Академик Камаров – поягузори Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1932)
Камаров Владимир Леонтевич 13 октябри соли 1869 дар Санкт- Петербург ба дунё омадааст. Ботаник ва ҷуғрофиёдони рус, Академики АИ ИҶШС (1920; узви вобаста 1914), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943). Хатмкардаи Донишгоҳи Санкт–Петербург (1894). Аз соли 1898 дар ҳамон ҷо дарс додааст (аз 1918 профессор).
Ҳамзамон (аз 1899) мудири бахши рустаниҳои олиташаккули Боғи ботаникӣ (баъдтар боғи асосии ботаникӣ, аз 1931 – Институти ботаникаи АИ ИҶШС)-и Санкт-Петербург. Ноиби президент (1930-36) ва президенти АИ ИҶШС (1936-45), президенти Ҷамъияти умумиттифоқии ботаникҳо (аз 1930), президенти фахрии Ҷамъияти ҷуғрофиёдонҳои ИҶШС (аз 1940). Таҳқиқоти асосии Комаров ба назарияи таснифот, ҷуғрофияи рустаниҳо, омӯзиши рустаниҳои олиташаккул, хосса рустаниҳои Шарқи Дур, Хитой ва Муғулистон бахшида шудааст.
Комаров ба Осиёи Марказӣ (1892-93), Шарқи Дур, Манҷурия ва Корея (1895-97), Саяни Шарқӣ (1902), Камчатка (1908-09) экспедитсияҳо ташкил карда, ҳербарияи бисёр ҷамъ овард. Дар монографияи “Флораи Маҷурия” (русӣ, Ҷ-ҳои 1-5,1901-07) оид ба 1700 намуди рустанӣ аз ҷумла, 84 намуди рустаниҳои барои илм номаълум маълумот гирд овардааст.
Бо навиштани асари дигари машҳури худ – “Таълимот дар бораи намуди рустаниҳо” (русӣ, 1940) Комаров ба гирифтани Мукофоти давлатии дараҷаи 1 ноил гардид (1941). Таҳти роҳбарии ӯ соли 1934 нашри “Флораи СССР” (30 ҷилд) ба роҳ монда шуд (соли 1964 ба охир расид). Соли 1942 Комаров барои ширкат дар кори дастаҷамъонаи АФ ИҶШС “Дар бораи тараққиёти хоҷагии халқи Урал дар шароити ҷанг” бори дуввум ба гирифтани Мукофоти давлатии дараҷаи 1 мушарраф гардид.
Саҳми Комаров дар омӯзиши олами набототи Тоҷикистон арзанда аст. Ӯ дар овони донишҷӯӣ ду бор (1892, 1893) ба водии Зарафшон омада, набототи он ҷойро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Соли 1932 бо роҳбарии Комаров ба Тоҷикистон комиссияи АИ ИҶШС омад. Худи ҳамон сол бо ташаббуси ӯ дар ҷумҳурӣ Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (соли 1941 ба филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС табдил ёфт) ташкил карда шуд.
Комаров флораи Тоҷикистонро хуб медонист ва ҳамеша бо набототшиносони тоҷик кумак мекард. Бо пешниҳод ва дастгирии Комаров солҳои 30-юм дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор (дар Кондара) Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб таъсис ёфт. Соли 1937 зери таҳрири Комаров ҷилди 5-уми “Флораи Тоҷикистон ” (русӣ) чоп шуд .
Институти ботаникаи АИ Руссия (Санкт-Петербург) ва бисёр филиалу стансияҳои ботаникӣ номи Комаровро доранд. АИ Федератсияи Руссия мукофоти ба номи Комаровро таъсис додааст, ки дар ҳар 3 сол як бор супурда мешавад.
Комаров узви фахрии бисёр академияҳо (Арманистон, Гурҷистон, Булғория), Депутати Совети Олии ИҶШС (даъвати 1) буд. Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1941, 1942) бо 3 ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Ў 5 декабри соли 1945 дар Маскав аз дунё даргузашт.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 374.
Таҳияи Хайринисо Шарипова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ