Академик Имомзода: “Ҳамнавои дили халқ”.
Дар ин маҷмуа мақолаҳои публитсистии дар солҳои охир эҷоднамудаи академик Муҳаммадюсуф Имомзода Сайдалӣ гирд ҷамъ омадаанд, ки ба кору фаъолияти таърихиву ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд.
Интихобан аз ин маҷмуа чанд мақоларо манзури шумо мекунем.
РИСОЛАТИ ПЕШВО
Роҳнамоиву пешвоӣ дар пояи ду ҳикмат ба вуҷуд меояд. Аввалан, таҷрибаҳои таърихӣ собит кардаанд, ки афроди худбину ҳарису ташнаи салтанат дер напоидаанд ва султонии иҷбории онҳо сабаби парокандагии мулку сарзаминҳо гаштаанд. Аммо онҳое, ки танҳо ба ваҷҳи хидмату садоқат ба халқ пешвову роҳнамо мегарданд, то деру давомдору натиҷабахш муҷиби саодату шукуфоии халқу ватан мешаванд, ки Пешвои миллати мо –Эмомалӣ Раҳмон аз онҳост. Халқе ки дар вуҷуди худ тарс, ҳарос, изтироб, нооромиро эҳсос намекунад, маънои онро дорад, ки соҳиби Пешвову роҳнамои содиқи хеш мебошад. Зеро эҳсосу изтироби халқро бо ҷуръату ҷасорат ва масъулияти комил ба хотири пояндагии ватан як нафар ба дўш мегирад, ки ўро Пешво мегўянд. Ин халқ эътимод дорад, ки мулки ў бесоҳиб нест. Бо ин ҳама эътимоди сазовору амиқ халқ Эмомалӣ Раҳмонро Президенти худ интихоб кардааст. Садоқатмандии комили ин абармард ва андешаву нақшаҳои хайраш дар роҳи шукуфоиву пешрафти Тоҷикистон маҳбубияти ўро ҳар лаҳза меафзояд. Ў кафили сулҳу суботи кишвару диёри азизи мост. Тартибу мантиқи мафҳуми Пешво уфуқҳои фарогир дорад ва яке аз онҳо он аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро халқ ва амалҳои беназираш Пешвои миллат гардонидааст.
Пешвои миллатамон дар саргаҳи шоҳроҳи саодати халқ қарор дорад ва ба ваҷҳи қуллаҳои бахту саодати халқаш шебу фарозҳои ин шоҳроҳро суфтаву ҳамвор мегардонанд. Ў рисолати дар роҳи наҷот ба ҳаракат андохтани миллати мазлумро дар як давраи пурпечутобу мураккаби таърихӣ ба дўш гирифт. Аксар мушкилот дар гузашта боқӣ монду рўзҳои сиёҳи миллат сипарӣ гардиданд. Ҷанг анҷом ёфт ва ҳаёти осоишта оғоз гардид. Ҷабҳаи бузурги созандагиву бунёдкорӣ идома дорад ва дар ин роҳ маҳбубияти Пешвои миллат илҳомбахши комёбиҳои мардуми тоҷик аст.
Манбаъ: “Ҳамнавои дили халқ”, Душанбе, « Эр-граф» 202
Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ