Академик Имомзода: “Ҳамнавои дили халқ”.

Эмомалӣ РаҳмонДар ин маҷмуа мақолаҳои публитсистии дар солҳои охир эҷоднамудаи академик Муҳаммадюсуф Имомзода Сайдалӣ гирд ҷамъ омадаанд, ки ба кору фаъолияти таърихиву ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд.

Интихобан аз ин маҷмуа чанд мақоларо манзури шумо мекунем.

Ў БО ХАЛҚУ ХАЛҚ БО Ӯ БУД

Халқҳо фарзандони шоиставу қаҳрамони худро дар ҳама давраҳои таърихӣ арҷгузорӣ мекунанд ва халқҳо низ ҳамеша ниёз ба роҳнамо доранд. Зеро, халқ ҳаст, ки роҳнамо ҳаст ва роҳнамо ҳаст, ки халқ ҳаст. Халқи тоҷик баъд аз ҳазор сол нав эҳё гашт ва роҳнамои худро ҷўё гардиду онро дарёфт. Оғози истиқлоли мо давраи бузурги таърихӣ буд, ки ба фарзанди бузурги таърихӣ ниёз дошт. Халқу миллати бозаковат фарзандони қаҳрамони худро ҳамеша дар имтиҳон қарор медиҳад, ки он бештар имтиҳони тақдир аст. Эмомалӣ Раҳмон он фарзанди сарсупурдаву содиқест, ки аз имтиҳонҳои тақдир дар назди халқи худ бо сарбаландӣ гузаштааст.

Халқи тоҷик бо заковати шоиста бо роҳнамоии фарзанди худ қаҳрамони аслии ҷабҳаҳост ва танҳо халқи бозаковат барои худ пешвову роҳнамо интихоб карда метавонад, ки инро дар масири истиқлоли мо таърих собит сохт. Ҳамзамон, таърих собит намудааст, ки дар таҷрибаҳои давлатдорӣ бадбахт он халқест, ки фарзанди қаҳрамону тақдирсоз ва роҳнамо надорад, ё онро ёфта наметавонад.

Халқ бо ўст ва ў бо халқ аст. Бузургтарин дастоварди халқи тоҷик ҳамин аст, ки эътимоду боварӣ аз ду ҷониб (роҳнамо ва халқ) сарчашма мегирад. Эмомалӣ Раҳмон чашми халқ аст ва халқ чашми ўст. Маҳз ин ҳақиқат халқияти ин абармардро боло бурдааст. Ҳақиқату воқеият он аст, ки миллат ба ў бовар дорад ва бо ин бовар дар ҳар қадам ба халқи маҳбубаш такя менамояд. Мафтуни ягон ҳамду сано нест ва пайваста мегўянд, ки қаҳрамон халқ асту халқро васф намоед ва халқ бошад ўро чун қаҳрамони худ мешиносаду дар васфаш талош дорад. Ин ҳамбастагӣ муҷиби пешрафту шукуфоии диёри азизамон мебошад. Ҳамеша бо халқ буд ва ҳеҷ гоҳ муқобили иродаи халқ ҳаракат накардааст. Чунин шеваи фаъолият дар сиёсат танҳо ба онҳое даст медиҳад, ки агар манфиати халқро муқаддам аз манфиати хеш гузоранд. Пешвои миллат ҳамнаво бо оҳанги дили халқи худ мебошанд ва нисбат ба ҳар як ҷузъиёт бетафовут нестанд.

Дар миёни халқ аст, дасти хурду бузургро мефишурад, аз аҳволашон мепурсад, ҳар лаҳза бо халқ будан ва ҳама чизро бидуни масофа дидан мехоҳанд. Сари ятимону маъюбонро сила менамояд, барои зиндагии орому пурмазмунашон талош мекунад ва аз ҳама беш бо онҳо самимонаву падарона суҳбат меорояд. Ба таманнои дили модарон гўш медиҳад, дуои пирони корро мегирад, бо аҳли фазлу фарҳанг машварату суҳбат меорояд. Таърихи парокандаи тоҷик баъди Исмоили Сомонӣ фарзандони кам надошту хидматҳоеро ҳам анҷом додаанд, ки онҳоро инкор наметавон кард. Аммо онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо дасти кўтаҳ доштанд ва наметавонистанд, ки дар роҳи истиқлолу ҳифзи истиқлолҳо комёб бошанд. Онҳо бо ҳасрат танҳо порашавии мулки аҷдодияшонро медиданду нотавону ночор буданд. Кўҳ ба кўҳ, тангно ба тангно, мағок ба мағок арзишҳои миллӣ, санади ҳастии тоҷикро дар сина пинҳон медоштанд. Орзуву омоли онҳоро Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонид. Таърихи тираву тори халқи худро бо фурўрезии ғуборҳо аз рўи он равшан намуд, ҳақиқати ҳастии ин миллати қадимро собит кард ва тавонист, ки ин дафъа марзу буми порашавандаи халқи худро ҳифз намояд.

Манбаъ: “Ҳамнавои дили халқ”, Душанбе, « Эр-граф» 202

Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ