҳвӣ бисёр сода ва равон аст, аммо ҳамин содагӣ ба чунон иҷозе меанҷомад, ки ағлаб дарёфти онро душвор мекунад. Чунончи ҷаҳон хостӣ ёфтӣ, хун марез, ки бо алифбои арабӣ бе нишонаҳои даруни ҷумла навишта шуда, ҳеч гоҳ бе диранги хонанда равшан намешавад ва барои дарёфтани ин, ки «мехостӣ ҷаҳонро бигирӣ, онро гирифтӣ (яъне ба ҳадафи худ расидӣ), беш аз ин хун марез… » бояд бисёр тааммул кард ва андешид. Аммо бояд пазируфт, ки ба гумон ҳамин кўтоҳнависӣ ва эҷоз, реша дар матни ростини Фирдавсӣ дорад ва дар бисёре аз маворид бар лутф ва зебоии манзума меафзояд.

Ашъоре, ки шеъри порсии пешин анбошта аз он аст, дар асари Фирдавсӣ бисёр андак ба кор меравад. Ташбеҳ чунон оддӣ аст ва чунон дар шеър ҷо афтода, ки метавон гуфт, дигар чун ташбеҳ арзёбӣ намешавад. Дар шеъри Фирдавсӣ ҳамвора «мушк» зулфи сиёҳ, «кофур» «сапед», «сарв» зеборўи баландболо ва «моҳ» чеҳраи зеборо мерасонад ва ҷуз инҳо. Фирдавсӣ бар он нест, ки нодира ва беҳамто гардад ва менамояд, ки хунсардона аз чеҳраҳое, ки дар чакомасароӣ ёфта шудааст, баҳра гирифта бошад.

Ҳирозгоҳи баҳрагирӣ аз allteration дида мешавад, ки гоҳ-гоҳ бисёр устодона аст (ҳарчанд, ҳанўз душвор аст бигўем, ки бархе аз ин байтҳо аз худи Фирдавсӣ бошад). Чунонки шоир ба ҳангоми нигориши разми Рустам бо Ашкобўс мегўяд:

Хаданге, ки пайкон-ш буд бедбарг,
Фурў дўхт бар тораки тарктарг.

Дар ин ҷо се бор бозовардани ҳуруфи бесадои т,р,к, (ва г) ҳамроҳ бо чунин дарунмояи байт яксара метавонад бо allteration-ҳои пуровозаи Ҳомер муқоиса шавад. Аммо бояд бипазирем, ки ин байт аз назари сабк бештар ёдовари шеърҳои Низомӣ аст, то чакомаҳои содаи Фирдавсӣ. Ногуфта пайдост, ки паҳнаҳои густурдаи «Шоҳнома» бар чакомасаро муяссар насохт, ки ҳамвора ҳамаи бахшҳои онро бо мўшикофии яксоне биёрояд. Аммо ба ҳеч рўй аз ин гуфта чунин барнамеояд, ки чакомаҳои Фирдавсӣ аз ҳар гуна шевоӣ ва кашиши ҳунарӣ дур аст. Бархе аз пардаҳои «Шоҳнома» бо дурахшандагӣ ва жарфои хеш чашмҳоро хира ва одамиро шигифтзада мекунад ва дар ин миён шоир ҳатто тавонистааст рухдодҳои ғайриоддиро ҷон бубахшад.

Басанда аст саҳнаеро ба ёд биёварем, ки рўзгоре яке аз мутарҷимони манзумаро шефтаву волаи хеш карда буд ва он ҳамоно саҳнае аст, ки дар он саворе сари буридаи Турро ба назди Фаридун меоварад. Худ пайдост, ки ҳарчанд Тур падарро сахт ғамгин карда ва даст ба табаҳкорӣ олуда буд, аммо бо ин ҳама писари Фаридун буд, пас падар дубора дар ғами фарзанд месўзад. Шоир чӣ зебо ва бо чӣ дурахшандагӣ ба шарҳи ҳодиса мепардозад:

Фиристода шуд бо рухе пур зи шарм,

Ду чашм аз Фаридун пур аз оби гарм.

Ки чун бурд хоҳад сари шоҳи Чин,

Бурида бари шоҳи Эронзамин,

Ки фарзанд ҳарчанд печад зи дин,

Бисўзад ба маргаш падар ҳамчунин.

Гунаҳ бас гарон буд, пўзиш набурд

Ва дигар, ки кинхоҳ нав буду гурд.

Чунин саҳнаҳое дар «Шоҳнома» андак нест. Агар ба ростӣ хондани бисёре аз баргҳои манзума, ки ба вижа порае марбут ба шоҳони Сосонӣ, ки ҷуз суханони дароз ва малолатоваршон ба ҳангоми нишастан бар тахт чизе дар онҳо дида намешавад ва таъсири ҳунарӣ намебахшад, боз ҳам баргҳое нағз ва ҳунармандона дар «Шоҳнома» чунон бисёр аст, ки замоне дароз чашму гўш ва ҳуши хонандаро ба худ медўзад.

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.