Академик Имомзода: “Ҳамнавои дили халқ”.

Эмомалӣ РаҳмонДар ин маҷмуа мақолаҳои публитсистии дар солҳои охир эҷоднамудаи академик Муҳаммадюсуф Имомзода Сайдалӣ гирд ҷамъ омадаанд, ки ба кору фаъолияти таърихиву ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд.

Интихобан аз ин маҷмуа чанд мақоларо манзури шумо мекунем.

СУЛҲ – СИПАРИ ИСТИҚЛОЛ

Андешае роиҷ аст, ки истиқлол насбатан осон ба даст омад, аммо ин истиқлоли навруста зуд дар доману вартаи нобудӣ қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон кафили ҳифзи ин истиқлол гардид. Ҷанги шаҳрвандиро алорағми истиқлоли мо созмон дода буданд ва аксар роҳбарони ҷумҳуриамон дар он солҳо натавонистанд, ки ҷангро пешгирӣ намоянду барҳам зананд. Аз зимоми роҳбариро ба даст гирифтан ҳарос доштанд ва ба ин гуфтаҳо саҳифаҳои таърих гувоҳанд. Барои ин рисолат худфидое лозим буд, ки ҷасорат медошт ва ин фард Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки дар печидатарин ва муракккабтарин лаҳзаҳо масъулияти наҷоти ватанро ба дўш гирифт.

Ҷойи пўшидае  нест, ки он солҳо тоҷики мазлум нони хўрдан надошт ва дар он рўзҳо Эмомалӣ Раҳмон бо хазинаи тиҳии давлат роҳи бунёди ватан ва истиқлолро пеш гирифт. Дар чунин лаҳзаҳои душвор дар назди ў вазифаҳои пурмасъул меистод: ҳифзи истиқлолу якпорчагии кишвар, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, амнияти озуқаворӣ, гузариш аз як инзоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми нави дигар. Барои як сиёсатмадори ҷавон ин рисолатҳо вазнину душвор буданд, аммо сарбаландона аз уҳдаи ин ҳама баромад. Маҳз, аз ин лиҳоз Эмомалӣ Раҳмон муаллифу асосгузори сулҳи тоҷикон аст ва қадами аввалро дар роҳи сулҳ ў гузоштааст. Алифбои сулҳро оғоз бахшидаву онро ба достон табдил доданд. Сулҳи овардаашон сипари истиқлоли ҷавони мо гардид, мавҷудияти давлатро нигоҳ дошт ва ҳадафу нақшаи тақсими Тоҷикистонро барҳам зад. Ҳудуди қариб як миллион гурезаро ба маконҳои засташон баргардонид. Мулки харобгаштаи ватанро обод кард. Имрўз ҳамчун як дастоварди бузург арзиши умумиинсонӣ ва ҷаҳонии ин сулҳ эътироф ва механизми татбиқи он аз ҷониби аксар кишварҳо омўхта мешавад.

ПРЕЗИДЕНТ ВА САЛТАНАТИ ҚОНУН

Барояш маълум буд, ки танҳо қонуният ва  эҳтироми он суботи ҷомеа аст. Бо назардошти ин омил дар таърихи давлатдории ҷадид Конститутсияи нави мамлакат 6 ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Инак, беш аз се даҳсола аст, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриро таъмин намуда, аз роҳи эътирофи Президенти ҷумҳурӣ ба сифати Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат таъсиси ҷумҳурии навъи президентиро муайян гардонид. Бо таваҷҷуҳ ба манфиати шаҳрвандони кишвар ва мутобиқат ба талаботҳои байналмилалӣ бо роҳи раъйпурсӣ Конститутсия такмил ёфтааст. Тоҷикистонро акнун на силоҳи гурўҳҳои алоҳида, балки қонун идора мекард ва менамояд. То имрўз низоми сиёсии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия бо риояи арзишҳои умумибашарӣ барои рушди ояндаи кишвар амиқан мусоидат намудааст ва ин ҷараён давомдор хоҳад буд.

Бо азми устувор ва бартараф кардани тамоми монеаҳои душвор дар гўшаву канори кишвар ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор намуд. Артиши миллӣ таъсис ёфт, ҳифзу дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом даромад, фаъолияти милиса, амнияти миллӣ ва дигар  сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таҳким ёфт ва амнияту осоиштагии мардум пурра таъмин гардид. Силоҳ аз дасти гурўҳҳои ҷинояткор мусодира карда шуд ва дар назди аҳли башар сулҳи комили тоҷикон роҳандозӣ гардид. Мақомоти прокуратура таҳким ёфта, мақому мавқеи махсуси худро дар суботу ҷамъият пайдо кард. Ҳокимияти судӣ ислоҳоти ҷиддӣ дида, фаъолияти он дар асоси талаботи замон ва меъёрҳои байналмилалӣ танзим гардид. Ҳуқуқи озодиҳои инсон таъмин ва дар назди қонун ҳама мақоми баробар пайдо кард. Дар маҷмўъ, Тоҷикистон дар ҳукми салтанати қонун қарор гирифт.

Манбаъ: “Ҳамнавои дили халқ”, Душанбе, « Эр-граф» 2022

Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ